31 январи соли 2024 Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал – лейтенанти хадамоти гумрук, Каримзода Хуршед Абдураҳмон бо сафири фавқулодда ва мухтори Кореяи Ҷанубӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Квон Донгсок ва намояндагони Хадамоти гумруки Кореяро ба ҳузур пазируфт.
Хуршед Каримзода меҳмононро барои ташриф ба Хадамоти гумрук хайрамақдам намуда, иброз дошт, ки мулоқоти имрӯза пурсамар буда, ҷиҳати таҳкиму густариши ҳамкориҳои судманд байни мақомоти гумруки Тоҷикистон ва мақомоти гумруки Ҷумҳурии Корея заминаи мустаҳкам фароҳам хоҳад овард.
Ҳамчунин, дар мулоқот ҷонибҳо тақвияти ҳамкориҳои дуҷониба дар самти фаъолияти гумрукӣ, афзоиши ҳаҷми гардиши тиҷорати хориҷии байни тарафҳо, баррасии лоиҳаи Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Корея оид ба ҳамкорӣ ва ёрии байниҳамдигарӣ дар самти фаъолияти гумрукӣ ва дастгирии техникии «Зерсистемаи идораи таваккал»-и Системаи иттилоотии автоматонидашудаи ягонаи Хадамоти гумрукро мавриди баррасӣ ва муҳокима қарор доданд.
Тазаккур бояд дод, ки бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Корея 16 сентябри соли 2021 зимни сафари Сардори Хадамоти гумруки Ҷумҳурии Корея Лим Чжэ Ҳиён зерсистемаи «Идораи таваккал»-и Системаи ягонаи иттилоотии автоматии Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон расман оғоз намуд.
Дар доираи зерсистемаи болозикр аз ҷониби Хадамоти гумрук лоиҳаи дастгирии техникии «Зерсистемаи идораи таваккал» барои 3 сол таҳия гардида, он аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Корея дастгирӣ ёфт.
Инчунин, сафири фавқулодда ва мухтори Кореяи Ҷанубӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Квон Донгсок аз ҳамкориҳои мутақобилан судманди тарафҳо изҳори розигӣ намуда, иброз дошт, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз кишварҳои ҳамҷавори Корея ба шумор рафта, бояд ба густариши ҳамкориҳо дар сатҳи зарурӣ диққати аввалиндараҷа зоҳир намуд.
Ҳамзамон, аз ҷониби меҳмонон оид ба лоиҳаи дастгирии техникии «Зерсистемаи идораи таваккал» маърӯза рунамоӣ гардида, ки дар он тарзу усулҳои дуруст ва самаранокӣ истифодабарии он пешкаши иштирокчиён сурат гирифт.
Тазаккур бояд дод, ки дар чорабинӣ ҳамчунин, муовини якуми сардори Хадамоти гумрук генерал-майори хадамоти гумрук Турсунзода Азим Ҳайдар, сардори Раёсати ҳамкориҳои байналмилалии гумрукӣ подполковники хадамоти гумрук Ёрмаҳмадзода Комёр Ёрмаҳмад, сардори Раёсати назорати баъди барасмиятдарории гумрукӣ ва аудит полковники хадамоти гумрук Давлатов Азизулло Нусратуллоевич, сардори Раёсати таҳлил ва омори гумрукӣ полковники хадамоти гумрук Ҳасанзод Лутфулло Азизулло, сардори Маъмурияти СИАЯ подполковники хадамоти гумрук Султонов Қурбонмурод Комилович ва сарнозири Раёсати ҳамкориҳои байналмилалии гумрукӣ капитани хадамоти гумрук Бадалов Аҳмад Муҳамадалиевич ва намояндаи Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҷабалӣ Фирӯз иштирок намуданд.
Дар фарҷоми мулоқот, ҷонибҳо ҳалли масъалаҳои мазкурро муҳим арзёбӣ намуда, барои татбиқи онҳо бо дарназардошти манфиатҳои миллии тарафҳо ибрози омодагӣ намуданд.
Маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон