ХАДАМОТИ ГУМРУКИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Вохӯрии Сардори Хадамоти гумрук бо ҳайати намояндагони Раёсати Созмони Милали Муттаҳид оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ (UNODC)

19 ноябри соли 2024 ҳайати намояндагони минтақавии Раёсати Созмони Милали Муттаҳид оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ дар Афғонистон, Осиёи Марказӣ, Эрон ва Покистонро Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Хуршед Каримзода Абдураҳмон, ба ҳузур пазируфт. Ҳайати мазкурро Оливер Штолпе роҳбарӣ намуд.

Зимни вохӯрии мазкур сухани ифтитоҳиро Сардори Хадамоти гумрук, генерал – полковники хадамоти гумрук Каримзода Хуршед Абдураҳмон ҳусни оғоз бахшида, сараввал меҳмононро хайрамақдам намуд ва аз рафти ҳамкориҳои мутақобилан судманди ҷонибҳо изҳори қаноатмандӣ кард. Зеро, дар давоми ҳамкориҳо ба муваффақиятҳои назарраси соҳаҳои мухталифи ҳамкориҳои гумрукӣ расида, дар ин давра Хадамоти гумрук бо таҷҳизотҳои муосири гумрукӣ ва воситаҳои сайёри назорати гумрукӣ муҷаҳҳаз гардонида шуд.

Инчунин, таъкид гардид, ки ташкили давраҳои омӯзишӣ, ҷиҳати баланд бардоштани савияи донишу малакаи кормандони мақомоти гумрук бо дастгирии ниҳоди мазкур аз соли 2014 то инҷониб 85 давраҳои омӯзишӣ дар дохил ва хориҷи кишвар ташкил гардида, 541 корманди Хадамот гумрук ҷалб карда шуд, ки он боиси самаранокии фаъолияти гумрукӣ ва мустаҳкамгардии иқтидори кадрӣ гардидааст.

Ҳамчунин дар рафти вохӯрӣ масъалаи фаъолияти дидбонгоҳҳои гумрукии наздисарҳадӣ мавриди баррасии ҷонибҳо қарор гирифта, қайд кардаш шуд, ки дар доираи лоиҳаи амалкунанда, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 8 дафтари ҳамкориҳои сарҳадӣ (ДҲС) ва 4 Гурӯҳи назорати бандарӣ фаъолият мекунанд, ки ба таҳкими ҳамкориҳои дуҷониба мусоидат менамоянд.

Оливер Штолпе, аз ҳамкориҳои мутақобилан судманди тарафҳо изҳори розигӣ ва миннатдорӣ намуда, иброз дошт, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз кишварҳои ҳамҷавори Созмони Милали Муттаҳид ба шумор меравад ва бояд ба густариши ҳамкориҳо дар сатҳи зарурӣ диққати аввалиндараҷа зоҳир намуд.

Бо дарназардошти гуфтаҳои боло ҳамчунин масъалаи вазъияти сарҳади Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Афғонистон, инчунин таҳлили хавфҳои қочоқи маводи мухаддир ва доруворӣ қайд карда шуд.

Хуршед Каримзода, иброз намуд, ки мақомоти гумрук ҳамеша омодааст бо Намояндагии доимии Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон оид ба ҳамаи масъалаҳои стратегии барномаҳое, ки аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид амалӣ мегарданд, ҳамкориҳои зичро роҳандозӣ намояд.

Дар фарҷоми мулоқот, ҷонибҳо самтҳои афзалиятноки ҳамкориҳои мутақобилаи судмандро вобаста ба самти фаъолияти гумрукӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳим шуморида, ҷиҳати бозҳам тақвият бахшидани ҳамкориҳои баъдӣ ибрози омодагии хешро зоҳир намуданд.

Тазаккур бояд дод, ки дар чорабинӣ ҳамчунин, Шарипов Ҷовиддон Аминҷонович – сардори Раёсати ташкили назорати гумрукӣ, Ёрмаҳмадзода Комёр Ёрмаҳмад – сардори Раёсати ҳамкориҳои байналмилалии гумрукӣ ва Саидов Маҳмудҷон Мансурович – нозири Раёсати ҳамкориҳои байналмилалии гумрукӣ ва намояндаи Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмонов Сафар Юсупович иштирок намуданд.

Маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

sh9
sh8
sh7
sh6
sh5
sh4
sh3
sh2
sh1

Суроға: хиёбони Бухоро-50|
Ҷумҳурии Тоҷикистон|
ш. Душанбе|

(Cуроғаи почтаи электронии
Маҷаллаи "Гумрук")
info.gumruk@yandex.ru

Агар хоҳед, ки ҳамеша аз хабару эълонҳои нав огоҳ бошед, дар сомонаи мо обуна шавед: