ХАДАМОТИ ГУМРУКИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Вохӯрии Сардори Хадамоти гумрук бо ҳайати Раёсати Созмони Миллали Муттаҳид оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ

26 октябри соли 2023 ҳайати Раёсати Созмони Миллали Муттаҳид оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ ба Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварданд. Меҳмононро Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-лейтенанти хадамоти гумрук Каримзода Хуршед Абдураҳмон ба ҳузур пазируфт. Ҳайати мазкурро Роҳбари бахши идоракунии сарҳадҳои Идораи Созмони Милали Муттаҳид оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ (UNODC) Алан Коул роҳбарӣ намуд.

Хуршед Каримзода меҳмононро барои ташриф ба Хадамоти гумрук хайрамақдам намуда, иброз дошт, ки мулоқоти имрӯза пурсамар буда, ҷиҳати таҳкиму густариши ҳамкориҳои судманд байни мақомоти гумруки Тоҷикистон ва Намояндагии доимии СММ дар Тоҷикистон заминаи мустаҳкам фароҳам хоҳад овард.

Дар навбати худ, Алан Коул барои истиқболи самимӣ ва ҳамкориҳои судманд изҳори сипос ва қаноатмандӣ намуда, қайд кард, ки Намояндагии доимии СММ дар Тоҷикистон барои дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти фаъолияти гумрукӣ омодагии хешро иброз менамояд.

Каримзода Хуршед афзуд, ки дар рафти ҳамкориҳои мутақобилан судманд бо дастгирии сохторҳои Созмони Миллали Муттаҳид кӯмакҳои назаррас дар шакли таҷҳизот, воситаҳои сайёри назорати гумрукӣ ва ташкили давраҳои омӯзишӣ, ҷиҳати баланд бардоштани савияи дониши кормандони мақомоти гумрук пешбинишуда, ки ин ҳама боиси самаранокии фаъолияти гумрукӣ ва мустаҳкамгардии иқтидорӣ кадрӣ гардидааст.

Ҳадафи асосии таъсиси инфрасохтори гумрукие, ки ҷавобгӯи талаботҳои умумиэътирофшудаи байналмилалӣ мебошанд, ин кафолати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди ҷомеаи ҷаҳонӣ ҷиҳати таъмини амнияти тиҷорати байналмилалӣ ба шумор меравад.

Қобили зикр аст, ки дар доираи барномаҳои UNODC (Юнодиси) дар Тоҷикистон дар робита ба масъалаҳои идораи ҳамгироишудаи сарҳадот, пешгирии қочоқи маводи мухаддир ва мубориза бо ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ аз соли 2009 инҷониб лоиҳаи XAС/K22 дар қисмати «Тақвияти иқтидори гузаргоҳҳо ва беҳбуди ҳамкориҳои минтақавии фаромарзӣ тавассути расонидани кӯмак ба Идораҳои ҳамкориҳои сарҳадӣ ва рушди шабакаҳои иттилоотию коммуникатсионӣ барои шӯъбаҳои марбут ба ҳифзи сарҳадот» амал мекунад.

Ҳамчунин, барои баланд бардоштани иқтидори кадрии кормандони мақомоти гумрук аз соли 2011 то соли 2023 зиёда аз 93 курси такмили ихтисоси афсарони ҳамкориҳои сарҳадӣ гузаронида шуд.

Инчунин, бояд қайд намуд, ки дигар фаъолиятҳои лоиҳа дар доираи Барномаи ҷаҳонии назорати контейнерҳо (БҶНК) амалӣ карда мешаванд.

Дар фарҷоми мулоқот ҷонибҳо ҳалли масъалаҳои матраҳшударо муҳим арзёбӣ намуда, барои татбиқи онҳо изҳори омодагӣ карданд ва бо итминони комил иброз доштанд, ки ҷиҳати рушди босуръати ҳамкориҳои дуҷониба равона гардида, ба таҳким ва густариши ҳамкориҳо дар самтҳои нави фаъолияти гумрукӣ хизмат хоҳад намуд.

Маврид ба зикр аст, ки дар мулоқот ҳамчунин, сардори Раёсати ташкили назорати гумрукӣ Шарипов Ҷовидон, сардори Раёсати ташкили мубориза бар зидди ҳуқуқвайронкуниҳои гумрукӣ Исозода Исо Шайдулло, сардори Раёсати ҳамкориҳои байналмилалии гумрукӣ Мирзошоева Сулҳия Ҳошимовна, сардори Маъмурияти Системаи иттилоотии автоматонидашудаи ягона (СИАЯ) Султонов Қурбонмурод Каримович ва сарнозири Раёсати ҳамкориҳои байналмилалии гумрукӣ Бадалов Аҳмад Муҳамадалиевич, Роҳбари шуъбаи ҳамоҳангсозӣ, бахши идоракунии сарҳадҳои Идораи Созмони Милали Муттаҳид оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ UNODC Тофик Н. Муршудлу, Ҳамоҳангсози байналмилалии Барномаҳои UNODC Юсуф Қурбонов, Ҳамоҳангсози минтақавии Барномаи глобалии назорати сарҳадии мусофирон ва бор дар Осиёи Марказӣ Сардор Аташиков, Иҷрокунандаи вазифаи Раиси UNODC дар Тоҷикистон Шоҳ Салмон Хон, Корманди UNODC дар Тоҷикистон Наргис Исматова ва намоянда аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ғафурзода Аслиддин Давлаталӣ ширкат варзиданд.

Маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

sh9
sh8
sh7
sh6
sh5
sh4
sh3
sh2
sh1

Суроға: хиёбони Бухоро-50|
Ҷумҳурии Тоҷикистон|
ш. Душанбе|

(Cуроғаи почтаи электронии
Маҷаллаи "Гумрук")
info.gumruk@yandex.ru

Агар хоҳед, ки ҳамеша аз хабару эълонҳои нав огоҳ бошед, дар сомонаи мо обуна шавед: