14 декабри соли 2023 Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал – лейтенанти хадамоти гумрук, Каримзода Хуршед Абдураҳмон сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Туркия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Умут Аҷарро ба ҳузур пазируфт.
Дар вохӯрӣ дурнамои ҳамкориҳои дуҷониба дар самти фаъолияти гумрукӣ ва дигар масъалаҳои мавриди эҳтимоми тарафайн табодули назар сурат гирифт.
Каримзода Хуршед, зимни суханронии худ меҳмононро ба Хадамоти гумрук хайрамақдам гуфта, иброз дошт, ки вохӯрии мазкур дар тақвият ва густариши ҳамкориҳо байни мақомотҳои гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Туркия, заминаи устувор хоҳад гузошт.
Муносибатҳои дуҷониба байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Туркия аз даврони истиқлолият ба даст овардани Ҷумҳурии Тоҷикистон расман оғоз ёфта, онҳо дар сатҳи баланди сиёсӣ баръало мушоҳида мегарданд ва ҷиҳати густаришу тавсеаи ҳамкориҳо миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Туркия Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ таъсис дода шуда, то имрӯз 11 нишасти Комиссия дар шаҳрҳои Душанбе ва Анкара баргузор гардидаааст. Дар раванди баргузории Комиссияи муштараки байниҳукуматии мазкур Шӯрои соҳибкорон ҳамчун абзори ҳамоҳангсозии ҳамкориҳои бахши хусусии ду кишвар таъсис дода шуда, дар баланд бардоштани иқтисодиёти кишварҳо заминаи мусоидро фароҳам хоҳанд овард.
Зимни суҳбат Сардори Хадамоти гумрук Каримзода Х.А. қайд намуданд, ки тибқи маълумотҳои омори гумрукӣ гардиши тиҷорати хориҷӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Туркия дар сатҳи зарурӣ ташаккул ёфтааст, боиси рушди муносибатҳои иқтисодии ҷонибҳо гардидааст.
Хуршед Каримзода қайд намуд, ки ҷиҳати бозҳам таҳкими ҳамкориҳои гумрукӣ фароҳам овардани мубодилаи электронии маълумоти гумрукии миёни мақомотҳои гумруки ду кишвар муҳим буда, аз ҷаноби сафир ҷиҳати ҳалли ин масъала даъват ба амал овард, зеро роҳандозӣ ва густариши минбаъдаи робитаҳои байни ду кишвар дар табодули таҷриба дар самти фаъолияти гумрукӣ инъикос гардида, ба дараҷаи баланди муносибатҳои иқтисодӣ хоҳанд расид.
Инчунин, ҷонибҳо масъалаи густаришу тавсеаи ҳамкориҳоро дар баргузории Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ арзёбӣ намуда, ҷиҳати фароҳам овардани заминаи ҳуқуқӣ дар самти фаъолияти гумрукӣ ба таҳияи лоиҳаи санади ҳамкори оид ба мубодилаи мутақобилаи маълумотҳои омори гумрукии савдои дуҷониба байни Тоҷикистону Туркия ишора намуданд.
Дар фарҷоми вохӯрӣ ҷонибҳо ҳалли масъалаҳои матраҳшударо муҳим арзёбӣ намуда, барои татбиқи онҳо изҳори омодагӣ карданд ва бо итминони комил иброз доштанд, ки вохӯрии мазкур ба рушди босуръати ҳамкориҳои дуҷониба такони ҷиддӣ бахшида, ба таҳким ва густариши ҳамкориҳо дар самтҳои нави фаъолияти гумрукӣ хизмат хоҳад намуд.
Маврид ба зикр аст, ки дар вохӯрӣ, инчунин сармушовири тиҷоратии сафорат Мустафа Ишик, сардори Раёсати ҳамкориҳои байналмилалии гумрукии Хадамоти гумрук Ёрмаҳмадзода Комёр ва нозири калони Раёсати ҳамкориҳои байналмилалии гумрукӣ Намозов Аслиддин ширкат варзиданд.
Маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон