15 декабри соли 2023, дар бинои дастгоҳи марказии Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вохурии ҳайати намояндагони Агентии Ҷопон оид ба ҳамкориҳои байналмилалии (JICA) бо Муовини якуми Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-майори хадамоти гумрук, Турсунзода Азим Ҳайдар баргузор гардид.
Ҳайати намояндагони Агентии Ҷопон оид ба ҳамкориҳои байналмилалии (JICA) ҷамъоварии маълумот дар таҳкими вазифаҳои логистикии масири баҳри Каспий (долони миёна) дар Осиёи Марказӣ ва Қафқозро Окуда Хисакатсу, ҷонишини директор дар Осиёи миёна ва Қафқоз роҳбарӣ намуд.
Дар рафти вохурӣ ҷонибҳо доир ба самтҳои омода намудани мутахассисони соҳаи гумрук, таҳияи лоиҳа оид ба мустаҳкамгардонии сарҳад, такмил намудани вазъи иқтисодӣ ва амнияти назди сарҳадӣ, баланд бардоштани сатҳи дониши кормандон, пурзур намудани назорати гумрукӣ ва таъмини бехатарии интиқоли мол аз сарҳади гумрукӣ, беҳтар намудани савдои наздисарҳадӣ ва таъмин кардани дидбонгоҳо бо таҷҳизотҳои ҳозиразамони муоинаи гумрукӣ, мубодилаи афкор намуданд.
Ҷонибҳо, инчунин дар ҷараёни суҳбат масъалаҳои рушди инфрасохтори мақомоти гумрук ва ҷалби маблағҳо барои андешидани чораҳо оид ба пешгирии қочоқӣ молу воситаҳои нақлиёт мавриди баррасӣ қарор доданд.
Ҳамчунин, таъкид гардид, ки ҳамкорӣ ҷиҳати омода кардани мутахассисон дар самти фаъолияти гумрукӣ ҳамчун афзалияти муҳими рушди муносибатҳои дуҷониба боқӣ мемонад.
Дар вохӯрӣ, инчунин ҷонишини директори Раёсати ҳамкориҳои байналмилалӣ бюрои гумрукӣ ва тарифии Вазорати молия Фукузоно Акихико, нозири калони бюрои гумрук, гумрук ва тарифи Нагасаки Такаянаги Кейта, корманди шуъбаи Осиёи миёна ва Кавказ Хаяши Аико, мушовири таҳияи лоиҳа Уехара Макико, корманди барнома Фируз Табаров, сардори Раёсати ҳамкориҳои байналмилалии гумрукии Хадамоти гумрук Ёрмаҳмадзода Комёр, сардори Раёсати ташкили назорати гумрук Шарипов Ҷовидон Аминҷонович, сардори шуъбаи сохтмони Раёсати молиявию хоҷагӣ Саидов Аслам ва нозири Раёсати ҳамкориҳои байналмилалии гумрукӣ Гулосова Фарзона Иброимбековна ширкат варзиданд.
Маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон