22 январи соли 2024 дар Дастгоҳи марказии Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ифтихори 32 – умин солгарди таъсисёбии мақомоти гумрук маҷлиси тантанав баргузор гардид.
Дар маҷлиси тантанавӣ Холиқзода Ҳоким Ҳикматулло муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарияти Хадамот, сардорони воҳидҳои сохторӣ ва ҳайати шахсӣ ҳузур доштанд.
Маҷлиси тантанавиро Cардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал – лейтенанти хадамоти гумрук, Каримзода Хуршед Абдураҳмон ҳусни оғоз бахшида, аҳли толорро бахшида ба 32 – умин солгарди таъсисёбии мақомоти гумрук табрику таҳният намуданд. Зимни суханронии худ иброз доштанд, ки мақомоти гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун мақомоти ваколатдори ҳифзи ҳуқуқии ҳокимияти иҷроия оид ба масъалаҳои гумрукӣ давоми 32 соли фаъолият, вобаста ба шароити замони муосир дар марҳилаи такмилу таҷдид қарор дорад.
Имрӯз мақомоти гумрук ба як фишанги муҳими татбиқи сиёсати иқтисодии кишвар ва институти муқтадири таъминкунандаи амнияти иқтисодию тиҷоратӣ ва фарҳангию иҷтимоӣ мубаддал гардидааст. Ҷумҳурии Тоҷикистон узви Созмони Умумиҷаҳонии Савдо, Созмони Умумиҷаҳонии Гумрукӣ ва иштирокчии як қатор конвенсияҳои байналмилалӣ, шартномаҳои байнидавлатӣ, байниҳукуматӣ, байниидоравии бисёрҷониба ва дуҷониба дар соҳаи фаъолияти гумрукӣ, мебошад.
Чунин заминаи боэъдимоди ҳуқуқӣ имкон фароҳам меорад, ки мақомоти гумрук дар мамлакат дар ояндаи чун ниҳоди муҳими таҳкимбахши иқтисодиёти кишвар, дар амалӣ гаштани барномаҳои давлатии рушди Тоҷикистон мусоидат хоҳад намояд.
Дар ҷамъомади тантанавӣ бахшида ба рӯзи гумрук, бо ёдоварӣ аз марҳилаҳои тайшуда ва раванди ташаккури ин сохтори муҳими давлатӣ, зикр гардид, ки фаъолияти назарраси кормандони Мақомоти гумрук барои иҷрои нақшаи пардохтҳои гумрукӣ дар заминаи дастуру супоришҳои Роҳбарияти олии мамлакат пайваста тадбирҳо меандешад.
Дар шароити имрӯзаи иқтисодиёти ҷаҳонӣ барои беҳтар намудани вазъи соҳаҳои иқтисоди миллӣ доир ба истифодаи самараноки захираву иқтидорҳои молиявӣ, истеҳсолӣ ва табиии кишвар, пешбурди сиёсати самараноки молия ва қарз, риояи қатъии низоми истифодаи сарфакоронаи маблағҳои буҷетӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ, ҳимояи истеҳсолкунандагони ватанӣ ва тақвияти иқтидорҳои содиротӣ дар назди кормандони гумрук низ фаъолияти пурмаҳсулро тақозо мегардад.
Дар ин рӯз аз фаъолияти ҳар рӯзаи Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон натиҷагири карда шуда, инчунин барои мустаҳкам намудани ҳамкориҳои гумрукӣ бо кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил роҳбарон ва кормандони фаъоли Хадамоти гумрук бо ифтихорнома ва нишони сарисинагӣ қадрдони карда шуданд.
Бо дарназардошти саҳми муносиб дар ин самт ва ҷоннок намудани фаъолият, дар чорабинӣ кормандони ин мақомот барои иҷрои софдилонаи уҳдадориҳои хизматӣ, интизоми намунавӣ, ноил гаштан ба натиҷаҳои назаррас дар фаъолияти хизматӣ бо нишон “Аълочии мақомоти гумрук”, медали ҷашни “30-солагии мақомоти гумрук”-и Ҷумҳурии Тоҷикстон ва “Ифтихорнома”, “Раҳматнома”, рутбаҳои махсуси навбатии хадамоти гумрук ва бо дигар мукофотҳо сарфароз гардонида шуданд.
Бояд зикр намуд, ки тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2023" нақшаи воридоти пардохтҳои гумрукӣ дар соли 2023 ба маблағи 7 408,8 млн сомонӣ пешбинӣ гардида, баъдан бо дарназардошти ворид намудани тағйиру иловаҳо нақшаи аниқшудаи пардохтҳои гумрукӣ дар ин давра маблағи 8 008,8 млн сомониро ташкил дод.
Аз ҷумла, воридоти пардохтҳои гумрукӣ аз ҳисоби андоз аз арзиши иловашуда 5 926,0 млн сомонӣ, боҷи гумрукӣ 1 050,8 млн сомонӣ, боҷи содиротӣ 178,2 млн сомонӣ, андози аксизӣ 707,0 млн сомонӣ ва аз ҳисоби воридоти ғайриандозӣ 146,8 млн сомонӣ пешбинӣ гардида, дар асл ба буҷети давлатӣ 9 079,6 млн сомонӣ ворид карда шуд, ки ин нисбат ба нақшаи тасдиқшуда ба қадри 1 670,8 млн сомонӣ ё 122,6 фоиз ва нисбат ба нақшаи аниқшуда ба андозаи 1 070,7 млн сомонӣ ё 113,4 фоиз зиёд мебошад.
Пардохтҳои гумрукии ҷамъовардашуда нисбат ба пардохтҳои гумрукии дар соли 2022 ҷамъовардашуда ба маблағи 1708,5 млн сомонӣ зиёд мебошад.