24 майи соли 2023 дар Хадамоти гумрук бо иштироки Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-лейтенанти хадамоти гумрук Каримзода Хуршед Абдураҳмон, Муовини якуми сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-майори хадамоти гумрук - Турсунзода Азим Ҳайдар, Ҳамоҳангсози Барномаҳои байналмилалии Созмони Милали Муттаҳид оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ Юсуф Қурбонов, сардори Раёсати Созмони Милали Муттаҳид оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Мустафо Эртен, Мутахассиси Барномаи Созмони Милали Муттаҳид оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ Шуҳрат Аброров ва кормандони дастгоҳи марказии мақомоти гумрук, маросими ифтитоҳи расмии “Маркази коркарди маълумот ” дар Хадамоти гумрук баргузор гардид.
Зимни суханронии худ, Каримзода Хуршед, ташрифи меҳмононро ба Хадамоти гумрук хайрамақдам намуда, иброз дошт, ки ифтитоҳи “Маркази коркарди маълумоти” натиҷаи ҳамкориҳои созандаи мо барои такмили низоми гумрукӣ ва баланд бардоштани сатҳи амнияти кишварамон мебошад.
Таъсиси “Маркази коркарди маълумоти” дар чаҳорчӯби ҷузъи Барномаи Идораи Созмони Милали Муттаҳид оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ барои кишварҳои Осиёи Марказӣ оғоз шудааст: “Тақвияти иқтидори гузаргоҳҳо ва беҳбуди ҳамкориҳои минтақавии фаромарзӣ тавассути кумак ба Идораҳои ҳамкориҳои сарҳадӣ ва рушди шабакаҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ барои ниҳодҳои марбут ба ҳифзи сарҳад.
Қобили зикр аст, ки дар давраи солҳои 2015-2022 фаъолияти лоиҳа ба самтҳои зерин аз ҷумла: - “Беҳтар намудани инфрасохтори гузаргоҳҳо”, “Таҷҳизоти техникии Идораҳои ҳамкории сарҳадӣ” ва “Омӯзиши кормандон ва танзими ҳуқуқии фаъолияти Идораҳои ҳамкориҳои сарҳадӣ” тақсим карда шудааст.
Инчунин, барои баланд бардоштани маҳорати касбии кормандони гумрук дар давраи аз соли 2011 то соли 2022 зиёда аз 90 курсҳои такмили ихтисоси афсарони ҳамкориҳои марзбонӣ гузаронида шуд.
Бо дарназардошти таҷрибаи дар кишварҳои пешрафта бадастовардашуда ва муҷаҳҳазсозии бо воситаҳои техникии назорати гумрукӣ дар гузаргоҳҳо барои қабули қарор дар бораи таъсиси “Маркази коркарди маълумот” бо дастгирии молиявии Идораи маводи мухаддир ва ҷинояткории Созмони Милали Муттаҳид ва Ҳукумати Ҷопон сабаб шудааст.
Мақсади ташкили марказ идоракунии ҷараёни иттилоот ва таҳлили маълумот буда, вокуниши саривақтиро ба тағйироти вазъ таъмин намуда, имкон медиҳад, ки барои пешгирии амалҳои ғайриқонунӣ дар гузаргоҳҳои гумрукӣ чораҳои самаранок андешида, ҳамоҳангии байниидоравӣ дар соҳаи кори мониторинг дар тамоми гузаргоҳҳои сарҳадӣ пурзӯр карда, ҷамъоварӣ, коркард ва таҳлили мутамаркази иттилоот дар бораи мубориза бо ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ, қочоқ ва вайрон кардани дигар қоидаҳои гумрукиро соддатар намуда, ифтитоҳи чунин “Маркази коркарди маълумот” на танҳо барои Хадамоти гумрук, балки барои тамоми мамлакат воқеаи муҳим мебошад.
Дар навбати худ, Юсуф Қурбонов - Ҳамоҳангсози Барномаҳои байналмилалии Созмони Милали Муттаҳид оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ ва Мустафо Эртен - сардори Раёсати Созмони Милали Муттаҳид оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчунин, доир ба имкониятҳое, ки истифодаи “Маркази коркарди маълумот” барои мақомоти гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳайё шудааст, ибрози назар намуда, қайд намуданд, ки ифтитоҳи “Маркази коркарди маълумот” бо мақсади баланд бардоштани шаффофият, беҳтар намудани назорати идоракунӣ ва афзоиши даромади гумрукӣ амалӣ мегардад.
Маврид ба зикр аст, ки Идораи Созмони Милали Муттаҳид оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ (UNODC) дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд ва дигар созмонҳои минтақавию байналмилалӣ дар ҳама кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла дар Тоҷикистон барномаву тарҳҳои худро роҳандозӣ менамояд, ки ҳамаи онҳо ба пешгирӣ ва мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, моддаҳои психоактивии нав, прекурсорҳои онҳо, ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ, терроризму ифротгароӣ ва қочоқи одамон, табобати нашъамандон, таъмини шароити мусоид барои маҳбусон дар муассисаҳои ислоҳӣ, назорати ҳамлу нақли контейнерҳо, ҳифзи сарҳадот ва таҳкими зарфияти кормандони сохторҳои зиддимухаддиротии Тоҷикистон ва расонидани кумаки техникӣ ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ равона шудаанд. Созмони мазкур дар Тоҷикистон якчанд барномаву лоиҳаҳоро, аз қабили лоиҳаи “Таҳкими назорати хатти сарҳади Тоҷикистону Афғонистон”, лоиҳаи “Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон – марҳилаи II”, Барномаи минтақавӣ барои Осиёи Марказӣ (солҳои 2015-2019, 2022-2025), Барномаи минтақавӣ барои Афғонистон ва кишварҳои ҳамсоя, Барномаи ҷаҳонии UNODC ва Созмони ҷаҳонии гумрук оид ба назорати ҳамлу нақли контейнерҳо ва ғайраро амалӣ менамояд.
Намояндагони кишвар дар ҳама чорабиниҳои ин созмон, аз ҷумла вохӯриҳои гурӯҳҳои корӣ, машварату тренинг ва амалиёт пайваста фаъолона иштирок менамоянд.
Дар охир Хуршед Каримзода ба Дафтари минтақавии Идораи Созмони Милали Муттаҳид оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ дар Осиёи Марказӣ ва Ҳукумати Ҷопон барои дастгирии ҳамаҷонибаашон дар таъсис ва таҷҳизонидани “Маркази коркарди маълумот” изҳори сипос намуданд.
Маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон