ХАДАМОТИ ГУМРУКИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Мулоқоти сардори Хадамоти гумрук бо Сафири Ҷумҳурии Мардумии Чин

13 ноябри соли 2024, Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал полковники хадамоти гумрук Каримзода Хуршед Абдураҳмон Сафири Ҷумҳурии Мардумии Чин, ҷаноби Ҷи Шуминро ба ҳузур пазируфт.

 

Зимни вохӯрии мазкур сухани ифтитоҳиро Сардори Хадамоти гумрук Каримзода Хуршед Абдураҳмон, ҳусни оғоз бахшида, сараввал меҳмононро хайрамақдам намуд ва аз рафти ҳамкориҳои мутақобилан судманди байни давлатҳо дар самти фаъолияти гумрукӣ изҳори миннатдории хешро зоҳир кард.

Аз ҷониби Сафир низ вохӯрии мазкур муҳим арзёбӣ гардида, ба масъалаҳои афзалиятноки гумрукӣ ишора карда шуд ва баҳри афзоиш додани гардиши тиҷорати хориҷии кишварҳо диққати аввалиндараҷа зоҳир намуданд.

Ҳамзамон, ҷонибҳо ҷиҳати тақвияти ҳамкориҳо дар самти омори гумрукӣ, инчунин бартараф намудани ихтилофоти омори гумрукии кишварҳо масъалагузорӣ намуданд ва ба раванди баланд бардоштани муносибатҳои иқтисодӣ, аз ҷумла афзоиши содироту воридоти молу маҳсулоти байни кишварҳо таъкид намуданд.

Бо дарназардошти гуфтаҳои боло ва имкониятҳои кишоварзии Тоҷикистон ҷиҳати афзоиши гардиши мол байни тарафҳо масъалаи содироти меваи тару тоза ва хушкмеваҳо аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Мардумии Чин, инчунин масъалаи рушди инфрасохтори сайёҳӣ байни давлатҳо мавриди баррасии ҳамаҷониба қарор дода шуд.

Масъалаи таҳкими ҳамкориҳо дар самти фаъолияти гумрукӣ дар чаҳорчӯбаи кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Чин низ муҳокима гардид.

Дар фарҷоми мулоқот ҷонибҳо ҳалли масъалаҳои матраҳшударо муҳим арзёбӣ намуда, барои татбиқи онҳо изҳори омодагӣ зоҳир карданд ва бо итминони комил иброз доштанд, ки вохӯрии мазкур ба рушди босуръати ҳамкориҳои дуҷониба такони ҷиддӣ бахшида, ба таҳким ва густариши ҳамкориҳо дар самтҳои нави фаъолияти гумрукӣ хизмат хоҳад расонд.

Маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

sh9
sh8
sh7
sh6
sh5
sh4
sh3
sh2
sh1

Суроға: хиёбони Бухоро-50|
Ҷумҳурии Тоҷикистон|
ш. Душанбе|

(Cуроғаи почтаи электронии
Маҷаллаи "Гумрук")
info.gumruk@yandex.ru

Агар хоҳед, ки ҳамеша аз хабару эълонҳои нав огоҳ бошед, дар сомонаи мо обуна шавед: