ХАДАМОТИ ГУМРУКИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Маҷлиси тантанавӣ ба муносибати 30-юмин солгарди Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Хадамоти гумрук

Бахшида ба таҷлили 30-юмин солгарди Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 4 ноябри соли 2024 дар толори маҷлисгоҳи мақомоти гумрук бо иштироки Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковники хадамоти гумрук Каримзода Хуршед Абдураҳмон, сардорони воҳидҳои сохторӣ ва ҳайати шахсӣ, ҳамчунин Директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатов Ҷумъа Маҳмадалиевич ва Ходими намоёни давлатию ҷамъиятӣ Мусоева Рафиқа Ғаниевна ҷамъомади тантанавӣ доир гардид.

Хуршед Каримзода мавзуи нақш ва аҳамияти қабули Конститутсияро дар барқарории сулҳу субот ва роҳи расидан ба Ваҳдати миллӣ мавриди баррасӣ қарор дод. Гуфта шуд, ки нақш ва аҳамияти қабули Қонуни асосӣ дар раванди истиқрори сулҳ ва ба даст овардани Ваҳдати миллӣ бағоят бузург аст. Қабули Конститутсия дар он шароити ҳассоси таърихӣ барои миллати тоҷик имконияти эъмори давлати ҳуқуқбунёд, демократӣ ва дунявиро фароҳам оварда, низом ва тартиботро дар ҷомеа барқарор сохт. Агарчи миллати тоҷик ба Ваҳдати миллӣ танҳо пас аз се соли қабули Қонуни асосӣ расид, вале паёму пайғом ва башорати сулҳу субот аз замони қабул дар ҳар муқаррароти ин санади олии ҳуқуқӣ ҳувайдо буд ва он роҳи расидан ба ҳадафу ормонҳои миллатро равшан сохт. Ин аст, ки қабули Конститутсия ба сифати яке аз бузургтарин рӯйдодҳои таърихи соҳибихтиёрии мамлакат шинохта шудааст.

Тавре ба ҳамагон маълум аст, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро аз ҷумлаи дастовардҳои бузурги мардуми Тоҷикистон, заминаи ҳуқуқии бунёди давлати соҳибистиқлоли тоҷикон, шакли ифодаи ҳуқуқии ормонҳои давлатдории миллӣ, ҳимояи ҳадафҳо ва манфиатҳои миллӣ, осори таърихӣ ва фарҳанги миллӣ ҳисобидаанд.

Ҳамчунин, дар ҷамъомади тантанавӣ аз ҷониби иштирокчиён доир ба ин санади сарнавиштсози миллат маърузаҳо пешниҳод гардиданд.

Ба андешаи маърузачиёни ҷамъомад, бо гузашти солҳо наслҳои нав дарк менамоянд, ки Конститутсия воқеан бахтномаи миллати мо ба шумор рафта, дар амал татбиқ намудани талаботи Конститутсия ҷомеаро боз ҳам хушбахт ва давлатро пешрафта мегардонад.

Иброз гардид, ки мардуми Тоҷикистони соҳибистиқлол баробари қабули аввалин Конститутсияи худ озодӣ ва ҳуқуқи инсонро муқаддас шуморида, бунёди ҷомеаи адолатпарварро вазифаи худ эълон ва унсурҳои асосии ҷомеаи шаҳрвандиро муайян намуданд.

Ҳамзамон таъкид гардид, ки донистани Конститутсия ва дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ зиракии сиёсии ҳар шахсро тақвият мебахшад. Дар асоси зиракии сиёсӣ шахс масъулиятшинос шуда, вазифаи шаҳрвандии худро хуб анҷом дода метавонад.

Баъдан, дар маросими тантанавӣ Директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатов Ҷумъа Маҳмадалиевич панҷ нафар корманди Хадамоти гумрукро бо медалҳои мақомоти гумруки хориҷа: медалҳои “10 солагии таъсисёбии мақомоти даромадҳои давлатии Ҷумҳурии Қазоқистон”-ро супорида, изҳори боварӣ намуд, ки кормандони мақомоти гумрук минбаъд низ неруи зеҳнӣ, донишу таҷриба, маҳорату малакаи худро барои пешрафти Ватани азизамон ва равона месозанд.

Сипас, дар асоси фармоиши Хадамоти гумрук майори хадамоти гумрук Зикруллоев Муҳаммадшариф Раҳматуллоевич – сарнозири Дидбонгоҳи гумрукии наздисарҳадии Дӯстии Раёсати минтақавии гумрукӣ дар шаҳри Турсунзода бо “Ифтихорнома”-и Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мукофоти пулӣ сарфароз гардонида шуд.

Дар хотимаи ҷаласа Каримзода Х.А. бори дигар, ҳамаи кормандони мақомоти гумрукро ба ифтихори Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон шодбош намуда, иброз доштанд, ки ин нуқтаро набояд фаромӯш сохт, ки Конститутсия ба таҳкими ҳаёти осоишта, ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҷомеаи адолатпарвар замина мегузорад ва асос барои танзими зиндагии осоиштаву тинҷу ором мегардад.

Маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

sh9
sh8
sh7
sh6
sh5
sh4
sh3
sh2
sh1

Суроға: хиёбони Бухоро-50|
Ҷумҳурии Тоҷикистон|
ш. Душанбе|

(Cуроғаи почтаи электронии
Маҷаллаи "Гумрук")
info.gumruk@yandex.ru

Агар хоҳед, ки ҳамеша аз хабару эълонҳои нав огоҳ бошед, дар сомонаи мо обуна шавед: