Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади эҳтиром ва қадршиносӣ, инчунин садоқат ба яке аз рамзҳои асосии давлат – Парчами Тоҷикистон 20 ноябри соли 2009 24 ноябрро Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон доштанд. Аз ҳамон сол инҷониб ҳар сол 24 ноябр Рӯзи Парчами давлатӣ бо ифтихору сарбаландӣ аз давлату давлатдории миллати тамаддунсози худ ҷашн гирифта мешавад.
Бахшида ба ин санаи муқаддас имрӯз дар толори маҷлисгоҳи Дастгоҳи марказии Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи тантанавӣ баргузор карда шуд.
Муовини сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-майори хадамоти гумрук Ҳурматзода Иззатулло Зариф, ворид намудани Парчами давлатро ба маҷлисгоҳ амр намуда, маҷлиси тантанавиро бахшида ба Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон кушода эълон кард, ки бо садо додани Суруди миллӣ чорабинии тантанавӣ ҳусни оғоз пайдо намуд.
Иззатулло Ҳурматзода зимни суханронии худ, иброз намуданд, ки парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон-шаҳодати ҳастии миллат, рамзи давлати комилҳуқуқу озод, нишон аз кишвари соҳибистиқлол ва вуҷуд доштани давлати пойдору устуворе бо номи Тоҷикистон мебошад.
Парчами давлатӣ, ҳамчун муқаддастарин рамзи давлатдории миллати куҳанбунёди мо дар тамоми гӯшаву канори мамлакат парафшонӣ намуда, дар фаъолияти давлатдорӣ, аз он ҷумла дар гузаронидани чорабиниҳои расмию ғайрирасмии давлатӣ, фарҳангӣ, варзишӣ, ҳамчунин, дар муносибатҳои байналмилалӣ ва дар ҳаёти ҳаррӯзаи ҳар як фарди ҷомеа мавқеъи муҳимро ишғол менамояд.
Боиси сарфарозии мардуми тоҷик аст, ки таи 31 сол инҷониб дар баробари садо додани Суруди миллӣ ба ҳангоми дастоварду пирӯзиҳои фарзандони арзандаи миллат дар кишварҳои гуногуни олам рамзи муқаддаси миллӣ парчами давлатӣ афрохта мешавад.
Парчами давлатӣ мақому мартабаи махсусеро, ҳамчун нишонаи азму иродаи устувори мардум, рамзи садоқат ва фахру ҳувиятро доррост, ки бо тобиши се ранг, ранги сурх озодиву истиқлол, ранги сафед сулҳу оромӣ, ранги сабз ободиву хуррамӣ ва дар байни он рамзи тоҷи зарҳалини соҳибдавлатӣ бо ҳафт ситораи дурахшон, таҷассумгари ифтихору номуси ватандорӣ, мавҷудияти таммаддуну фарҳанги бостонии тоҷикон, пайкари созандагиву асолати миллӣ, давлату давлатдории мустақим ва ормонҳои ватанхоҳиву каҳрамониҳои мардони сарзаминамон башорат медиҳад.
Парчами миллӣ ба мо имкон дод, ки ба мазмуну моҳияти ҳаёти давлати худ бо диди нав назар андозем, ба таърихи гузаштаамон бо чашми ибрат нигоҳ кунем ва ба сӯи ояндаи дурахшони давлату миллат бо эътимоди қавӣ қадамҳои устувор гузорем.
Сипас, якқатор командони ҷавон дар навбати худ ба сухан баромада, доир ба моҳияти таърихиву фарҳангӣ ва эҳтирому арҷгузорӣ ба ин рамзи нангу номуси ватандорӣ суханронӣ намуда, кайд намуданд, ки парчам барои шаҳрвандони ҳар давлати соҳибистиқлол мояи ифтихору сарфарозӣ буда, ифодагари ҳимояи марзу бум, забону фарҳанг, Ватану миллат ва нангу номуси фарзандони асили он низ мебошад. Аз ин рӯ, соҳиби парчами миллӣ ва ё давлатӣ будан – ин худ рамзи мустақилияту соҳибихтиёрии давлат буда, парафшонии он дар ҳар гӯшаву канори олам аз мавҷудияти ҳамон давлату миллат башорат медиҳад. Барафроштани парчами миллӣ таҷассуми симои сиёсии ҳар давлати соҳибистиқлол дар миқёси ҷаҳон мебошад.
Дар фарҷом Ҳурматзода Иззатулло Зариф бори дигар ҳамаи ҷамъомадагонро ба ифтихори Рӯзи парчами давлатӣ шодбош гуфта, иброз доштанд, ки эҳтироми парчами давлатӣ ва расидан ба қадри рамзҳои муққадаси Ватани соҳибистиқлол вазифа ва қарзи шаҳрвандии ҳар як фарди ҷомеа мебошад. Бигузор парчами бахтовари давлати соҳибистиқлоламон ҳамеша парафшону ҷовидон бошад.
Маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон