ХАДАМОТИ ГУМРУКИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Корҳои ободонию созандагӣ ва ҳашарҳои дастаҷамъонаи кормандони Хадамоти гумрук

Ҳамасола бо фарорасии фасли баҳорон дар тамоми гушаву канори Ватанамон корҳои ободониву созандагӣ вусъати тоза гирифта, ҳар як фарди Ватандӯсту хештаншинос аз хурд то калон дар ин кори хайру савоб ва поккориву сабзу хуррам гардонидани диёрамон саҳми арзандаи худро мегузоранд.

Инак бо ин мақсад тибқи дастуру супоришҳои Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳбарияти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати таҷлили бошукӯҳ ва сартосарии Наврӯзи оламафрӯз дар кишвар рӯзҳои шанбегӣ, ҷиҳати тозаю зебо гардонидани гирду атрофи иншооту биноҳои маъмурии мақомоти гумрук, корҳои ободонию бунёдкорӣ ва гулшинонию ниҳолшинонӣ анҷом дод шуд.

Ҳамчунин, дар арафаи ин ҷашн, биноҳои маъмурии Дастгоҳи марказӣ ва раёсатҳои минтақавии гумрукӣ бо парчамҳои давлатӣ ва лавҳаю шиорҳои идона низ ороиш дода шуданд.

Маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

sh9
sh8
sh7
sh6
sh5
sh4
sh3
sh2
sh1

Суроға: хиёбони Бухоро-50|
Ҷумҳурии Тоҷикистон|
ш. Душанбе|

(Cуроғаи почтаи электронии
Маҷаллаи "Гумрук")
info.gumruk@yandex.ru

Агар хоҳед, ки ҳамеша аз хабару эълонҳои нав огоҳ бошед, дар сомонаи мо обуна шавед: