ХАДАМОТИ ГУМРУКИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Вохӯрии намояндагони Кумитаи дин бо гумрукчиён

«Имрӯз терроризм ва экстремизм ҳамчун вабои аср ба амнияти ҷаҳон ва ҳар як сокини сайёра таҳдид карда, барои башарият хатари на камтар аз силоҳи ядроиро ба миён овардааст».

Эмомалӣ Раҳмон

3 апрели соли 2024 дар Дастгоҳи марказии Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии намояндагони Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кормандони мақомоти гумрук баргузор гардид.

 

Cардори Раёсати кадрҳо ва кор бо ҳайати шахсии Хадамоти гумрук, генерал-майори хадамоти гумрук, Баҳром Исматуллозода ҷамъомадро ифтитоҳ намуда, изҳор дошт, ки терроризм ва ифротгароӣ яке аз зуҳуроти номатлуб дар замони имрӯза ба шумор меравад, зеро он боиси ба миён омадани оқибатҳои нохуш - таҳдид ё истифодаи зӯроварӣ, расонидани зарари вазнин, бенизомӣ, тағйири сохти конститутсионӣ дар мамлакат, ғасби ҳокимият ва аз они худ кардани ваколатҳои он, барангехтани низои миллӣ, иҷтимоӣ ва динӣ мебошад.

Истилоҳи «терроризм» (аз калимаи лотинии «tеrrоr») маншаъ гирифта, маъноаш «тарс ва ваҳм» аст.

Терроризм аз нуқтаи назари ҳуқуқӣ чунин аст: «Ин содир намудани амалҳое мебошанд, ки ба одамон хатари марг ба миён меоварад, истифодаи он мақсади ҷисмонӣ, бартараф кардани рақибони сиёсӣ, вайрон кардани бехатарии ҷамъиятӣ, тарсонидани аҳолӣ ё расонидани таъсир барои аз тарафи ҳокимият қабул кардани қарорҳо мебошад».

Зӯроварӣ, зулм, фишороварӣ, таҳқир ва паст задани шаъну шарафи инсон, хусусан гурӯҳҳои дигари этникӣ аз ҷониби ҷомеа ва давлат мумкин аст, эътирозро ба вуҷуд оварад, ки он мумкин аст ба ифротгароӣ сабзида расад.

Чорабинии мазкур дар асоси Нақшаи кори комиссияи ҷамъиятии Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба танзими анъана ва ҷашну маросим барои соли 2024 доир шуда, дар вохӯрӣ Мансур Ниёзӣ – корманди Кумита, Мавзуна Бекназарова – сармутахассиси Кумитаи дин ва кормандони мақомоти гумрук ширкат варзиданд. Зимни суханронӣ мутахассисони соҳаи дин вобаста ба шарҳу тавзеҳи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Консепсияи сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи дин” маърӯза ва суханронӣ намуданд.

Иброз гардид, ки қонун ва консепсияи қабулшуда дар самти ба низому тартиб даровардани анъана, маросиму ҷашнҳои милливу диннӣ, инчунин дигар суннатҳои мардумӣ нақши бориз гузоштаанд. Бо қабули онҳо пеши роҳи сарфи зиёди маблағ дар баргузории маъракаҳо гирифта шуда, дастгирии молиявӣ ва моддии шахсони камбизоату ниёзманд бештар гардид. Инчунин, пеши роҳи хурофоту таассуб, худнамоиву зоҳирпарастӣ ва исрофкориву зиёдарвӣ низ гирифта шуда, ба ҷорӣ гардидани низому тартиботи ягонаи баргузории чорабиниҳои милливу мардумӣ роҳ кушод.

Дар идома оид ба вазъи кунунии сайёра, ибрози назар карда шуд. Аз шаҳрвандон хоҳиш гардид, ки зирракиву ҳушёрии сиёсиро аз даст надода, ба ҳар гуна гурӯҳҳу ҳизбҳои мамнӯъ рӯ наоранд ва фирефтаи дасисабозиву ҳиллаву найранги онҳо нагарданд.

Зеро, ки амалҳои террористӣ – бевосита содир намудани ҷинояти дорои хислати террористӣ дошта дар шакли таркиш, пахши одамон тавассути мошинҳо, истифодаи моддаҳои радиоактивӣ, химиявӣ, содир намудани дигар амалҳое, ки боиси хавфи ҳалокати одамон аст, равона карда шудааст. Дар маҷмӯъ мақсади асосии террористон ба таври зӯровари ғасб намудани давлат ва аз нигоҳи талаботҳои шариат ҳукмрони намудан аст. Баҳри амали намудани ин ниятҳои нопокашон онҳо омода ҳастанд, ки ҳато муқаррароти Қуръони маҷидро тағйир диҳанд.

Дар анҷоми ҷаласа таъкид гардид, ки ҳар кадоми моро мебояд, талаботҳои қонуни қабулшударо риоя намуда, ба исрофкориву зиёдаравӣ роҳ надиҳем ва барои баланд бардоштани сатҳи иҷтимоию иқтисодии ҳаёти шаҳрвандонамон саҳмгузор бошем.

Маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

sh9
sh8
sh7
sh6
sh5
sh4
sh3
sh2
sh1

Суроға: хиёбони Бухоро-50|
Ҷумҳурии Тоҷикистон|
ш. Душанбе|

(Cуроғаи почтаи электронии
Маҷаллаи "Гумрук")
info.gumruk@yandex.ru

Агар хоҳед, ки ҳамеша аз хабару эълонҳои нав огоҳ бошед, дар сомонаи мо обуна шавед: