ХАДАМОТИ ГУМРУКИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Озмуни кадбонуи беҳтарин дар Хадамоти гумрук

17 марти соли 2023 баҳри бошукӯҳ ҷашн гирифтани Иди байналмилалии Наврӯз, дар Хадамот ва раёсатҳои минтақавии гумрукӣ озмуни кадбонуи беҳтарин барпо карда шуд. Аз ҳисоби роҳбарият ва занҳои собиқадори мақомоти гумрук комиссияи тадорукӣ ташкил гардид. Дар озмун як гурӯҳ занони мақомоти гумрук иштирок намуда, хӯрокҳои гуногуни миллиро омода карда, бо оро додани дастархони идона ба аъзои ҳакамон пешкаш намуданд. Аъзои ҳакамон таомҳои пекашкардаи иштирокчиёни озмунро санҷида, ба кадбонуҳое, ки хӯрокҳои миллӣ ва анъанавиро омода намудаанд, баҳои баланд доданд.

 

Инчунин, бояд зикр намуд, ки дар Хадамоти гумрук ва воҳидҳои сохтории он дар доираи таҷлили иди мазкур як қатор чорабиниҳои варзишӣ, аз қабили футбол, тенниси рӯи мизӣ, шашкаю шоҳмот, бандкашӣ, дастхобонӣ ва дигар намудҳои варзиши сабук низ баргузор гардид.

Маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

sh9
sh8
sh7
sh6
sh5
sh4
sh3
sh2
sh1

Суроға: хиёбони Бухоро-50|
Ҷумҳурии Тоҷикистон|
ш. Душанбе|

(Cуроғаи почтаи электронии
Маҷаллаи "Гумрук")
info.gumruk@yandex.ru

Агар хоҳед, ки ҳамеша аз хабару эълонҳои нав огоҳ бошед, дар сомонаи мо обуна шавед: