ХАДАМОТИ ГУМРУКИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Вохӯрии намояндаи Агентии назорати маводи нашъовар бо кормандони мақомоти гумрук

17 апрели соли 2024 дар маҷлисгоҳи дастгоҳи марказии мақомоти гумрук, вохӯрии ҳайати шахсии хадамоти гумрук бо сардори Раёсати назорати муомиллоти маводи нашъаовар ва пешгирии нашъамандии Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилшод Баротиён баргузор гардид.

 

Сардори Раёсати ташкилию бозрасии Хадамоти гумрук Муродиён Абдумумин Раҷабзод иброз дошт, ки вохӯрии имрӯза роҷеъ ба шарҳу тавзеҳи “Стратегияи миллӣ оид ба назорати маводи нашъаовар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030”, Нақшаи татбиқи он барои солҳои 2021-2025 ва “Рӯйхати миллии воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсоҳои онҳо” мавриди баррасӣ қарор дода хоҳад шуд.

Дилшод Баротиён оид ба ҳадафҳои асосии Стратегия суханронӣ намуда, қайд карданд, ки Стратегияи болозикр бо мақсади таъмини амнияти давлату ҷамъият ва солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо назардошти таҷрибаи милливу байналмилалӣ таҳия ва мавриди амал қарор дода шудааст.

Ҳамчунин, иброз дошт, ки аз давраи татбиқи Стратегия то инҷониб шумораи нашъамандон коҳиш ёфта, қочоқи маводи мухаддир ва сатҳи ҷинояткорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба солҳои пешин камтар ба қайд гирифта шудааст.

Дар ҷараёни вохӯрӣ аз ҷониби Дилшод Баротиён рӯнамоиҳо оид ба номгӯйи “Рӯйхати миллии воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсоҳои онҳо” ба кормандони мақомоти гумрук пешкаш карда шуда, дар бораи “Квотаи давлатии воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳои онҳо”, Конвенсияҳои ягонаи СММ, ки Тоҷикистон узви ин конвенсияҳо мебошад, маълумотҳои муфид пешниҳод гардид.

Зимни вохӯрӣ оид ба назорати маводҳои дурӯворӣ ва баъзе растаниҳо низ маълумоти муфассал дода шуд, ки на ҳамаи шаҳрвандон дар хусуси манъ будани содироти онҳо ба кишварҳои хориҷ маълумоти муфассал доранд. Аз ҷумла истифода ва истеъмоли растании “Испанд” дар Федератсияи Русия ва Ҷумҳурии Беларус манъ гардидааст. Аз ин рӯ, пешниҳод карда шуд, ки аз ҷониби кормандони мақомоти гумрук дар дидбонгоҳҳои сарҳадӣ ва фурудгоҳҳо, қабл аз анҷоми сафар корҳои фаҳмондадиҳӣ баргузор карда шавад.

Ҳамзамон, дар рафти вохӯрӣ доир ба роҳу усулҳои воридоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ, истифода ва оқибатҳои хатарноки истеъмоли ин маводҳо, роҳҳои чи гуна аз истифодаи қонунӣ ба ғайриқонунӣ гузаштани он, ҳамчунин оқибатҳои тиббӣ, ҳуқуқӣ ва иҷтимоии гардиши маводҳои дар боло зикр гардида ба ҳозирин маълумоҳои муфид пешниҳод карда шуд.

Дар фарҷоми вохӯрӣ иброз гардид, ки кормандони мақомоти гумрукро зарур аст, ҳангоми иҷрои вазифаҳои хизматӣ дар ошкор намудани қочоқи маводҳои нашъадор таваҷҷуҳи бештар зоҳир намуда, бо ин роҳ баҳри солимии ҷомеа саҳми назарраси хешро гузоранд.

Маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

sh9
sh8
sh7
sh6
sh5
sh4
sh3
sh2
sh1

Суроға: хиёбони Бухоро-50|
Ҷумҳурии Тоҷикистон|
ш. Душанбе|

(Cуроғаи почтаи электронии
Маҷаллаи "Гумрук")
info.gumruk@yandex.ru

Агар хоҳед, ки ҳамеша аз хабару эълонҳои нав огоҳ бошед, дар сомонаи мо обуна шавед: