ХАДАМОТИ ГУМРУКИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Миссияи Бонки умумиҷаҳонӣ оид ба дастгирии татбиқи марҳилаи чоруми Барномаи “Беҳтар намудани роҳҳои алоқаи минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ” (БРАМОМ-4)

25 майи соли 2023, дар дастгоҳи марказии Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи Миссияи навбатии Бонки Умумиҷаҳонӣ силсила вохӯриҳо бо иштироки Муовини якуми сардори Хадамот Турсунзода Азим Ҳайдар, гурӯҳи Бонки умумиҷаҳонӣ вобаста ба дастгирии татбиқи марҳилаи чоруми Барномаи “Беҳтар намудани роҳҳои алоқаи минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ” (БРАМОМ-4) ва кормандони масъули мақомоти гумрук баргузор гардид.

 

Миссияи Бонки Умумиҷаҳониро ҷаноби Муҳаммад Зулфиқор (муҳандиси калони нақлиёт/Роҳбари гурӯҳи Лоиҳа) бо ҳамроҳии ҷаноби Абдул Ҳамид Халилӣ (мутахассис оид ба нақлиёт/Роҳбари даста), ҷоноби Сатя Прасад Саху (мутахассиси калон оид ба масъалаҳои соддагардонии расмиёти савдо), Ян Томас (мушовир оид ба технологияҳои иттилоотӣ), Нато Куршиташвили (мутахассиси калони гендерӣ) ва Марям Разиева (мушовири гендерӣ) роҳбарӣ кард.

Инчунин, дар вохӯриҳои қайдгардида, роҳбарони раёсату шӯъбаҳои дахлдори дастгоҳи марказии Хадамоти гумрук, ҳамоҳангсози лоиҳа ва мутахассисони Гурӯҳи амалисозии Лоиҳа ширкат варзиданд.

Ёдовар бояд шуд, ки айни ҳол Хадамоти гумрук қисмати 3-и Лоиҳаи БРАМОМ-4 татбиқ менамояд, ки аз ҷониби Бонки Умумиҷаҳонӣ маблағгузорӣ шуда истодааст.

Дар робита ба ин, ҳадафи асосии баргузории миссия аз баррасии рафти умумии лоиҳа, шиносоӣ бо вазъи кунунии идоракунии молиявӣ ва татбиқи равандҳои харид, муҳокимаи техникӣ оид ба хулосаи арзёбии ҷории ҷанбаҳои гендерӣ ва захираҳои инсонӣ, инчунин муҳокимаи фаъолиятҳо барои амалишавии саривақтии Лоиҳа мебошанд.

Турсунзода Азим Ҳайдар барои дастгирии ҳамаҷонибаи Бонки ҷаҳонӣ дар татбиқи лоиҳаҳои инноватсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати ноил шудан ба ҳадафҳои рушди устувор ва ҳамкориҳои дарозмуддат изҳори сипос намуд.

Зимни ҷаласаи муқаддимавӣ, муовини якуми Сардор Турсунзода Азим Ҳайдар ба таври мухтасар вобаста ба рафти иҷрои вазифаҳо ва чорабиниҳои дар доираи қисмати 3 Лоиҳа амалишаванда, дастовардҳои назаррас аз давраи миссияи охирини Бонки ҷаҳонӣ (ноябри соли 2022) то имрӯз қайд намуд.

Илова бар ин, масъалаҳои ҷорӣ оид ба самтҳои асосии фаъолият дар доираи қисмати 3 Лоиҳа, аз ҷумла навсозии платформаи ТИК-и гумрукӣ, таҳкими иқтидори институтсионалӣ ва захираҳои кадрӣ дар Хадамоти гумрук, навсозии таҷҳизоти техникӣ барои назорати сарҳадии интиқоли бор ва мусофирон баррасӣ гардиданд.

Маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

sh9
sh8
sh7
sh6
sh5
sh4
sh3
sh2
sh1

Суроға: хиёбони Бухоро-50|
Ҷумҳурии Тоҷикистон|
ш. Душанбе|

(Cуроғаи почтаи электронии
Маҷаллаи "Гумрук")
info.gumruk@yandex.ru

Агар хоҳед, ки ҳамеша аз хабару эълонҳои нав огоҳ бошед, дар сомонаи мо обуна шавед: