Наврӯз ва ҳикмату фалсафаи он бар пояи бузургдошт ва ситоиши инсон, сарфи назар аз мансубияти диниву мазҳабӣ ва мақоми иҷтимоӣ, баробарӣ, таҳаммулгароӣ, авфу бахшиш, оғози саҳифаи нав дар зиндагӣ ва дар маҷмӯъ, сулҳу субот бунёд гардидааст.
Мардуми фарҳангсолори мо ин ҷашни бостониро аз гузаштагони худ ба мерос гирифта, онро дар суннату анъанаҳо, ҳунарҳои мардумӣ ва адабиёти хаттиву шифоҳӣ бисёр васеъ ва ба таври шоиста инъикос намудаанд.
Бахшида ба ин санаи муборак -Ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ 23 марти соли 2024 дар бинои дастгоҳи марказии Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷамъомади идона бо шукуҳу шаҳомати хоса баргузор карда шуд.
Чорабиниро Сардори хадамоти гумруки назди Ҳуқумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-лейтенанти хадамоти гумрук, Каримзода Хуршед Абдураҳмон оғоз намуда, ҳозиринро бо фарорасии иди Наврӯз - иди аҷдодӣ, баробаршавии шабу рӯз ва эҳёи табиат шодбош гуфта, таманниётҳои неки худро ба кормандони мақомоти гумрук ва дар симои онҳо ба аҳлу оила ва пайвандонашон иброз намуд.
Мавсуф қайд карданд, ки таърихи ҷашни Наврӯз аз қаъри ҳазорсолаҳо сарчашма мегирад ва бо сарнавишти пурпечутоб, вале пурифтихору ибратомӯзи халқи тоҷик робитаи ногусастанӣ дорад ва Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз кишварҳои ташаббускори ҷаҳонишавии иди Наврӯз маҳсуб ёфта, бо ибтикору пешниҳоди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин ҷашни бошукуҳ мақоми байналмилалиро касб кард ва он дар ҷаҳон бо риояи суннатҳои неки Наврӯзӣ ҳамасола таҷлил мегардад, ки боиси ифтихори мо тоҷикон мебошад.
Яъне бо ҷаҳонӣ шудани ҷашни Наврӯз рисолат ва нақши он дар самти густариши ҳамкориву табодули фарҳангҳо, ҳусни тафоҳуми байни миллатҳо ва таҳкими сулҳу субот дар миёни халқҳои олам боз ҳам тақвият пайдо намуд.
Дар чорабинӣ бахшида ба истиқболу пазироии Наврӯзи хуҷастапай бо ибтикори роҳбарият ва кормандони хадамот гӯшаи Наврузӣ ташкил карда шуд, ки дар он осори ҳунарҳои мардумии тоҷикон, асбобу ускунаи чӯбин, бардевориҳои зардӯзиву гулдузӣ ва қуроқӣ, кафшу пероҳанҳои қадимаи тоҷикӣ ва дигар ашёе, ки аз ҳунармандии мардуми куҳанбунёдамон шаҳодат медиҳанд аз ҷониби кормандони хадамот ҷамъоварӣ гардида ба мазраи тамошо гузошта шуд.
Бояд қайд намуд, ки оростани хони “ҳафт син” ва “ҳафт шин” яке аз анъанаҳои Наврӯзӣ ба шумор рафта, ташкили ин гӯша аз ҳунармандиҳои бонувони хадамот шаҳодат дода ба чорабинӣ ҳусни тозза зам намуд.
Эҳёи суннат ва оинҳои наврӯзӣ дар даврони соҳибистиқлолӣ ҳамчун паёми мардуми кӯҳанбунёди тоҷик ва сокинони ҳавзаи тамаддуни Наврӯз ба оламиён, мақоми байналмилалӣ гирифтааст.
Ҳадаф аз баргузории гӯшаи мазкур ин бори дигар ёдрас гардидан аз ҳунармандиву ихтисосмандии мардуми диёрамон, зинда гардонидани осори бойи ҳунарҳои мардумӣ ва рӯй овардан ба расму анъанаҳои дурмондаи ниёгон мебошад.
Ҳамчунин, бахшида ба таҷлили ҷашни Наврӯзи оламафрӯз чорабиниҳои варзишӣ аз рӯи намудҳои шоҳмот, шашака, нардӣ, тениси руимизӣ, бандкашӣ ва вазнбардорӣ байни кормандони хадамот баргузор гардиданд, ки даври ниҳоии ин мусобиқаҳо рӯзи 25-уми март дар чорабинии Наврӯзӣ доир карда шуда, ғолибон муайян ва бо Диплом, Ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравӣ аз ҷониби сардори Хадамоти гумрук сарфароз гардонида шуданд.
Дар фарҷоми чорабинӣ роҳбарияти мақомоти гумрук бори дигар фарорасии шабу рӯзи Наврӯз, яъне рӯзи нав, соли навро ба кормандони хадамот ва дар симои онҳо тамоми мардуми тоҷик ва мардуми ҳавзаи Наврӯзро табрику таҳният намуданд.
Маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон