ХАДАМОТИ ГУМРУКИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Ҷаласаи дуюми Шурои ҳамоҳангсоз оид ба ҷорӣ намудани системаи ASYCUDA World дар мақомоти гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи ҷузъи 3-юми Лоиҳаи «Беҳтар намудани роҳҳои минтақавии алоқаи Осиёи Марказӣ-4»

14 апрели соли 2023 дар дастгоҳи марказии Хадамоти гумрук ҷаласаи дуюми Шурои ҳамоҳангсоз оид ба ҷорӣ намудани системаи ASYCUDA World дар мақомоти гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи ҷузъи 3 - юми Лоиҳаи «Беҳтар кардани роҳҳои минтақавии алоқаи Осиёи Марказӣ-4» доир гардид. Дар ҷараёни он бо иштироки намояндагони лоиҳаи АСИКУДА (ASYCUDA) ва ЮНКТАД муаррифии ҳисоботи семоҳа барои давраи аз январ то моҳи марти соли 2023, баргузор шуд.

Дар кори чорабинӣ муовини якуми Сардори Хадамоти гумрук - Турсунзода Азим Ҳайдар ширкат варзида, ҷаласаро кушода эълон намуд. Сипас, низомномаи Шуро аз ҷониби ӯ барои тасдиқ пешниҳод карда шуд.

Аз рӯйи барномаи чорабинӣ, иҷрокунандаи вазифаи менеҷери миллии лоиҳаи ЮНКТАД - Баракатулло Ҳайдаров низ суханронӣ намуда, вобаста ба корҳои анҷомдода дар доираи Лоиҳа ҳисоботи семоҳаи соли 2023 аз ҷониби ӯ шунида шуд.

Ҳамчунин, Сергей Бею оид ба мундариҷаи ҳуҷҷати мушаххаскунии равандҳои тиҷоратӣ ва таҳлили қонунгузорӣ, методология ва принсипҳои таҳлилҳои гузаронидашуда изҳори назар намуда, вобаста ба иҷроиши онҳо маълумоти мухтасар дод.

Инчунин, ҳамоҳангсози минтақавии ЮНКТАД - Дмитрий Годунов дар бораи стратегияи минбаъдаи татбиқи лоиҳа ва марҳилаи озмоишӣ иттилоъ дода, доир ба ҷанбаҳои муҳими марҳилаи озмоишӣ изҳори назар намуд. Вобаста ба оғози озмоиш ва таҳияи нақшаи чорабиниҳо, тавсияҳои хешро иброз дошт.

Пас аз муаррифии ҳисобот аз ҷониби иҷрокунандаи вазифаи менеҷери миллии лоиҳаи ЮНКТАД - Баракатулло Ҳайдаров ва пешниҳоди маълумоти ҳамоҳангсози минтақавии ЮНКТАД Дмитрий Годунов, миёни аъзоёни Шурои ҳамоҳангсозӣ ва баромадкунандагон саволу ҷавоб баргузор гашт.

Дар ҷамъбасти вохӯрӣ Турсунзода Азим Ҳайдар ва Дмитрий Годунов барои корҳои анҷомдода изҳори сипос намуда, изҳор доштанд, ки баргузории чунин чорабиниҳо саривақтӣ буда, ҷиҳати татбиқи низоми ASYCUDA аҳамияти муҳим доранд.

 Маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

sh9
sh8
sh7
sh6
sh5
sh4
sh3
sh2
sh1

Суроға: хиёбони Бухоро-50|
Ҷумҳурии Тоҷикистон|
ш. Душанбе|

(Cуроғаи почтаи электронии
Маҷаллаи "Гумрук")
info.gumruk@yandex.ru

Агар хоҳед, ки ҳамеша аз хабару эълонҳои нав огоҳ бошед, дар сомонаи мо обуна шавед: