26 сентябри соли 2024 дар бинои Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзуи “Конститутсия кафили ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд” бахшида ба “Соли маърифати ҳуқуқӣ” эълон гардидани соли 2024 ва 30-юмин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки кормандон ва собиқадорони мақомоти гумрук, кормандони вазорату идораҳо ва устодони муассисаҳои олии таълимии ҷумҳурӣ ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид.
Мақсад аз баргузории конференсияи илмию амалии ҷумҳурияивӣ ин тарғиби Конститутсия ҳамчун санади олии ҳуқуқии ифодагари арзишҳои демократӣ, кафили ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ва дар ин замина баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон дар руҳияи эҳтиром нисбат ба он мебошад.
Муовини сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-майори хадамоти гумрук, Ҳурматзода Иззатулло Зариф иброз дошт, ки «Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи Конститутсия давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, ягона ва иҷтимоӣ эълон гардида, ҳуқуқ ва озодиҳои инсону шаҳрванд арзиши олӣ эътироф ва муқаррар шудаанд. Ҷавҳари ҷомеаи шаҳрвандӣ дар асоси риояи ҳуқуқи инсон ва волоияти қонун устувор мегардад. Шаҳрванде, ки аз ҳуқуқҳои худ огоҳ аст, ба равандҳои рушд ва таҳаввул дар ҷомеа такон мебахшад».
Бо назардошти таҷрибаи ҷаҳонӣ ва нақши калидии шаҳрвандони аз нигоҳи ҳуқуқӣ бомаърифат, дар таъмини пешрафти давлатдории миллӣ дар пайи татбиқи иқдоми пайвастаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мамлакат заминаи мукаммали ҳуқуқию қонунӣ фароҳам гардидааст. Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Ҳукумати мамлакат ва барномаҳои давлатӣ дар соҳаи тарбияи ҳуқуқии аҳолӣ таҳия ва қабул гардиданд.
Сатҳи баланди маърифати ҳуқуқӣ ва тарғиби ҳуқуқӣ шароит фароҳам меорад, ки инсон ва шаҳрванд дар ҷомеаи муосири демократӣ аз ҳуқуқҳои худ озодона истифода бурда, дар тарғиби арзишҳои демократӣ масъулияти баланд дошта бошанд.
Дар замони муосир яке аз нишонаҳои муҳими давлатдорӣ доштани рамзҳои муқаддас, алалхусус Конститутсия буда, маҳз дар он масъалаҳои муҳимтарини давлатдорӣ ва арзишҳои эътирофнамудаи башарӣ мустаҳкам мегарданд.
Дар баробари ин, муҳимтарин арзишҳои умумибашариро маҳз Конститутсия дар худ мустаҳкам менамояд, ки минбаъд дар раванди қабул ва татбиқи қонунҳо дар мадди назар қарор додани онҳо барои субъектони ваколатдори давлатӣ ҳатмӣ мебошад.
Дар ҷараёни ҳамоиш иштирокдорон вобаста ба масъалаҳои ҳуқуқӣ ва нақши Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пешбурди сиёсати давлатдорӣ маъруза намуданд.
Таъкид гардид, ки Соли маърифати ҳуқуқӣ эълон гардидани соли 2024 ба баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, тарғиби арзишҳои демократӣ, мустаҳкам намудани институти ҳуқуқи инсон, муносибати эҳтиромона бо он, баланд бардоштани мақоми қонун, тарбияи шаҳрвандон дар руҳияи эҳтиром нисбат ба он ва таъмин намудани волоияти қонун равона гардидааст.
Барои бунёди ҷомеаи демократӣ зарур аст, ки дар баробари ҳамаи тадбирҳои дигари бунёдкорӣ ҳамагон ҳамчун шаҳрванд ҳуқуқу озодӣ ва вазифаҳояшонро хеле хуб ва дар сатҳи зарурӣ донанд ва аз он самараноку пурмаҳсул истифода намоянд. Ҳамчунин қонун ва қоидаҳои қабулгардидаро дуруст ва бо камоли ақл дар зиндагии рӯзмарра амалӣ намоянд.
Сипас, як қатор иштирокчиёни Конференсияи илмию амалии ҷумҳурияивӣ барои иштироки фаъолона аз ҷониби роҳбарияти мақомоти гумрук бо «Сипоснома», сарфароз гардонида шуданд.
Маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон