ХАДАМОТИ ГУМРУКИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Нахустин мулоқоти маҷозии роҳбарони мақомотҳои гумруки кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Чин

21 апрели соли равон бо ташаббуси ҷониби Чин нахустин ҷаласаи раҳбарони мақомотҳои гумруки кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Чин дар шакли маҷозӣ баргузор гардид. Дар нишасти мазкур раҳбарони мақомотҳои гумруки Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон, Ӯзбекистон ва Чин ширкат варзиданд.

 

Зимни мулоқот ҷонибҳо механизми вохӯрии раҳбарони мақомотҳои гумруки кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Чинро баррасӣ намуда, дар заминаи он, чанде аз масъалаҳои мубрамро мавриди муҳокима қарор доданд. Фаъолияти кории мутақобилаи сарҳадӣ дар гузаргоҳҳо ва соддагардонии расмиёти гумрукӣ, ҳамкорӣ дар доираи лоиҳаи «Равзанаи ягона», табодули таҷриба дар самти «Гумруки зеҳнӣ», ҳамкорӣ вобаста ба эътирофи мутақобилаи мақоми танзимгари ваколатдори иқтисодӣ ва таъсиси механизми ҳамкорӣ бо мубориза бар зидди ҳуқуқвайронкуниҳои гумрукӣ аз ҷумлаи масъалаҳои баррасишаванда маҳсуб меёфтанд.

Бо мақсади тақвият бахшидан ба ҳамкориҳои мутақобилан судманд миёни кишварҳои иштирокчӣ роҳбарони мақомотҳои гумруки кишварҳои Осиёи Марказӣ масъалаи фароҳам овардани заминаи ҳуқуқӣ оид ба табодули маълумоти пешакӣ дар бораи молу воситаҳои нақлиёти аз сарҳадҳои гумрукӣ интиқолшавандаро низ матраҳ намуданд. Зимни баррасӣ ҷониби чинӣ иброз дошт, ки масъалаи матраҳшударо мавриди омӯзиши ҳамаҷониба қарор хоҳад дод.

Дар фарҷоми мулоқот, ҷонибҳо аз ташаббуси пешгирифтаи кишвари Чин дар робита ба таъсиси механизми вохӯриҳои раҳбарони мақомотҳои гумруки кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Чин истиқбол намуда, ҷиҳати дар амал татбиқ намудани масъалаҳои матраҳшуда бо дарназардошти манфиатҳои миллӣ, омодагии хешро иброз доштанд.

Маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

sh9
sh8
sh7
sh6
sh5
sh4
sh3
sh2
sh1

Суроға: хиёбони Бухоро-50|
Ҷумҳурии Тоҷикистон|
ш. Душанбе|

(Cуроғаи почтаи электронии
Маҷаллаи "Гумрук")
info.gumruk@yandex.ru

Агар хоҳед, ки ҳамеша аз хабару эълонҳои нав огоҳ бошед, дар сомонаи мо обуна шавед: