17 декабри соли 2024 ҳайати Намояндагии Агентии Ҷопон оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ (JICA)-ро Муовини якуми Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Турсунзода Азим Ҳайдар, ба ҳузур пазируфта, онҳоро хайрамақдам намуд ва аз рафти ҳамкориҳои мутақобилан судманди ҷонибҳо изҳори қаноатмандӣ кард. Ҳайати мазкурро Минако Ямамото роҳбарӣ намуд.
Дар рафти вохӯрӣ масъалаи “Лоиҳаи беҳтаргардонии таҷҳизоти сканеркунии борҳои нуқтаи назорати гумрукӣ дар ноҳияи Спитамен Раёсати минтақавии гумрукӣ дар вилояти Суғд дар масири Хатсайри байналмилалии транскаспий” баррасӣ гардида, зимни мулоқот ба корҳои тадқиқотӣ аз ҷониби мутахассисони ҷопонӣ диққати аввалиндараҷа зоҳир гардид.
Хонум Минако Ямамото, аз ҳамкориҳои мутақобилан судманди тарафҳо изҳори розигӣ ва миннатдорӣ намуда, иброз дошт, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз кишварҳои ҳамҷавори Намояндагии Агентии Ҷопон оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ (JICA) ба шумор меравад ва бояд ба густариши ҳамкориҳо дар сатҳи зарурӣ роҳандозӣ гардад.
Гурӯҳи корӣ аз ҷониби JICA бо мақсади гузаронидани тадқиқоти муфассал ва таҳияи консепсияи лоиҳа, масъалаҳои вобаста ба такмил ва рушди иншооти сканкунии гумрукиро мавриди муҳокима қарор доданд.
Қайд кардан ба маврид аст, ки Намояндагии Агентии Ҷопон оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ (JICA) бо кормандони масъули Раёсати ташкили назорати гумрукӣ ва Раёсати назорати баъдибарасмиятдарории гумрукӣ ва аудит вохӯрии корӣ анҷом дода, вобаста ба масъалаҳои дахлдори соҳа посухи мушаххас гирифтанд.
Ҳамзамон, қайд гардид, ки мақомоти гумрук ҳамеша омодааст бо Намояндагии Агентии Ҷопон оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ (JICA) ҳамкориҳои мутақобилаи гумрукиро дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монад.
Дар фарҷоми мулоқот, ҷонибҳо Протоколи ҷаласа оид ба гузаронидани тадқиқоти омодасозӣ барои лоиҳаи такмили таҷҳизот барои скан кардани борҳо дар гумруки Спитамен дар Хатсайри байналмилалии нақлиётии Транскаспийро ба имзо расонида, самтҳои афзалиятноки ҳамкориҳои мутақобилаи судмандро вобаста ба самти фаъолияти гумрукӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳим шуморида, ҷиҳати бозҳам тақвият бахшидани ҳамкориҳои баъдӣ ибрози омодагии хешро зоҳир намуданд.
Маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон