Бо мақсади татбиқи Созишнома миёни Конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба савдо ва рушд (UNCTAD) ва Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ёрии техникӣ ҷиҳати гузаштан ба Системаи иттилоотии коркарди маълумотҳои гумрукӣ (ASYCUDA WORLD), санаҳои 1 то 5 май ва 15 то 19 майи соли 2023 бо кормандони дастгоҳи марказии Хадамоти гумрук дарсҳои омӯзишӣ гузаронида шуд.
Дар рафти омӯзиш имкониятҳои функсионалӣ ва техникии Системаи иттилоотии коркарди маълумотҳои гумрукӣ (ASYCUDA WORLD) мавриди баррасӣ қарор дода шуда, таклифу пешниҳодҳои кормандони мақомоти гумрук ба назар гирифта шуданд.
Дар фарҷом санаи 19 майи соли ҷорӣ ба кормандони мақомоти гумрук оид ба фаъолона иштирок намудан дар дарсҳои омӯзишӣ, аз ҷониби коршиносони Конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба савдо ва рушд (UNCTAD) сертификатҳои дахлдор супорида шуданд.
Маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон