ХАДАМОТИ ГУМРУКИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Тамошои дастаҷамъонаи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Паёми Президенти Ҷумуҳурии Тоҷикистон-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба Маҷлиси олии Ҷумҳурии Тоҷикисотон, ки бо таҳлили дигаргуниҳо ва дастовардҳои замони соҳибистиқлолӣ сурат гирифт, кормандони Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон низ фаъолона тамошо намуданд.

 

28 декабри соли 2023 кормандони Дастгоҳи марказии Хадамоти гумрук дар толори он ҷамъ омада, дастаҷамъона Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олиро тамошо намуданд.

Зимни ироаи Паёми худ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр намудам, ки ҳадафи олии давлат ва Ҳукумати мамлакат мунтазам баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум мебошад.

Ҳангоми Ироаи Паёми худ ба Маҷлиси олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо таҳлилиу натиҷагирии музаффариятҳо ва нақшаҳои амали гардида, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид намуданд, ки рушди устувор дар мамлакат таъмин гардида, сатҳи зиндагии мардум сарфи назар аз таъсири омилҳои беруна ба иқтисодиёт нигоҳ дошта шуд.

Дар ин самт таъкид гардид, ки дар баробари таъсири манфии омилҳои берунӣ ба иқтисоди миллӣ, дар натиҷаи татбиқи самараноки ислоҳоти иқтисодӣ, амалӣ намудани стратегияву барномаҳо ва тадбирҳои зиддибуҳронӣ, аз ҷумла дар соли 2023 ҷиҳати устувор нигоҳ доштани нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ, фаъолияти босуботи низоми пардохтҳо, хосса пардохтҳое, ки барои ғанисозии буҷети давлат нигаронида шудаанд натиҷаҳо назаррас буда, дар маҷмуъ бо фарогирии ҳаммаи бахшҳо рушди иқтисоди миллӣ дар сатҳи зарурӣ таъмин карда шуд.

Дар ин замина таҳкид гардид, ки барои нигоҳ доштани рушди босуботи иқтисодӣ, таъмин намудани устувории молияи давлат, афзоиши даромад ва баланд бардоштани самаранокии буҷет заминаи зарурии қонунгузорӣ фароҳам оварда шуда, корҳо дар самти мукаммал гардонидани низоми миллии молия ва андозу дигар пардохтҳои давлатӣ идома доранд.

Таъкид гардид, ки дар раванди идомакардани таҳаввулот дар иқтисоди ҷаҳонӣ ва таъсири манфии омилҳои берунӣ ба иқтисоди миллӣ, дар натиҷаи татбиқи самараноки ислоҳоти иқтисодӣ, амалӣ намудани стратегияву барномаҳо ва тадбирҳои зиддибуҳронӣ рушди иқтисодиёти Тоҷикистон таъмин гардида, соли 2023 Маҷмӯи маҳсулоти дохилии Тоҷикистон 8,3 % зиёд гардид.

Таъкид гардид, ки соли 2023 барои Тоҷикистон бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он, хушксолию камобии солҳои охир дар минтақа ва бо шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди мамлакат соли бобарор гардид.

«Дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омада, Маҷмӯи маҳсулоти дохилии мамлакат нисбат ба соли гузашта 8,3 % зиёд гардид ва ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шуд».

Таъкид шуд, ки қисмати даромади буҷети давлатӣ 102,5% таъмин гардид. Дар маҷмуъ кормандони Хадамоти гумруки назди Ҳукукмати Ҷумҳурии Тоҷикистон Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро роҳнамои мукаммали фаъолият пазируфта, баҳри татбиқи ҳадафу барномаҳои мукаммали рушд, таҳкими низоми пардохтии мамлакат ва барномаҳои нақшавии рушди иқтисодӣ дар кишвар, бо идоракунии самаранок баҳри таъмини афзалиятҳои кишвар камар мебанданд.

Маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

sh9
sh8
sh7
sh6
sh5
sh4
sh3
sh2
sh1

Суроға: хиёбони Бухоро-50|
Ҷумҳурии Тоҷикистон|
ш. Душанбе|

(Cуроғаи почтаи электронии
Маҷаллаи "Гумрук")
info.gumruk@yandex.ru

Агар хоҳед, ки ҳамеша аз хабару эълонҳои нав огоҳ бошед, дар сомонаи мо обуна шавед: