6 сентябри соли 2024 дар толори Дастгоҳи марказии Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси тантанавӣ бахшида ба ҷашни 33 – юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шукӯҳу шаҳомати хоса баргузор карда шуд. Дар чорабинӣ роҳбарият ва кормандони мақомот, инчунин муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Холиқзода Ҳоким Ҳикматулло ва ходими намоёни давлатию ҷамъиятӣ Рафиқа Мусоева иштирок намуданд.
Дар оғоз Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковники хадамоти гумрук Каримзода Хуршед Абдураҳмон ворид намудани Парчами давлатиро ба маҷлисгоҳ амр намуд ва бо садо додани Суруди миллӣ маҷлиси тантанавиро бахшида ба 33-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон кушода эълон намуд.
Хуршед Каримзода аҳли нишастро бо ин ҷашни пуршукӯҳи миллӣ табрику таҳният гуфта, иброз дошт, ки “Озодӣ ва истиқлолият дар ҳар давру замон неъмати бебаҳо ва волои ҳаёти инсон, нишонаи барҷастаи симо ва ташаккули таърихӣ, кафили пешрафт, рамзи асолату ҳувият ва шарти бақои миллат ва пойдории давлат мебошанд.
Бо гузашти сию се сол мо амиқан дарк кардем, ки Истиқлолият яке аз заминаҳои асосии ҳаёти осоиштаи мардуми тоҷик буда, бо ҷонфидоӣ ва азхудгузаштагии Роҳбари давлат ба даст омадааст, ки имрӯз ҳифзи ин арзиши муқаддаси миллӣ вазифаи ҳар як тоҷики худогоҳу худшинос аст. Бо назардошти ин, сиёсатмадорони бузурги олам ва коршиносони низоъҳои байналмилалӣ Пешвои миллати моро ҳамчун «Меъмори сулҳ» эътироф кардаанд.
Таъмини амнияти озуқаворӣ, раҳоӣ аз бумбасти комуникатсионӣ, ба даст овардани истиқлолияти энергетикӣ ва саноатикунонии кишвар, ки аҳамияти бузурги иҷтимоӣ ва иртиботиву иқтисодӣ доштанд, дар сархати барномаҳои ҳукуматӣ қарор гирифт, ки имрӯз самараҳои неки онро бо чашми худ мебинем. Ба таъбири дигар, Истиқлолият, ки сарҷамъиву муттаҳидии миллати моро таъмин намуд, ба фазои орому амн, рушди бесобиқаи соҳаҳои иқтисодиёт, иҷтимоиёт, фарҳанг ва дар ин росто, ба бунёди иншоотҳои бузурги ҳаётан муҳим замина гузошт.
Тавре ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо кормандони соҳаи маориф бахшида ба Рӯзи дониш, 1-уми сентябри соли 2024, баён намуданд: “Дар чунин шароите, ки таърихи инсоният ба давраи ниҳоят ҳассосу пешгӯинашаванда расидааст, барои ҷомеаи башарӣ таҳаммулгароӣ, саъю талош ба хотири ҳифзи сулҳ дар сайёра, гуфтугӯи тамаддунҳо ва густариши ҳамкорӣ миёни давлатҳо ва халқҳо ба хотири ҳамзистии осоиштаи мардумони олам аҳаммияти аввалиндараҷа пайдо кардааст.
Бисёр муҳим аст, ки мо қадру қимати Ватани азизи худ – Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоламонро донем ва фаромӯш насозем, ки танҳо бо доштани давлати мустақил дар ҷомеаи башарӣ мавқеи сазовор дошта метавонем”.
Сипас, муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон аҳли нишастро ба муносибати ҷашни муқаддаси миллӣ табрик намуда, қайд кард, ки Истиқлоли давлатӣ барои ҳар давлату миллат азизу муқаддас буда, бузургтарин дастовард ва далел аз худшиносии милливу ватандорист.
Тоҷикистони соҳибистиқлол кишвари сулҳхоҳ аст ва моро зарур аст, ки баҳри ҳифзи дастовардҳои даврони Истиқлол ҳамеша омода бошем. Зеро таърих собит намудааст, ки ба даст овардани Истиқлолият кори бисёр душвору заҳматталаб мебошад ва ҳимояи пирӯзиҳо ва дастовардҳои Истиқлолият кори аз он ҳам душвор аст. Таҳкими истиқлолияти давлатӣ ва ҳимояи манфиятҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳкими иқтидори мудофиавӣ ва ҳифзи якпорчагии он самти афзалятноки фаъолияти ҳифзи ҳуқуқ ба шумор меравад.
Дар ҷараёни чорабинии тантанавӣ иштирокчии бевоситаи Иҷлосияи таърихии 16-уми Шӯрои Олӣ, меҳмони даъватӣ, ходими давлативу ҷамъиятӣ Рафиқа Мусоева вобаста ба аҳамияти баргузории ин ҷаласаи таърихӣ, нақши он дар кори ба эътидол овардани вазъияти ҳассос дар он давра, заҳматҳои нотакрор ва беназири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар барқарории сулҳи комил, таъмини истиқлолияти давлатӣ, пойдориву ягонагии миллату давлат сухан гуфтанд.
«Тоҷикистон бо сиёсати сулҳҷуёнаю созанда, ҷонбозиҳо, заҳматҳои басо сангин ва азму талошҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон давоми 33 сол дар тамоми соҳаҳо, дар сатҳи байналмилалӣ обрӯ ва эътибори баландро соҳиб гардид. Имрӯз Тоҷикистон дар арсаи байналмиллалӣ нуфузу эҳтироми хоссаро соҳиб гаштааст»,- афзуд Рафиқа Мусоева.
Баъдан, дар маросими тантанавӣ муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Холиқзода Ҳ.Ҳ. аз номи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон се нафар корманди Хадамоти гумрукро бо мукофоти давлатӣ: медалҳои “Хизмати шоиста”-ро супорида, изҳори боварӣ намуд, ки кормандони мақомоти гумрук минбаъд низ неруи зеҳнӣ, донишу таҷриба, маҳорату малакаи худро барои пешрафти Ватани азизамон равона месозанд.
Ёдовар мешавем, ки санаи 4 сентябри соли 2024 дар Қасри миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори таҷлили 33-юмин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 6 нафар кормандони Хадамоти гумрукро бо мукофотҳои давлатӣ ва рутбаҳои навбатӣ сарфароз гардониданд.
Аз ҷумла, Сардори Хадамоти гумрук Каримзода Хуршед Абдураҳмон бо унвони фахрии Корманди шоистаи Тоҷикистон ва бо рутбаи махсуси навбатии генерал-полковники хадамоти гумрук сарфароз гардиданд.
Инчунин, ба сардори Раёсати ташкили мубориза бар зидди ҳуқуқвайронкуниҳои гумрукӣ Исозода Исо Шайдулло рутбаи махсуси навбатии генерал-майори хадамоти гумрук дода шуд.
Ҳамчунин, Султонов Курбонмурод Каримчонович сардори Маъмурияти Системаи иттилоотии автоматонидашудаи ягона, Мансуров Муҳибулло Рустамович Сарнозир-муовини сардори Шуъбаи ташкили назорати гумрукии Раёсати минтақавии гумрукӣ дар шаҳри Душанбе, Хоҷаев Сулейман Пулотович сардори Шуъбаи таҳлил ва омори гумрукии Раёсати минтақавии гумрукӣ дар вилояти Суғд, Ахмедов Даврон Фазлиддинович сардори Шуъбаи пардохтҳои гумрукӣ ва назорати арзии Раёсати минтақавии гумрукӣ дар вилояти Суғд, Саидназарова Хосият Мираваловна сарнозири Бахши кадрҳо ва кор бо ҳайати шахсии Раёсати минтақавии гумрукӣ дар ВМКБ, Саидмуродов Абдуфаттоҳ Абдуваҳобович муовини сардори Раёсати минтақавии гумрукӣ дар шаҳри Турсунзода ва Салимов Дилшод Азизхучаевич сардори Дидбонгоҳи гумрукии Терминали Дустии Раёсати минтақавии гумрукӣ дар ш.Турсунзода бо медали “Хизмати шоиста” сарфароз гардиданд.
Гумрукчиёни ҷавон, дар навбати худ оид ба моҳияти таърихиву сиёсии ин ҷашни давлатӣ ибрози назар намуданд.
Сипас, дар асоси фармоиши Хадамоти гумрук як қатор кормандон барои иҷрои софдилонаи ӯҳдадориҳои хизматӣ, интизоми намунавӣ, ноил гаштан ба натиҷаҳои баланд дар фаъолияти хизматӣ ва ба муносибати 33-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо нишони сарисинагии «Аълочии хадамоти гумрук», бо медали ҷашнии «30-солагии мақомоти гумрук», рутбаҳои махсуси навбатӣ, «Ифтихорнома», «Раҳматнома», туҳфаҳои ҷашнӣ ва мукофотҳои пулӣ сарфароз гардонида шуданд.
Дар интиҳо Сардори Хадамоти гумрук Каримзода Х.А. бори дигар аҳли нишастро бо ҷашни бузурги миллӣ муборакбод намуда, аз аҳли нишаст даъват ба амал овард, ки ҳамеша баҳри ободию сарсабзии Ватани худ талош намоянд, зеро танҳо ба ин васила мустақилият, осоиштагӣ ва рушди устувори иқтисодии кишвар таъмин мегардад.
Маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон