ХАДАМОТИ ГУМРУКИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Муаррифии маҳзани электронии «Феҳристи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар соҳаи гумрук»

5 майи соли 2023 дар Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби ширкати маҳаллаи ҶДММ “АйТиСервис” муаррифии маҳзани электронии «Феҳристи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар соҳаи гумрук» баргузор гардид, ки дар кори он Муовини якуми Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал – майори хадамоти гумрук Турсунзода Азим Ҳайдар ширкат намуданд.

 

Бояд қайд намуд, ки санаи 13 марти соли 2023 байни Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ширкати маҳаллаи ҶДММ “АйТиСервис” бо мақсади таҳияи таъминоти барномавии “Феҳристи санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи фаъолияти гумрукӣ” Қарордод ба имзо расонида шуд.

Таҳияи маҳзани электронии «Феҳристи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар соҳаи гумрук» сатҳи огоҳии иттилоотии кормандони Хадамоти гумрук, иштирокчиёни фаъолтяти иқтисодии хориҷӣ, шахсони воқеӣ, ташкилоту корхонаҳо ва дигар шахсони манфиатдорро беҳтар менамояд, ки барои татбиқи моддаи 1 Созишномаи Ҷаҳонии Тиҷорат муҳим мебошад.

Мақсади таҳия намудани барномаи мазкур, дастрасӣ ба қонунҳо ва расмиёти маъмурӣ, инчунин фармонҳо ва дастурҳои маъмурӣ, ки ба расмиёти барасмиятдарории гумрукӣ таъсир мерасонанд, ҷузъи муҳими баланд бардоштани шаффофият ва самаранокӣ ба шумор меравад.

Маврид ба зикр аст, ки дар муаррифии система болозикр ҳамчунин, сардорони раёсатҳои Хадамоти гумрук ширкат варзиданд.

Маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

sh9
sh8
sh7
sh6
sh5
sh4
sh3
sh2
sh1

Суроға: хиёбони Бухоро-50|
Ҷумҳурии Тоҷикистон|
ш. Душанбе|

(Cуроғаи почтаи электронии
Маҷаллаи "Гумрук")
info.gumruk@yandex.ru

Агар хоҳед, ки ҳамеша аз хабару эълонҳои нав огоҳ бошед, дар сомонаи мо обуна шавед: