Бисту нуҳ сол муқаддам, 6 ноябри соли 1994, дар таърихи Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеаи бузург ба вуқуъ пайваст. Халқи тоҷик дар таърихи беш аз ҳазорсолаи давлатдориаш бори аввал Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ қабул намуд. Аз ин рӯ таҷлил намудани Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар санаи 6 ноябр яке аз идҳои асосии миллии мо маҳсуб мешавад.
- Рӯзи Конститутсия тантанаи иқболу истиқлол ва сарфарозию бахту саодати мардуми Тоҷикистон ба шумор меравад. Ин иди муқаддас дар радифи санаҳои фархундаи Рӯзи Истиқлоли давлатӣ, Рӯзи забони давлатӣ, Рӯзи Президент, Рӯзи Парчами давлатӣ ва Рӯзи Ваҳдати миллӣ барои мардуми сарбаланди Тоҷикистон басе азизу мукаррам аст. Зеро маҳз Истиқлолу озодӣ, Ваҳдати миллӣ, Президенти мардумӣ, Забони давлатӣ, Парчам ва Конститутсия ҳамчун шаш рукни ҳастӣ ва шаҳсутунҳои кохи бунёди Тоҷикистони азизу навин ба мардуми мамлакат хатти саодату башоратро нишон доданд. Бинобар ин, мардуми Тоҷикистон ба Конститутсия ҳамчун ба рукни муқаддаси миллӣ, санади сарнавиштсоз ва шаҳкитоби бахту саодат муносибат намуда, бисту нуҳ сол инҷониб дар партави татбиқи меъёрҳои он баҳри таъмини ҳаёти хушбахтонаи оилавӣ ва фардои дурахшони сарзамини аҷдодӣ саъю талош менамоянд.
Бахшида ба таҷлили 29-умин солгарди Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 3 ноябри соли 2023 дар толори маҷлисгоҳи Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-лейтенанти хадамоти гумрук Каримзода Хуршед Абдураҳмон ва ҳайати шахсии дастгоҳи марказии Хадамоти гумрук ҷамъомади тантанавӣ доир гардид.
Сардори Хадамоти гумрук Хуршед Каримзода мавзуи нақш ва аҳамияти қабули Конститутсияро дар барқарории сулҳу субот ва роҳи расидан ба Ваҳдати миллӣ мавриди баррасӣ қарор дод. Гуфта шуд, ки нақш ва аҳамияти қабули Қонуни асосӣ дар раванди истиқрори сулҳ ва ба даст овардани Ваҳдати миллӣ бағоят бузург аст. Қабули Конститутсия дар он шароити ҳассоси таърихӣ барои миллати тоҷик имконияти эъмори давлати ҳуқуқбунёд, демократӣ ва дунявиро фароҳам оварда, низом ва тартиботро дар ҷомеа барқарор сохт. Агарчи миллати тоҷик ба Ваҳдати миллӣ танҳо пас аз се соли қабули Қонуни асосӣ расид, вале паёму пайғом ва башорати сулҳу субот аз замони қабул дар ҳар муқаррароти ин санади олии ҳуқуқӣ ҳувайдо буд ва он роҳи расидан ба ҳадафу ормонҳои миллатро равшан сохт. Ин аст, ки қабули Конститутсия ба сифати яке аз бузургтарин рӯйдодҳои таърихи соҳибихтиёрии мамлакат шинохта шудааст.
Тавре ба ҳамагон маълум аст, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро аз ҷумлаи дастовардҳои бузурги мардуми Тоҷикистон, заминаи ҳуқуқии бунёди давлати соҳибистиқлоли тоҷикон, шакли ифодаи ҳуқуқии ормонҳои давлатдории миллӣ, ҳимояи ҳадафҳо ва манфиатҳои миллӣ, осори таърихӣ ва фарҳанги миллӣ ҳисобидаанд.
Ҳамчунин, дар ҷамъомади тантанавӣ аз ҷониби командони Хадамоти гумрук доир ба ин санади сарнавиштсози миллат маърузаҳо пешниҳод гардиданд.
Ба андешаи маърузачиёни ҷамъомад, бо гузашти солҳо наслҳои нав дарк менамоянд, ки Конститутсия воқеан бахтномаи миллати мо ба шумор рафта, дар амал татбиқ намудани талаботи Конститутсия ҷомеаро боз ҳам хушбахт ва давлатро пешрафта мегардонад.
Иброз гардид, ки мардуми Тоҷикистони соҳибистиқлол баробари қабули аввалин Конститутсияи худ озодӣ ва ҳуқуқи инсонро муқаддас шуморида, бунёди ҷомеаи адолатпарварро вазифаи худ эълон ва унсурҳои асосии ҷомеаи шаҳрвандиро муайян намуданд.
Ҳамзамон таъкид гардид, ки донистани Конститутсия ва дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ зиракии сиёсии ҳар шахсро тақвият мебахшад. Дар асоси зиракии сиёсӣ шахс масъулиятшинос шуда, вазифаи шаҳрвандии худро хуб анҷом дода метавонад.
Дар хотимаи ҷаласа Каримзода Х.А. бори дигар, ҳамаи кормандони мақомоти гумрукро ба ифтихори Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон шодбош намуда, иброз доштанд, ки ин нуқтаро набояд фаромӯш сохт, ки Конститутсия ба таҳкими ҳаёти осоишта, ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҷомеаи адолатпарвар замина мегузорад ва асос барои танзими зиндагии осоиштаву тинҷу ором мегардад.
Маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон