Дар маҷлисгоҳи Хадамоти гумрук маҳфили “маснавихонӣ” баргузор гардид. Дар маҳфил роҳбарият ва ҳайати шахсии Хадамот ширкат варзиданд.
Нахуст роҳбари маҳфил, сардори Раёсати ташкилию бозрасӣ Абдумуъмин Муродиён суханронӣ намуда, иброз дошт, ки Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ шоир ва орифи бузургу беназирест, ки шуҳрати ҷаҳонӣ дорад. “Девони кабир” ва “Маснавии маънавӣ”-и ӯ бо чандин забонҳои қавму миллатҳои гуногуни рӯйи олам тарҷума ва нашр шудаанд. Дар ашъори Мавлоно инсон ҳамчун бузургтарин офаридаи Худованд мавриди ситоиш қарор гирифтааст ва андешаҳои инсонпарваронаро метавон ҳангоми мутолиа аз ҳар сатру байти ашъори ӯ дарёфт.
Сипас, корманди Раёсати ташкилию бозрасӣ Сангалӣ Назарзода дар бораи ҳаёт ва фаъолияти шоир маълумоти мухтасар дода, қайд намуд, ки Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ бо таълифи маснавии хеш, ки онро “Қуръон бо забони паҳлавӣ” низ меноманд, на танҳо тоҷикону дигар форсизабонон, балки ҷаҳониёнро ба ҳайрат гузоштааст.
Ҳамин тавр, дигар аъзоёни маҳфил, нозири калони Шуъбаи иттилоотӣ - Бунафша Раҳмонова ва нозири Раёсати баъди барасмиятдарории гумрукӣ ва аудит - Ардашер Убайдуллозода оид ба қиссаву ривоятҳое, ки дар бахшҳои гуногуни “Маснавии маънавӣ” оварда шудаанд, ҳарф заданд. Дар ҷараёни суханронии хеш пораҳои ҷолиберо аз “Маснавии маънавӣ” оварда, маънидод намуданд.
Мавриди зикр аст, ки 30 – юми сентябр Рӯзи бузургдошти Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ эътироф шудааст. Дар ин рӯз адибон ва алоқамандони Мавлоно дар кишварҳои мухталифи ҷаҳон маҳфилҳои мухталиф баргузор мекунанд. Доир намудани чунин маҳфилу нишастҳои фарҳангӣ ба хотири бузургдошти ниёгони тамаддунофарамон буда, бо ин роҳ метавон рӯҳи гузаштагони шеъру адаби гузаштаро шод кард.
Маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон