ХАДАМОТИ ГУМРУКИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Ҷаласаи навбатии Шӯрои ҷамъиятиву машваратӣ доир ба фаъолияти гумрукии Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дар Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷаласаи навбатии Шӯрои ҷамъиятиву машваратӣ доир ба фаъолияти гумрукӣ дар назди Хадамоти гумрук доир гардид, ки дар кори он намояндагони мақомотҳои давлатӣ, аҳли тиҷорат ва масъулини воҳидҳои сохтории Хадамоти гумрук, иштирок намуданд.

Дар ҷаласаи мазкур баррасии масъалаҳои марбут ба тартиби рамзгузории электронӣ, фаъолияти операторони пайгирикунандаи гардиши молҳо ва раванди назорати онҳо, муаррифии махзани санадҳои меъёрии ҳуқуқии “Гумрук”, ҷамбасти натиҷаҳои ҷаласа ва дигар масъалаҳо мавриди баррасии аҳли нишаст қарор дода шуд.

Ҷаласаро Муовини якуми Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Турсунзода Азим Ҳайдар кушода эълон намуд.

Турсунзода А.Ҳ. иброз дошт, ки мақомоти гумрук дар раванди содагардонии тиҷорат ва савдо нақши калидиро доро мебошад ва маҳз бо ҳамин мақсад фаъолияти худро дар самти содагардонии раванди барасмиятдарории гумрукӣ, электронӣ намудани фаъолияти воҳидҳои сохторӣ ва ба сатҳи байналмилалӣ мутобиқ намудани хизматрасониҳои гумрукӣ равона кардааст.

Бо ин мақсад, дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 ноябри соли 2019, №537 Барномаи миёнамуҳлати рушди мақомоти гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020 – 2024 қабул гашта, раванди татбиқи он амалӣ гардида истодааст.

Аз рӯи масъалаи дуюми ҷаласа, ҷиҳати муаррифии махзани санадҳои ҳуқуқии “Гумрук” намояндаи Раёсати таъмини ҳуқуқӣ-Ҳакимова Матлуба баромад намуда, иброз дошт, ки портали мазкур дар давоми шаш моҳ дар доираи маблағгузориҳои Бонки Ҷаҳонӣ, амалӣ карда шуд.

Портали махзани санадҳои ҳуқуқии “Гумрук” ба иштирокчиёни фаъолияти иқтисодии хориҷӣ, кормандони мақомоти гумрук ва дигар шахсони манфиатдор дастрасии бемамониятро ба санадҳои меъёрию ҳуқуқии соҳаи гумрук фароҳам меорад.

Инчунин, зимни баромад ба ҳозирин тартиби истифодабарӣ аз портал дар реҷаи воқеӣ муаррифӣ карда шуд.

Баъд аз он, вобаста ба масъалаи сеюми баррасишаванда муовини якуми Сардори Хадамоти гумрук-Турсунзода А. Ҳ. оғоз намуда, иброз дошт, дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рамзгузории электронӣ, фаъолияти операторони пайгирикунандаи гардиши молҳо ва раванди назорати онҳо» аз 12 июни соли 2023, №263 ба таври марҳилавӣ ҷорӣ намудани рамзгузории электронии барои тамокуи коркардшуда, маҳсулоти саноатии ивазкунандаи тамоку ва маҳсулоти тамоку, маҳсулотии дорои никотин, моеи дорои некотин, маҳсулот аз тамокуи гармкардашуда, сигорҳои электронӣ, дастгоҳҳои интиқоли дуд тавассути мушаххаснамоии рақамӣ, машрубот ва маҳсулоти спиртдор, ҳама намуди спирт ва нӯшокиҳои энергетикӣ то 1 июли соли 2024 муайян карда шудааст. Дар ин раванд, аз ҷониби Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дарназардошти банди 4 қарори болозикр ҶДММ “Технология групп” ба ҳайси оператор оид ба пайгирнамоии муомилоти мол, муайян гардидааст.

Сипас сухан ба намояндагони ҶДММ “Технология групп” ҷиҳати пешниҳод рӯнамо дода шуд.

Намояндаи ҶДММ “Технология групп” вобаста ба тартиби фаъолияти системаи пайгирии мол, воридоти маҳсулот ва рамзгузории онҳо баромад намуд.

Ҳозирин бо дарназардошти таҷрибаи дигар кишварҳо иқдоми мазкурро саривақтӣ ва ба мақсад мувофиқ дониста, пешниҳод намуданд, ки корҳои фаҳмондадиҳӣ миёни иштирокчиёни фаъолияти иқтисодии хориҷӣ дар ин самт ҷоннок карда шавад.

Муовини якуми Сардори Хадамоти гумрук Турсунзода А.Ҳ. таклифу пешниҳодҳои аз тарафи иштикорчиён манзургардидаро қобили дастгирӣ шуморида, пешниҳод намуд, ки бо мақсади мусоидат дар амалисозии раванди рамзгузории электронӣ ва назорати фаъолияти оператори пайгирикунандаи гардиши молҳо ҶДММ “Технология групп” ба Шӯрои ҷамъиятиву машваратӣ доир ба фаъолияти гумрукии Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аъзо карда шавад. Пешниҳоди мазкур аз ҷониби аъзоён дастгирӣ ёфт.

Дар охир Турсунзода А.Ҳ. аз ҳамкории мутақобила бо иштирокчиён изҳори миннатдорӣ намуда, қайд кард, ки ҳамкориҳоро минбаъд низ, бо мақомоти иҷроия ва аҳли тиҷорат, хубтар ба роҳ монда, таҷрибаи кишварҳои пешрафта дар фаъолияти минбаъдаи Шӯро истифода бурда шавад.

Ҳадафи таъсиси Шуро ҳамчун мақоми ҷамъиятию машваратӣ, пеш аз ҳама дар асоси ҳамкории мутақобилаи мақомоти гумрук мусоидат бо аҳли тиҷорат ва саноат дар таҳия ва татбиқи сиёсати гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, таъмини ҳифзи манфиатҳои иқтисодии мамлакат ва ташкили шароитҳои мувофиқ барои фаъолияти соҳибкорӣ, такмили сохтори амалиёти содиротию воридотӣ ва ҷалб намудани сармояи хориҷӣ мебошад.

Шӯро фаъолияти худро дар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрии ҳуқуқии Хадамоти гумрук, Низомнома ва регламенти кории Шӯро ба роҳ мемонад.

Маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

sh9
sh8
sh7
sh6
sh5
sh4
sh3
sh2
sh1

Суроға: хиёбони Бухоро-50|
Ҷумҳурии Тоҷикистон|
ш. Душанбе|

(Cуроғаи почтаи электронии
Маҷаллаи "Гумрук")
info.gumruk@yandex.ru

Агар хоҳед, ки ҳамеша аз хабару эълонҳои нав огоҳ бошед, дар сомонаи мо обуна шавед: