ХАДАМОТИ ГУМРУКИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Маҷлиси тантанавӣ бахшида ба таҷлили Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Хадамоти гумрук

15 ноябри соли 2024 дар толори Дастгоҳи марказии Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва солгарди навбатии иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомад баргузор гардид.

 

Дар ҷамъомади тантанавӣ Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковники хадамоти гумрук Каримзода Хуршед Абдураҳмон, сардорони воҳидҳои сохторӣ ва ҳайати шахсӣ, ҳамчунин муовини Раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон Каримзода Карим Мазиё иштирок намуданд.

Сардори Хадамоти гумрук Хуршед Каримзода иброз намуд, ки дар лаҳзаҳои сарнавиштсози ҳар миллат шахсиятҳое зуҳур менамоянд, ки масъулияти ояндаи миллатро бар дӯш гирифта, мамлакат ва мардуми хешро аз вартаи фурӯпошию нобудӣ наҷот медиҳанд. «Давлати навбунёди Тоҷикистон ва мардуми шарифи он дар марҳилаи аввали истиқлолият - дар ибтидои солҳои 90-уми асри XX ба мушкилоти азими сиёсӣ, ки ба даргириҳои шадиди дохилӣ мубаддал гардид, рӯ ба рӯ шуданд. Миллати тоҷик дар он вазъи басе мураккаб воқеан ба роҳнамову сарвар, пешвои дурандешу хирадманд, боиродаву бо тадбир ниёз дошт, ки фавҷи бузургро бо ақлу хирад ва тавони имону инсонгарӣ, фаросату наҷобат аз роҳи хато баргардонад, миллатро сарҷамъ намуда, аз паси хеш барад. Дар чунин шароити ҳассоси сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ баргузор намудани Иҷлосияи 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (даъвати дувоздаҳум) танҳо ягона роҳи наҷоти Ватан буд. Он рӯзи таърихиву сарнавиштсоз ва наҷотбахши миллати тоҷик, яъне, 16 ноябри соли 1992 дар саҳифаҳои таърихи навини мамлакат мо бо ҳарфҳои заррин сабт гардидааст»,-изҳор дошт ӯ.

 

Гуфта шуд, ки Пешвои миллат чун сиёсатмадори даврони нав бо қалбу нияти пок, ҷасорату далерӣ, хизмати содиқона ба халқу Ватани азизи худ ба арсаи сиёсат қадам ниҳоданд. Дастоварди пурарзиш дар даврони истиқлолияти мамлакат, ки миллати тоҷикро аз ҷудоиву парокандагӣ наҷот бахшид, бешубҳа, расидан ба сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва оромиву пешрафти ҷомеа мебошад, ки он бо фаъолияти шабонарӯзӣ ва густурдаи Пешвои миллат пайвасти ногусастанӣ дорад.

Дар идомаи чорабинӣ, ҳамчунин аз ҷониби иштирокчиён доир ба нақши Президент дар пойдории сулҳу ваҳдат, идоракунии давлати Президентӣ ва солгарди навбатии иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ибрози назар намуданд.

Таъкид гардид, ки натиҷаи сиёсати бобарору хирдамандонаи Пешвои миллат ва расидан ба марзи сулҳу оштӣ буд, ки дар мамлакат таҳавуллот ва дигаргунсозиҳои азим дар соҳаҳои итҷимоию иқтисодӣ ба вуқуъ пайваста, дар фурсати кӯтоҳи таърихӣ тамоми ҷанбаҳои ҳаёти ҷомеа рушду нумуъ кард. Бо шарофат ва ҷаҳди фарзанди фарзонаи миллати тоҷик муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯзҳо раванди созандагиву ободкорӣ идома ёфта, нақшаву барномаҳои пешбинигардида барои таъмин намудани рушди устувори иқтисодии миллӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии сокинон ҳадафмандона амалӣ мегарданд.

Дар охир сардори Худамоти гумрук, Хуршед Каримзода бори дигар ҳозиринро ва дар симои онҳо кулли шаҳрвандони шарифи Тоҷикистони азизро ба муносибати Рӯзи Президент шодиёна шодбош гуфта, таъкид намуд, ки таҷлили Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон нишони ихлосу самимият, муҳаббат ва қадршиносии миллати мо нисбат ба Сарвари маҳбубу раҳнамо ва рамзи муттаҳидии мардум дар атрофии Пешвои миллат аст.

Сиёсати пешгирифтаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон моро вазифадор менамояд, ки барои амалӣ гардидани ҳадафҳои давлату ҳукумат дар самти таҳкими рукнҳои давлатдории навини Тоҷикистон ва баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии аҳолӣ тамоми неру, қудрат, тавоноӣ ва донишу таҷрибаамонро ба кор барем.

Маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

sh9
sh8
sh7
sh6
sh5
sh4
sh3
sh2
sh1

Суроға: хиёбони Бухоро-50|
Ҷумҳурии Тоҷикистон|
ш. Душанбе|

(Cуроғаи почтаи электронии
Маҷаллаи "Гумрук")
info.gumruk@yandex.ru

Агар хоҳед, ки ҳамеша аз хабару эълонҳои нав огоҳ бошед, дар сомонаи мо обуна шавед: