30 майи соли 2023 ҳайати намояндагони сафорати Иёлоти Муттаҳидаи Америка дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварданд. Меҳмононро Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-лейтенанти хадамоти гумрук Каримзода Хуршед Абдураҳмон ба ҳузур пазируфт. Ҳайати мазкурро муовини Котиби давлатии ИМА Кэтрин Инслӣ роҳбарӣ намуд.
Хуршед Каримзода меҳмононро барои ташриф ба Хадамоти гумрук хайрамақдам намуда, иброз дошт, ки мулоқоти имрӯза пурсамар буда, ҷиҳати таҳкиму густариши ҳамкориҳои судманд байни мақомоти гумруки Тоҷикистон ва Иёлоти Муттаҳидаи Америка заминаи мустаҳкам фароҳам хоҳад овард.
Дар навбати худ, хонум Инслӣ барои истиқболи самимӣ ва ҳамкориҳои судманд изҳори сипос ва қаноатмандӣ намуда, қайд кард, ки Иёлоти Муттаҳидаи Америка барои дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти фаъолияти гумрукӣ омодагии хешро иброз менамояд.
Сардори Хадамоти гумрук афзуд, ки бо талошҳои муштарак мо метавонем ба рушди босуръати ҳамкориҳои мутақобилан судманд такони ҷиддӣ бахшида, ҷиҳати таҳкими муносибатҳои дуҷониба бо дарназардошти роҳандозӣ намудани тадбирҳои ҳамоҳангшудаи муассир барои пешгирӣ ва муқовимат ба таҳдидҳои фаромиллӣ мусоидат намоем.
Қобили зикр аст, ки Хадамоти гумрук аз соли 2002 бо Барномаи назорати содирот ва амнияти сарҳадии Сафорати Иёлоти Муттаҳидаи Америка дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамкорӣ дорад.
Дар ин давра бо дастгирии Ҳукумати Иёлоти Муттаҳидаи Америка барои эҳтиёҷоти Хадамоти гумрук воситаҳои техникии назорати гумрукӣ, таҷҳизотҳои компютерӣ ва воситаҳои нақлиёт таъмин карда шудаанд.
Ҳамасола бо дастгирии Ҳукумати Иёлоти Муттаҳидаи Америка ба кормандони мақомоти гумруки Тоҷикистон имкон дода шудааст, ки дар курсҳои махсуси омӯзишӣ дар Иёлотҳои гуногуни Америка таҳсил намуда, беш аз сад нафар кормандони мақомоти гумруки Тоҷикистон дар шаҳрҳои Лоредо, Эл-Пасо, Ню-Йорк, Ричленд ва Вашингтон дар масъалаҳои муқовимат ба қочоқ дар гузаргоҳҳои роҳи оҳан, роҳи автомобилгард, фурудгоҳҳо ва тиҷорати ғайриқонунии яроқи қатли ом, ба таълим фаро гирифта шудаанд.
Дар фарҷоми мулоқот ҷонибҳо ҳалли масъалаҳои матраҳшударо муҳим арзёбӣ намуда, барои татбиқи онҳо изҳори омодагӣ карданд ва бо итминони комил иброз доштанд, ки ҷиҳати рушди босуръати ҳамкориҳои дуҷониба равона гардида, ба таҳким ва густариши ҳамкориҳо дар самтҳои нави фаъолияти гумрукӣ хизмат хоҳад намуд.
Маврид ба зикр аст, ки дар мулоқот ҳамчунин, Муовини якуми сардори Хадамоти гумрук Турсунзода Азим Ҳайдар, сардори Раёсати ҳамкориҳои байналмилалии гумрукӣ Мирзошоева Сулҳия Ҳошимовна, муовини директор – сардори Раёсати ҳамкориҳои назорати содиротии Бюрои амнияти байналмилалӣ ва паҳн накардани силоҳ дар Департаменти давлатии ИМА Эндрю Лоренс, менеҷери Барномаи назорати содиротӣ ва амнияти сарҳадии Бюрои амнияти байналмилалӣ ва паҳн нагаштани силоҳ дар Департаменти давлатии ИМА Даяна Марвин, Мушовири Барномаи назорати содирот ва амнияти сарҳадии Сафорат Мэтт Сайюда, мутахассиси Барнома Шавкат Раҷабов ширкат варзиданд.
Дар ин росто, аз ҷониби Сафорати ИМА дар Тоҷикистон ба Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳашт автомашина тақдим карда шуд.
Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Хуршед Каримзода ба Сафорати ИМА дар Тоҷикистон барои кӯмаки техникӣ миннатдории хешро иброз намуда, ҳадяи Ҳукумати ИМА-ро ба мақомоти гумруки Тоҷикистон нишонаи дӯстӣ ва бародарии ду кишвар арзёбӣ намуд, ва таъкид кард, ки дар оянда ҳамкориҳои анъанавӣ ва самарабахши Тоҷикистону ИМА беш аз пеш густариш хоҳанд ёфт.
Баъдан тибқи барномаи тасдиқгардида меҳмонон аз Донишкадаи такмили ихтисоси Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дидан намуданд.
Аз ҷониби масъулини Донишкада воситаҳои техникии назорати гумрукӣ барои муаррифӣ ба меҳмонон пешкаш карда шуд, инчунин иштирокчиён аз утоқҳои корӣ, Дафтари кори Системаи иттилоотии коркарди маълумотҳои гумрукӣ (ASYCUDA WORLD), синфхонаҳо, минтақаҳои назорати гумрукӣ ва ҳавопаймои таълимии Донишкада боздид ба амал оварданд.
Маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон