ХАДАМОТИ ГУМРУКИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Вохӯрӣ бо намояндаи Прокуратураи генералӣ

25 июли соли 2023 дар маҷлисгоҳи Дастгоҳи марказии Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии кормандони мақомот бо намояндаи прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

 

Дар вохӯрӣ муовини сардори Хадамоти гумрук, генерал – майори хадамоти гумрук, Хуршед Шерализода, прокурори раёсати назорати иҷрои қонунгузории нақлиёт ва гумруки Прокуратури генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мушовири давлатии адлия - Муҳаммадвалӣ Шаҳидуллозода ва ҳайати шахсии Дастгоҳи марказӣ ширкат варзиданд.

Зимни вохӯрӣ бо кормандон намояндаи Прокуратури генералӣ оид ба пешгирии қонуншиканиҳо, содиркунии омилҳои коррупсионию бадномкунанда ва ба низом даровардани вазъ дар фурудгоҳҳо ва гузаргоҳҳои сарҳадӣ суханронӣ намуд. Номбурда иброз дошт, ки мақсади аслии баргузории вохӯрии мазкур ба таври мушаххас фаҳмондани талаботи қонунгузории ҷорӣ, риояи қатъии дастурамалу фармоишҳои мақомот мебошад, ки бевосита фаъолияти кории кормандони мақомоти гумрукро ба танзим медароранд.

Бино ба иттилои номбурда, мебояд дар фурудгоҳҳои байналмилалӣ ҷиҳати маълумотдор намудани мусофирон оид ба ҳуқуқ ва уҳдадориҳояшон дар хусусӣ аз сарҳади давлатӣ интиқол додани маблағҳои пулӣ бо асъори хориҷӣ, ёдгориҳои таърихӣ, вазни бағоҷ ва ғайра, лавҳаҳо бо се забон – тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ насб карда шаванд.

Дар интиҳои мулоқот М. Шаҳидуллозода пешниҳод намуд, ки дар фурудгоҳҳои байналмилалӣ ва гузаргоҳҳои сарҳадӣ рақами телефонҳои боварии роҳбарони Хадамоти гумрук, Сарраёсати Қушунҳои сарҳадӣ ва Прокуратураи генералӣ дар ҷойҳои ба чашм намоён ҷойгир карда шаванд.

Ёдрас мекунем, ки вохӯрии мазкур дар доираи нақша – чорабиниҳои мақомоти гумрук ва Прокуратураи генералӣ ба роҳ монда шуда, дар доираи ҳамкориҳои судманд суҳбату вохӯриҳо ва корҳои фаҳмондадиҳӣ пайваста доир мегарданд.

 Маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

sh9
sh8
sh7
sh6
sh5
sh4
sh3
sh2
sh1

Суроға: хиёбони Бухоро-50|
Ҷумҳурии Тоҷикистон|
ш. Душанбе|

(Cуроғаи почтаи электронии
Маҷаллаи "Гумрук")
info.gumruk@yandex.ru

Агар хоҳед, ки ҳамеша аз хабару эълонҳои нав огоҳ бошед, дар сомонаи мо обуна шавед: