5 декабри соли 2024 дар маҷлисгоҳи дастгоҳи марказии Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳошияи “Соли маърифати ҳуқуқӣ,” ҷамъомад дар мавзуи “Рӯзи ҳуқуқи инсон ва муаррифии дастовардҳои кишвар дар соҳаи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд” бо иштироки Муовини сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал - майори хадамоти гумрук, Ҳурматзода Иззатулло Зариф, Ёрдамчии ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ Довудов Маҳмадулло, досенти Кафедраи ҳуқуқи инсон ва ҳуқуқшиносии муқоисавии факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ Искандаров Шараф ва ҳайати шахсии мақомоти гумрук баргузор карда шуд.
Ҷаласаро Ҳурматзода Иззатулло оғоз намуда, зикр намуданд, ки муаррифии дастовардҳои кишвар дар соҳаи ҳуқуқу озодиҳои инсон бахшида ба Рӯзи ҳуқуқи инсон, ки дар арсаи байналмилалӣ ҳамасола санаи 10 декабр ҷашн гирифта мешавад, Ҷумҳурии Тоҷикистон ба як қатор пешравиҳо мувафақ шудааст. Ин буд, ки аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2024 "Соли маърифати ҳуқуқӣ" эълон гардидааст ва дар саросари Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсои ва шаҳрванд чорабиниҳои гуиогуни илмию амалӣ гузаронида шуда, дар низоми ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз давраӣ ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ корҳои назаррас анҷом дода шудаанд, ки ин ҳолатҳо аз ҷониби як зумра мутахассисони дохилию хориҷӣ баҳои баланд дода шудааст.
Чӣ тавре ки Асосгузори сулху вахдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста таъкид менамоянд: “Мо дар як замони начандон тулонӣ тавонистем, ки аз тариқи Конститутсия ва дигар санадҳои қонунгузорӣ меъёрҳои бунёдии фаъолияти давлатӣ демократӣ - асосҳои сохти давлатдории демократӣ, моҳияти дунявӣ ва иҷтимоии он, муқаддас будани ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, гуногунандешии сиёсӣ, таъсиси парламента касбӣ, кафолати адолати судӣ ва баробар будани ҳамаро дар назди қонун, инчунин озодии виҷдонро эълон ва таъмин намоем”.
Инчунин, дар ҷамъомади тантанавӣ аз ҷониби иштирокчиён доир ба “Рӯзи ҳуқуқи инсон” ва муаррифии дастовардҳои кишвар дар соҳаи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд маърузаҳо пешниҳод гардиданд.
Иброз гардид, ки мардуми Тоҷикистони соҳибистиқлол баробари қабули аввалин Конститутсияи худ озодӣ ва ҳуқуқи инсонро муқаддас шуморида, бунёди ҷомеаи адолатпарварро вазифаи худ эълон ва унсурҳои асосии ҷомеаи шаҳрвандиро муайян намуданд.
Ҳамзамон таъкид гардид, ки донистани Конститутсия ва дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ зиракии сиёсии ҳар шахсро тақвият мебахшад. Дар асоси зиракии сиёсӣ шахс масъулиятшинос шуда, вазифаи шаҳрвандии худро хуб анҷом дода метавонад. Ҳамчунин зикр карда шуд, ки эълон гардидани соли 2024 ҳамчун «Соли маърифати ҳуқуқӣ» ба дурнамои неки таҳкими низоми демократӣ, ҷомеаи адолатпарвару ҳуқуқмеҳвар ва қонунсолор мусоидат менамояд.
Дар хотимаи ҷаласа Ҳурматзода И.З. бори дигар иброз доштанд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти ҳуқуқи инсон ба дастовардҳои беназир ноил гардидааст, ки дар ин кор саҳми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хеле бузург аст. Таъсиси мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак ва дигар сохторҳое, ки бевосита ба ҳуқуқи инсон сару кор доранд, самараи ташаббусҳои Пешвои миллат дар бахши таҳкими мақому манзалати инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ҳар фард мебошанд.
Маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон