Имрӯз дар Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба омӯзиши қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, бо иштироки мутахассиси пешбари Раёсати танзими анъана ва ҷашну маросими Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Аминов Бурҳониддин Сидиқович, мутахассиси Раёсати иттиҳодияи диннии Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Қаландаров Бурҳониддин ва кормандони дастгоҳи марказии Хадамоти гумрук ҷаласа баргузор шуд.
Ҷаласаро сардори Раёсати ташкилию бозрасии Хадамоти гумрук, генерал-майори хадамоти гумрук Муродиён Абдумумин Раҷабзод ҳусни оғоз бахшида, иброз дошт, ки расму оин ва анъанаҳо яке аз шаклҳои муҳими шуури ҷамъиятии ҳар як миллату ҷомеа буда, имкониятҳои мавҷуда бояд мақсаднок ва самарбахш истифода карда шаванд. Масрафи маблағ ё захираҳои моддӣ бар хилофи зиёни иҷтимоӣ, инчунин, аз ҷиҳати динӣ низ гуноҳ мебошад.
Зикр гардид, ки қонуни мазкур дар асоси таклифу пешниҳоди мардум таҳия шуда, мақсад аз он ба танзим овардани расму анъанаҳо мебошад, ки татбиқу риояи талаботи он аз ҳар яки мо вобастагии амиқ дорад.
Боиси қаноатмандист, ки муқаррароти қонуни мазкур аз ҷониби ҳайати шахсии Хадамоти гумрук ҳамаҷониба иҷро гардида, тибқи Нақшаи кории комиссияи ҷамъиятии танзими анъана ва ҷашну маросим бо ҳайати шахсӣ мунтазам корҳои фаҳмондадиҳӣ анҷом дода мешаванд.
“Комиссияи ҷамъиятии Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба танзими анъана ва ҷашну маросим фаъолияти худро тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 марти соли 2018, таҳти №96 “Дар бораи Низомномаи намунавии комиссияҳои ҷамъиятӣ оид ба танзими анъана ва ҷашну маросим” ва дигар қонуну қарорҳои ҷорӣ ба роҳ монда, бо мақсади амалӣ намудани талаботи он дар дастгоҳи марказӣ ва раёсатҳои минтақавии гумрукӣ бо иштироки масъулини Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳайати шахсӣ вохӯриҳо ташкил намуда, моҳияти қонуни мазкурро пурра шарҳу тавзеҳ медиҳанд”, - таъкид дошт А.Муродиён.
Мутахассиси пешбари раёсати танзими анъана ва ҷашну маросими Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Бурҳониддин Аминов дар навбати худ оид ба иҷрои бечунучарои талаботҳои қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” баромад намуда, ҷанбаҳои ҳуқуқии онро шарҳ дод ва тадбирҳои дар ин самт роҳандозишударо бо мисолҳои мушаххас ба самъи иштирокдорон расонид.
Қайд гардид, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим» бо иқдоми наҷибонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 8 июни соли 2007 қабул гардида, мақсади қабули қонуни мазкур пеш аз ҳама, баланд бурдани сатҳи некуаҳволии сокинони кишвар, пешгирии хароҷоти беҳуда ва исрофкорӣ, ба низом даровардани маъракаҳои хурсандӣ ва азодории шаҳрвандон мебошад.
Ногуфта намонад, ки ин таҷриба дар минтақа назир надошта, татбиқи босубот ва муътадили ин санади муҳимми ҳуқуқиву сиёсӣ ба шуури диниву дунявии мардум таъсири ҷиддӣ расонид. Ба ин маънӣ, ки фазои динӣ ва мафкуравии мардум аз бозмондаҳо ва хурофоти дерина тоза шуд, як муҳити созгори пайванди равобити дину давлат дар шароити дунявият ба вуҷуд оварда шуд.
Имрӯз бо боварӣ метавон гуфт, ки қонун ба ҳадафҳои худ то андозае ноил гардид. Маълумотҳои оморӣ аз он гувоҳӣ медиҳанд, ки дар ин давра аз ҳисоби ба низом даровардани маъракаҳо, камхарҷ гузарондани онҳо ва ихтисори як қатор маъракаҳои такрорӣ, зиёда аз 25 миллиард сомонӣ ба нафъи шаҳрвандон пасандоз гардидааст.
Дар идома қайд гардид, ки дар моддаи 7 банди 4-и қонуни зикршуда ба шаҳрвандон оиди дар рӯзҳои иди саиди фитр ва қурбон оростани хони маънавӣ ва дурӣ ҷустан аз исроф ва зиёдаравӣ дастур дода шудааст, аммо мутаасифона гуфтаҳои боло ҳанӯз ҳам аз ҷониби бархе шаҳрвандони кишвар риоя намегардад. “Мо аҳли ҷомеа бояд иқдомҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар ин самт дастгирӣ намуда, барои ҳифзи якпорчагии ин Ватани биҳиштосо ҳамеша омода бошем”, - таъкид дошт Бурҳониддин Аминов.
Ҳамзамон, мутахассиси Раёсати иттиҳодияи диннии Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бурҳониддин Қаландаров зимни суханронии хеш иброз дошт, ки меъёрҳои конститутсионӣ, дар маҷмуъ, сиёсати давлати Тоҷикистонро нисбат ба дин ба расмият дароварда, ҷиҳати амалӣ намудани мақсаду вазифаҳои таҳкими истиқлолияти давлатӣ, ваҳдату ягонагӣ, ризоият дар ҷомеа, мусоидат ба эҳёи фарҳанг ва худшиносии миллӣ, таъмини ҳамкориҳои васеи давлат бо иттиҳодияҳои динӣ дар ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ ва фарҳангӣ, пешгирии падидаҳои ифротгароӣ, тундгароӣ дар муҳити сиёсӣ ва динӣ мусоидат менамоянд.
Дар идомаи мулоқот миёни ҳайати шахсӣ ва намояндагони Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон табодули афкор сурат гирифт.
Ҷаласаро сардори Раёсати ташкилию бозрасии Хадамоти гумрук Муродиён Абдумумин Раҷабзод ҷамъбаст намуда, ёдовар шуд, ки миллати тоҷик ҳаққи худшиносии комил дорад. Бинобар ин, мо бояд аз гузаштаи худ фарҳанги сарфакориро омӯзем ва барои дар амал татбиқ намудани қонунҳои мазкур ҳамчун узви ҷомеаи мутамаддин саҳми арзандаи худро гузорем.
Маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон