15 июли соли 2024 ҳайати намояндагони Ҷамъияти Олмон оид ба ҳамкории байналмилалӣ ба Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварданд. Меҳмононро Муовини якуми Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-майори хадамоти гумрук, Турсунзода Азим Ҳайдар ба ҳузур пазируфт.
Ҳайати мазкурро хонум Юдит Бланк – роҳбарӣ намуд.
Зимни вохӯрии мазкур сухани ифтитоҳиро муовини якуми Сардори Хадамоти гумрук, генерал – майори хадамоти гумрук Турсунзода Азим Ҳайдар ҳусни оғоз бахшида, масъалаи ҳамкориҳоро дар таъмини амнияти сарҳадӣ, содагардонии расмиёти гумруки ташкили курсҳо ҷиҳати бозомӯзии кормандони мақомоти гумрук бо ҷалби мутахассисони баладихтисоси байналмилалӣ ва гузариш ба раванди нави ҳамкориҳо дар асоси талаботҳои замони муосир мавриди баррасӣ ва муҳокима қарор доданд.
Ҳамзамон масъалаи фаъолияти системаи ҷаҳонии АСИКУДА дар Ҷумҳурии Тоҷикистон байни ҷонибҳо мавриди баррасӣ ва муҳокима қарор гирифт.
Намояндаи Ҷамъияти Олмон оид ба ҳамкории байналмилалӣ ҷиҳати тайёр намудани лоиҳаи озмоишии системаи мубодилаи маълумот байни дидбонгоҳҳои гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон изҳори омодагии хешро зоҳир намуд.
Дар фарҷоми мулоқот, ҷонибҳо ҳалли масъалаҳои мазкурро муҳим арзёбӣ намуда, барои татбиқи онҳо бо дарназардошти манфиатҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ибрози омодагӣ баён намуданд.
Маврид ба зикр аст, ки дар вохӯрӣ ҳамчунин, кормандони Дастгоҳи марказии Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндагони Ҷамъияти Олмон оид ба ҳамкории байналмилалӣ иштирок намуданд.
Маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон