ХАДАМОТИ ГУМРУКИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

РАМЗИ МУҚАДДАСИ МИЛЛӢ. Маҷлиси тантанавӣ бахшида ба таҷлили Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Хадамоти гумрук

«Ба ҳар фарди бонангу номус ва ватандӯсту ватанпарвар муроҷиат карда, онҳоро даъват менамоям, ки аз Парчами миллии худ ифтихор кунанд, эҳтироми онро ҳамчун нишонаи давлатдории миллӣ, озодӣ ва истиқлоли Ватан, чун сарвати гаронбаҳои умумимиллӣ ба ҷо оранд, қадру манзалат ва нақшу эътибори онро ба фарзандон ва ҷавонону наврасон ҳамеша талқин намоянд»

 Эмомалӣ Раҳмон

22 ноябри соли 2024 дар толори Дастгоҳи марказии Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковники хадамоти гумрук Каримзода Хуршед Абдураҳмон, сардорони воҳидҳои сохторӣ ва ҳайати шахсӣ, ҳамчунин Мираков Қудратулло Мирмуҳаммадович, номзади илмҳои техникӣ, дотсенти Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ва Шомудинов Олимҷон Давлатович устоди калони Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид.

Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковники хадамоти гумрук Каримзода Хуршед Абдураҳмон доир ба нақши Парчами давлатӣ дар худшиносию худогоҳии наврасону ҷавонон, дар маҷмуъ, аҳли ҷомеа иброз дошт, ки эҳтиром ва арҷ гузоштан ба муқаддасоти миллӣ, аз ҷумла Парчами давлатӣ арҷ гузоштан ба тамоми арзишҳои дирӯзу имрӯз ва фардои миллат аст.

«Парчами давлатии мо имрӯз дар радифи парчамҳои дигар давлатҳо парафшонӣ мекунад, ки ҷойи ифтихору сарбаландии ҳар шаҳрванди ватандӯст мебошад. Парчам ягона рамзи сиёсӣ аст, ки аз қаҳрамонӣ ва мавҷудияти фарҳангу оини давлату миллат шаҳодат медиҳад. Тоҷикон аз давраҳои куҳан соҳиби парчаму нишони давлатӣ буданд», - иброз дошт Хуршед Каримзода. Бояд гуфт, ки 24 ноябри соли 1992 дар иҷлосияи XVI Шурои Олии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Парчами миллии Тоҷикистон қабул гардид, ки имсол ба қабули он 32 сол пур шуд.

Рӯзи Парчами давлатии Тоҷикистон аз соли 2009 инҷониб бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон расман таҷлил мешавад.

Парчами давлатии Тоҷикистон аз се ранг - сабз, сафед ва сурх иборат буда, ранги сабз - сарсабзӣ, сафед - роҳи сафед, хушбахтӣ, иқболи наку ва ранги сурх - озодӣ ва мустақилиятро ифода менамояд. Парчам дар радифи дигар муқаддасоти миллӣ- Конститутсия, Нишони давлатӣ ва Суруди миллӣ яке аз рамзҳои давлатдорӣ мебошад, ки далели ҳастии миллат ва давлати воҳид мебошад.

Соли 2011 бо ташаббусу роҳнамоиҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар остонаи ҷашни 20-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе баландтарин парчам дар ҷаҳон, ки баландии сутунаш 165 метр мебошад, барафрохта шуда, ба Китоби «Рекордҳои Гиннес» ворид гардид.

Сипас, меҳмонон ва якқатор командони ҷавон дар навбати худ ба сухан баромада, доир ба моҳияти таърихиву фарҳангӣ ва эҳтирому арҷгузорӣ ба ин рамзи нангу номуси ватандорӣ суханронӣ намуда, иброз доштанд, ки парчам барои шаҳрвандони ҳар давлати соҳибистиқлол мояи ифтихору сарфарозӣ буда, ифодагари ҳимояи марзу бум, забону фарҳанг, Ватану миллат ва нангу номуси фарзандони асили он низ мебошад. Аз ин рӯ, соҳиби парчами миллӣ ва ё давлатӣ будан- ин худ рамзи мустақилияту соҳибихтиёрии давлат буда, парафшонии он дар ҳар гӯшаву канори олам аз мавҷудияти ҳамон давлату миллат башорат медиҳад. Барафроштани парчами миллӣ таҷассуми симои сиёсии ҳар давлати соҳибистиқлол дар миқёси ҷаҳон мебошад.

Дар фарҷом Сардори Хадамот гумрук Хуршед Каримзода бори дигар ҳамаи ҷамъомадагонро бо ин Ҷашни фархунда табрику шодбош гуфта, ба хонадонашон бахту иқбол ва ба давлати соҳибистиқлолу озодамон амнияту осоиш ва рушди устуворро таманно намуданд.

 Маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

sh9
sh8
sh7
sh6
sh5
sh4
sh3
sh2
sh1

Суроға: хиёбони Бухоро-50|
Ҷумҳурии Тоҷикистон|
ш. Душанбе|

(Cуроғаи почтаи электронии
Маҷаллаи "Гумрук")
info.gumruk@yandex.ru

Агар хоҳед, ки ҳамеша аз хабару эълонҳои нав огоҳ бошед, дар сомонаи мо обуна шавед: