5 сентябри соли 2023 дар Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашни 32 – юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил карда шуд. Дар чорабинӣ роҳбарият ва кормандони мақомот, инчунин, намоянда аз Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкат варзиданд.
Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-лейтенати хадамоти гумрук Каримзода Хуршед Абдураҳмон, ворид намудани Парчами давлатиро ба маҷлисгоҳ амр намуд ва бо садо додани Суруди миллӣ маҷлиси тантанавиро бахшида ба 32-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон кушода эълон кард.
Сипас, Хуршед Каримзода аҳли нишастро бо ин ҷашни пуршукӯҳи миллӣ табрику таҳният гуфта, иброз дошт, ки “Дар раванди ташаккулёбӣ ва камолоти ҳар миллату давлат ҳодисаҳои муайяне рух медиҳанд, ки барои пойдорӣ ва бақои давлатдории миллӣ мусоидат менамоянд. Яке аз чунин омилҳои тақдирсози миллӣ расидан ба истиқлоли сиёсӣ мебошад, ки баландтарин мақомро дар раванди давлатсозии миллӣ соҳиб мебошад.
Барои мо, тоҷикон ва тоҷикистониён ин бузургтарин дастовард, яъне истиқлоли сиёсӣ дар охири асри ХХ, аниқтараш 9 сентябри соли 1991 насиб гардид, ки имрӯзҳо дар остонаи таҷлили солгарди навбатии он қарор дорем.
Таҷрибаи башарӣ собит месозад, ки озодӣ ва истиқлолият ба осонӣ ба даст намеоянд. Мо миллатҳо ва халқҳои зиёдеро медонем, ки дар гузаштаи начандон дур барои дастёбӣ ба истиқлолият даҳсолаҳо талош намудаанд ва дар ин роҳ ҳазорон фарзандони огоҳ ва асили худро аз даст додаанд.
Вобаста ба масъалаи мазкур, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин зикр намудаанд, ки: “Агар мо раванди зуҳур ва таърихи ташаккули истиқлоли миллатамонро амиқан баррасӣ намоем, равшан хоҳем дид, ки роҳ ба сӯи истиқлолият душвору тӯлонӣ, пур аз шебу фароз ва саршор аз муборизаву иштибоҳот ва равандҳои ихтилофомезу зиддиятнок будааст. Вале дар ниҳоди миллати мо омилҳои бунёдии эҳёи тадриҷии истиқлолият ҳамеша вуҷуд дошт, ки асолату ҳуввияти устувор ва амалан шикастнопазири таърихӣ, суннатҳои беш аз сеҳазорсолаи давладорӣ, арзишҳои бузургу созандаи иҷтимоӣ, фарҳангу маънавиёти ғанӣ ва ғайра дар асл шоҳсутунҳои ҳаёти фаъол ва таърихии миллати мо будаанд”.
Озодӣ ва истиқлолият дар ҳар давру замон неъмати бебаҳо ва волои ҳаёти инсон, нишонаи барҷастаи симо ва ташаккули таърихӣ, кафили пешрафт, рамзи асолату ҳуввият ва шарти бақои миллат ва пойдории давлат мебошанд.
Ба арсаи сиёсат ворид гардидани муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо соҳибистиқлол гардидани Тоҷикистон иттифоқ афтод, ки дар ин раванди ниҳоят мураккаб тавонист бори масъулияти пуштибонии истиқлолият, таъмини сулҳу субот, амният ва оромии кишварро бар уҳдаи хеш гирад.
Бо гузашти сию ду сол мо амиқан дарк кардем, ки Истиқлолият яке аз заминаҳои асосии ҳаёти осоиштаи мардуми тоҷик буда, бо ҷонфидоӣ ва азхудгузаштагии Роҳбари давлат ба даст омадааст, ки имрӯз ҳифзи ин арзиши муқаддаси миллӣ вазифаи ҳар як тоҷики худогоҳу худшинос аст. Бо назардошти ин, сиёсатмадорони бузурги олам ва коршиносони низоъҳои байналмилалӣ Пешвои миллати моро ҳамчун «Меъмори сулҳ» эътироф кардаанд.
Таъмини амнияти озуқаворӣ, раҳоӣ аз бумбасти комуникатсионӣ, ба даст овардани истиқлолияти энергетикӣ ва саноатикунонии кишвар, ки аҳамияти бузурги иҷтимоӣ ва иртиботиву иқтисодӣ доштанд, дар сархати барномаҳои ҳукуматӣ қарор гирифт, ки имрӯз самараҳои неки онро бо чашми худ мебинем. Ба таъбири дигар, Истиқлолият, ки сарҷамъиву муттаҳидии миллати моро таъмин намуд, ба фазои орому амн, рушди бесобиқаи соҳаҳои иқтисодиёт, иҷтимоиёт, фарҳанг ва дар ин росто, ба бунёди иншоотҳои бузурги ҳаётан муҳим замина гузошт.
Истиқлол, дар маҷмуъ, барои мардуми шарафманди тоҷик имконият фароҳам овард, ки ихтиёри давлатдориро ба дасти худ гирифта, ба сӯйи зиндагии осуда, эъмори давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёду дунявӣ роҳи васеъ кушояд.
Соҳибистиқлолӣ ба мардуми шарифу заҳматқарини Тоҷикистон рӯҳи нав бахшида, сатҳи худшиносӣ, эҳсоси ватандорӣ ва ифтихори миллии хурду бузурги кишварро ба зинаи нав бардошт.
Тайи даврони соҳибистиқлолӣ миллати куҳанбунёди мо бо таҷрибаву собиқаи давлату давлатдорӣ марҳалаи тақдирсози расидан ба сулҳу ваҳдати миллиро паси сар кард ва дар шоҳроҳи амалӣ намудани нақшаҳои азими созандагӣ қадамҳои устувор гузошт.
Ба шарофати истиқлолу озодӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ мо барои амалӣ намудани ҳадафҳои стратегии миллиамон ҳамаи заминаҳои заруриро фароҳам овардем.
Ва дар як давраи начандон тӯлонии таърих даҳҳо лоиҳаи ҳаётан муҳимми саноативу энергетикӣ ва иҷтимоиро татбиқ карда, ҳазорҳо километр роҳҳои замонавӣ ва нақбу пулҳо бунёд намудем, ки имрӯз ҳамаи онҳо ба манфиати мардуми шарифи Тоҷикистон хизмат карда истодаанд.
Сарфи назар аз таҳаввулоти дар иқтисоди ҷаҳон идомадошта ва таъсири манфии омилҳои берунӣ ба иқтисоди миллии мо, дар натиҷаи татбиқи самараноки ислоҳоти иқтисодӣ, амалӣ намудани стратегияву барномаҳо ва тадбирҳои зиддибуҳронӣ дар панҷ соли охир рушди иқтисодиёти Тоҷикистон ҳамасола ба ҳисоби миёна дар сатҳи 7,3 фоиз таъмин гардида, маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ аз 71 миллиард ба 115 миллиард сомонӣ расид ва ба ҳар сари аҳолӣ 1,5 баробар афзоиш ёфт.
Дар натиҷаи тадбирҳои амалишуда ҳаҷми буҷети давлатӣ ҳамасола афзоиш ёфта, дар соли 2022 қисми даромади он ба 33 миллиард сомонӣ баробар гардид, ки нисбат ба соли 2018-ум 38 фоиз зиёд мебошад.
Саҳми мақомоти гумрук дар таъмини қисми даромади буҷети давлатӣ барои соли 2022 ба 7371,0 миллион сомонӣ баробар шуд, ки аз нақшаи пешбинигардидаи воридоти пардохтҳои гумрукӣ (6464,0 миллион сомонӣ) ба қадри 907,0 миллион сомонӣ зиёд ё баробар ба 114 фоизи нақша мебошад. Дар муқоиса ба соли 2018 (4858,5 млн сомонӣ) бошад, ин нишондиҳанда ба андозаи 2,5 миллиард сомонӣ ё 52 фоиз афзоиш ёфтааст.
Дар солҳои соҳибистиқлолӣ мо ба ташаккули ҷаҳонбинии миллӣ диққати аввалиндараҷа дода, насли наврасро дар рӯҳияи ватандӯстӣ, худшиносӣ ва худогоҳӣ ба камол расонидем ва имрӯз дилпурона гуфтан мумкин, ки дар қалби онҳо муҳаббати Тоҷикистони азиз нақши устувор пайдо кардааст.
Бо вуҷуди ин, ҷомеаи моро зарур аст, ки аз макру ҳила ва найрангу фитнаҳои дасисакорони дохилию хориҷӣ ғофил намонад. Зеро одитарин ғафлат метавонад боиси ба доми душманон афтидани афроде, алалхусус ҳамин насли наврас гардад.
Ҳоло мо метавонем бо ифтихору сарфарозӣ эълон кунем, ки дастовардҳои истиқлоли давлатӣ беназиранд.
Истиқлолу озодӣ, истиқрори сулҳу суботи сартосарӣ ва ваҳдати миллӣ роҳи моро ба сӯи амалӣ гардонидани дигаргуниҳои бунёдии ҷамъиятиву сиёсӣ боз намуд.
Феълан давлати мо бо якқатор кишвари ҷаҳон робитаҳои дипломатиро роҳандозӣ намуда, бо онҳо муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкориҳои барои ҷонибҳо судмандро тақвият мебахшад ва пайгирона густариш медиҳад.
Имрӯзҳо Тоҷикистон дар сиёсати минтақавию ҷаҳонӣ соҳиби мақому манзалати хеле баланд гардида, дар ҳалли масъалаҳои байналмилалӣ саҳмгузор буда, ҳамзамон ба ҳайси ташаббускор барои рафъи хатароти ҷомеаи ҷаҳонӣ баромад менамояд.
Албатта, дар рӯзгору ҷомеаи мо мушкилоти ҳалталаб вуҷуд доранд, аммо муҳим он аст, ки мо аз мушкилоти пешомада дар ҳарос набошем, корҳои ободониву созандагиро дилпурона идома бахшем, барои пешрафту шукуфои ватани азизамон содиқона хизмат намоему истиқлолият ва дастовардҳои онро таҳким бахшида, ҳифз намоем.
Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон имкон дод, ки миллати куҳанбунёди тоҷик бо сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба комёбиву дастовардҳои назаррас ва бесобиқа шарафёб шавад. Муҳимтарин талабе, ки имрӯз дар назди ҳар сокини баномусу ватандӯсти кишвари мо қарор дорад, бо назари қадрдонӣ ба Ватани худ, миллати худ, Пешвои муаззами худ нигаристан мебошад, зеро танҳо бо чунин тарзи муносибат роҳи дурахшонтару ояндаи беҳтарро сохтан мумкин аст.
Эътимоди комил аст, ки халқи бошарафу сарбаланди тоҷик бо азму иродаи қавӣ ва заҳмати бунёдкорона ҳамаи ҳадафу нақшаҳои пешбинигардидаро амалӣ карда, Тоҷикистони азизамонро дар ояндаи наздик ба як кишвари неруманду пешрафта табдил медиҳад.
Бо чунин нияту орзуҳои нек бори дигар ҳамаи шуморо ба муносибати фарорасии солгарди навбатии Рӯзи Истиқлолияти давлатӣ самимона табрик гуфта, ба ҳар фарди Тоҷикистони азиз тандурустӣ, ободии хонадон ва ба Ватани маҳбубамон сулҳу осоиши пойдор ва пешрафту тараққиёти рӯзафзун таманно менамоям”.
Муовини якуми Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Ҳаётзода Фирдавс Ҷурахон дар навбати худ ҳозиринро бо ин санаи муқаддас таҳният гуфта, қайд намуд, ки Тоҷикистони соҳибистиқлол кишвари сулҳхоҳ аст ва моро зарур аст, ки баҳри ҳифзи дастовардҳои даврони Истиқлол ҳамеша омода бошем. Зеро таърих собит намудааст, ки ба даст овардани Истиқлолият кори бисёр душвору заҳматталаб мебошад ва ҳимояи пирӯзиҳо ва дастовардҳои Истиқлолият кори аз он ҳам душвор аст. Таҳкими истиқлолияти давлатӣ ва ҳимояи манфиятҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳкими иқтидори мудофиавӣ ва ҳифзи якпорчагии он самти афзалятноки фаъолияти ҳифзи ҳуқуқ ба шумор меравад.
Сипас, Муовини якуми Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳаётзода Фирдавс Ҷурахон аз номи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нуҳ нафар корманди Хадамоти гумрукро бо медали Хизмати шоиста сарфарз гардониданд.
Ёдовар мешавем, ки санаи 30 август дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истиқболи Ҷашни 32-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ду нафар кормандони Хадамоти гумрукро бо мукофоти давлатӣ сарфароз гардониданд.
Гумрукчиёни ҷавон, дар навбати худ оид ба моҳияти таърихиву сиёсии ин ҷашни давлатӣ ибрози назар намуданд.
Сипас, дар асоси фармоиши Хадамоти гумрук як қатор кормандон барои иҷрои софдилонаи ӯҳдадориoои хизматӣ, интизоми намунавӣ, ноил гаштан ба натиҷаҳои баланд дар фаъолияти хизматӣ ва ба муносибати 32-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо нишони сарисинагии «Аълочии хадамоти гумрук», бо медали ҷашнии «30-солагии мақомоти гумрук», «Ифтихорнома», «Раҳматнома», туҳфаҳои ҷашнӣ ва мукофотҳои пулӣ сарфароз гардонида шуданд.
Дар фарҷоми чорабинӣ, Хуршед Каримзода бори дигар ҳамаи кормандони Хадамоти гумрукро ба муносибати фарорасии солгарди навбатии ҷашни Истиқлолияти давлатӣ самимона табрик гуфта, ба ҳар фарди Тоҷикистони азиз тандурустӣ, ободии хонадон ва ба Ватани маҳбубамон сулҳу осоиши пойдор ва пешрафту тараққиёти рӯзафзун таманно намуд.
Маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон