Санаи 29 майи соли 2023, дар бинои дастгоҳи марказии Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи Миссияи навбатии Бонки Умумиҷаҳонӣ вохурии сеҷониба оиди баррасии рафти татбиқи Лоиҳа дар доираи Созишномаи Конференсияи Созмони Миллали Муттаҳид оид ба Савдо ва Рушд, ЮНКТАД баргузор гардид.
Вохурӣ бо иштироки муовини якуми Сардори хадамоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Турсунзода Азим Ҳайдар, гурӯҳи Бонки умумиҷаҳонӣ, сардорони раёсату шуъбаҳои дахлдори дастгоҳи марказии Хадамоти гумрук, Гурӯҳи амалисозии Лоиҳа ва гурӯҳи милии ЮНКТАД гузаронида шуд.
Боиси қайд аст, ки дар доираи марҳилаи 4-уми Лоиҳаи “Беҳтар намудани роҳҳои алоқаи минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ” (қисмати 3), ки ба соддагардонии фаромарзии интиқоли мол, навсозии мақомоти гумрук, таҳқими иқтидори институтсионалӣ ва захираҳои кадрӣ, соддагардонии расмиёти савдо, муҷаҳҳазгардонии воҳидҳои сохтории Хадамоти гумрук бо воситаҳои муосири техникӣ ва дигар самтҳои афзалиятноки фаъолияти гумрукӣ равона гардидааст, санаи 22 июни соли 2022 миёни Конференсияи Созмони Миллали Муттаҳид оид ба Савдо ва Рушд ЮНКТАД ва Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Созишнома оид ба татбиқи системаи АСИКУДА ба имзо расид.
Зимни вохӯрӣ, тибқи регламент аз ҷониби ҳамоҳангсози минтақавии ЮНКТАД, менеҷери гурӯҳи миллӣ ва мушовирони байналмилалии ЮНКТАД рафти умумии фаъолият вобаста ба марҳилаи якуми татбиқи Созишномаи ЮНКТАД ва нақшаи баргузории марҳилаи озмоишӣ муаррифӣ гардид.
Маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон