18 июни соли 2024 дар бинои дастгоҳи марказии Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вохурии ҳайати намояндагони Вазорати савдои Ҷумҳурии Халқии Хитой ва ширкати технологии “НУКТЕК”- Чин бо Муовини якуми сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-майори хадамоти гумрук, Турсунзода Азим Ҳайдар баргузор гардид.
Зимни мулоқот Турсунзода Азим Ҳайдар ташрифи меҳмононро ба Хадамоти гумрук хайрамақдам гуфта, ба раванди ҳамкориҳо бо Ҷумҳурии Халқии Хитой изҳори қаноатмандӣ намуд.
Дар мулоқоти мазкур ҷонибҳо дар робита ба масъалаи кумаки бебозгашти техникии чинӣ ба Хадамоти гумрукро мавриди баррасӣ ва муҳокима қарор доданд.
Бояд тазаккур дод, ки дар асоси «Мубодилаи ёддоштҳо оид ба пешниҳоди таҷҳизоти муоинаи гумрукӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Халқии Хитой», ки санаи 13 октябри соли 2018 ба имзо расонида шуда буд, аз ҷониби Ҷумҳурии Мардумии Чин таҷҳизотҳои муоинаи гумрукӣ дар моҳи январи соли 2020 ба Хадамоти гумрук тақдим гардид.
Таҷҳизотҳои муоинаи гумрукии ширкати «NUCTECH COMPANY LIMITED»-и Хитой, аз 8 (ҳашт) номгӯ ва 146 адад иборат буда, насб ва васл намудани ин таҷҳизотҳо аз ҷониби мутахассисони чинӣ, дар гумрук ва дидбонгоҳҳои гумрукии Хадамоти гумрук ба анҷом расонида шуда, ҷониби чинӣ кафолат ва хизматрасонии ин таҷҳизотҳоро дар муҳлати ду сол аз санаи насби онҳо, ба зимма гирифта буд ва ин марҳила айни ҳол ба анҷом расидааст.
Бинобар ин, намояндагони Ҷумҳурии Халқии Хитой аз раванди муоинаи гумрукӣ, ки бо истифода аз технологияҳои ватании Чин анҷом дода мешавад, аз наздик дидан намуданд.
Муовини якуми сардори Хадамоти гумрук аз ҳамкориҳои мутақобилан судманд бо Ҷумҳурии Халқии Хитой ширкати технологии “НУКТЕК”- Чин изҳори миннатдорӣ намуда, иброз дошт, ки вохӯрии мазкур дар тақвият ва густариши ҳамкориҳои гумрукӣ заминаи мусоид фароҳам хоҳад овард.
Ҷонибҳо масъалаи густаришу тавсеаи ҳамкориҳоро муҳим арзёбӣ намуда, ҷиҳати фароҳам овардани шароити мусоид дар самти фаъолияти гумрукӣ масъалагузорӣ карданд.
Ҳамзамон, қайд гардид, ки пас аз насби таҷҳизотҳои техникии чинӣ иқтидори назоратии гузаргоҳҳои наздисарҳадии гумрукӣ баръало мушоҳида гардида, инфрасохтори гумрукие, ки ба талаботҳои умумиэътирофшудаи байналмилалӣ ҷавобгӯ мебошад таъсис дода шудааст.
Бо дарназардошти гуфтаҳои боло ва имкониятҳои мавҷудаи байни кишварҳо ҷонибҳо ба хулоса омаданд, ки ҷиҳати пешбурди раванди корӣ дар сатҳи дахлдор ташкил ва татбиқи лоиҳаҳои нави ҳамкориро бояд шурӯъ намуд.
Дар фарҷоми мулоқот, ҷонибҳо ба рушди ҳамкориҳои минбаъда дар сатҳи зарурӣ ишора намуда, бо дарназардошти манфиатҳои тарафҳо омодагии хешро иброз намуданд. Пас аз анҷоми вохӯрӣ меҳмонон аз раванди фаъолияти дидбонгоҳи терминали №1 дар шаҳри Душанбе, боздид ба амал оварданд.
Маврид ба зикр аст, ки дар вохӯрӣ ҳамчунин, кормандони Дастгоҳи марказии Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндагони Ҷумҳурии Халқии Хитой иштирок намуданд.
Маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон