3 июни соли 2024 Ашита Митталро Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Хуршед Каримзода, бинобар ба итмом расидани муҳлати ваколаташ ҳамчун намояндаи минтақавии Раёсати Созмони Милали Муттаҳид оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ дар Осиёи Марказӣ, ба ҳузур пазируфт.
Дар оғози суҳбат Сардори Хадамоти гумрук барои саҳми арзандаи хонум Ашита Миттал баҳри густариши робитаҳои мутақобилан судманд, изҳори миннатдорӣ намуда, таъкид кард, ки дар давоми фаъолияти ӯ ҷонибҳо ба муваффақиятҳо дар соҳаҳои мухталифи ҳамкориҳои гумрукӣ комёб шуданд. Ҳамчунин дар рафти вохӯрӣ масъалаҳои таҳким ва тавсеаи ҳамкориҳои самаранок ва муфиди тарафҳо мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Ашита Миттал барои мусоидат ва дастгирӣ дар давоми фаъолияташ дар минтақа ба Сардори Хадамоти гумрук изҳори миннатдорӣ намуд.
Маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон