ХАДАМОТИ ГУМРУКИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ОҒОЗИ МУСОБИҚАИ ФУТБОЛИ ХУРД

Бахшида ба “31-солагии Қувваҳои мусаллаҳ Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва “Рӯзи ҷавонон” бо ибтикори Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи футбол мусобиқаи бозии футболи хурд миёни кормандони вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳои ҷумҳуриявӣ ва корхонаҳои давлатию хусусии дар шаҳри Душанбе фаъолиятдошта, ба роҳ монда шуд. Мусобиқаи мазкур 15 феврал шурӯъ гардида, то 15 майи соли соли ҷорӣ идома хоҳад ёфт.

 

Дар заминаи иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва супориши Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-лейтенанти хадамоти гумрук, Каримзода Хуршед Абдураҳмон кормандони мақомоти гумрук низ дар мусобиқаи мазкур ширкат варзиданд.

Ҳайати тими футболбозони мақомоти гумрукро Ҷаъфар Алиев, Исматулло Абдуллоев, Маҳмудҷон Сулаймонов, Суҳбатулло Қурбонов, Парвизҷон Алиев, Далер Навҷувонов, Шамсиддин Қодиров, Валиҷон Ҳайдаров ва Темур Ҳасанов ташкил медиҳанд. Аввалин бозии тими мақомоти гумрук 29 феврали соли ҷорӣ бо дастаи футболбозони Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид, ки бозии мазкур мусовӣ анҷом ёфт.

Рақобати навбатӣ миёни дастаҳо аз мақомоти гумрук ва Суди Олии иқтисодӣ 3 апрел баргузор шуд, ки дар он дастаи футболбозони мақомоти гумрук маҳорати хуби футболбозӣ нишон дода, дастболо гардиданд. Бозӣ бо ҳисоби 11:1 ба фоидаи тими футболбозони Хадамоти гумрук хотима ёфт.

Бояд қайд намуд, ки дар бозиҳои баргузоргардида корманди мақомоти гумрук Суҳбатулло Қурбонов аз худ маҳорати хуби футболбозӣ нишон дода, дар ду бозӣ 7 тӯб ба дарвозаи рақибон ворид намуд.

Ёдовар мешавем, ки даври ниҳоии рақобатҳо миёни кормандони вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳои ҷумҳуриявӣ ва корхонаҳои давлатию хусусии дар шаҳри Душанбе фаъолиятдошта 15 май доир гардида, ғолибон бо ифтихорномаву тӯҳфаҳо сарфароз гардонида мешаванд.

Ташкил ва баргузории чунин мусобиқаҳои варзишӣ аз таваҷҷӯҳ ва дастгирии бевоситаи роҳбарияти Олии кишвар ба рушди варзиш дар мамлакат сарчашма гирифта, баргузории чунин чорабиниҳои варзишӣ миёни сохторҳои қудратии кишвар баҳри қавӣ гардонидани дӯстии иштирокдорон, варзишгарон, мубодилаи пешрафту муваффақияти варзишӣ ва ба ин васила вусъат бахшидани тарзи ҳаёти солим мусоидат хоҳад кард.

Маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

sh9
sh8
sh7
sh6
sh5
sh4
sh3
sh2
sh1

Суроға: хиёбони Бухоро-50|
Ҷумҳурии Тоҷикистон|
ш. Душанбе|

(Cуроғаи почтаи электронии
Маҷаллаи "Гумрук")
info.gumruk@yandex.ru

Агар хоҳед, ки ҳамеша аз хабару эълонҳои нав огоҳ бошед, дар сомонаи мо обуна шавед: