ХАДАМОТИ ГУМРУКИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Мусобиқаи тениси рӯи мизӣ, шоҳмот ва шашкабозӣ дар Хадамоти гумрук

15 апрели соли 2023 дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, тибқи нақшаи чорабиниҳои тасдиқкардашуда аз ҷониби Роҳбарияти Хадамоти гумрук ва бо ташаббуси Раёсати кадрҳо ва кор бо ҳайати шахсии Хадамоти гумрук, дар бинои Дастгоҳи марказӣ бахшида ба “Наврӯзи байналмилалӣ”, инчунин, бо мақсади баланд бардоштани сатҳи тайёрии ҷисмонӣ, сайқал додани қобилияти зеҳнӣ, рушду оммавигардонии варзиши намуди “Шоҳмот”, “Шашка” ва тарғиби ҳаёти солим, дар байни кормандони Хадамоти гумрук чорабиниҳои варзишӣ, баргузор гардид.

 

Иштирокчиёни чорабинии варзишӣ, ки кормандони Хадамоти гумрук маҳсуб меёфтанд, аз рӯйи қуръапартоӣ ба гуруҳҳо ҷудо гардида, миёни ҳам бозиро оғоз намуданд. Рақобати онҳо дар самти бозиҳои шоҳмот, шашка ва тениси рӯи мизӣ идома ёфт.

Боиси хушнудист, ки бо дастгирии пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи варзиш дар кишвар сол аз сол рушд намуда, барои машқу тамрини ҷавонон ва омодагии варзишгарон шароити зарурӣ фароҳам оварда шудааст ва иншоотҳои зиёди варзишӣ низ мавриди истифода қарор дода мешаванд.

Қобили зикр аст, ки кормандони Хадамоти гумрук соли гузашта низ дар чунин чорабинии варзишӣ фаъолона ширкат варзида буданд. Боиси фараҳмандист, ки соли ҷорӣ теъдоди иштирокчиёни бозии шоҳмот боз ҳам зиёдтар гардид.

Воқеан, варзиш воситаи муҳими беҳдошти саломатӣ ва ташаккули ҷисмониву маънавии инсон буда, мунтазам машғул гардидан ба он махсусан, дар замони ҳозира бисёр муфид аст.

Маврид ба ёдоварист, ки Шоҳмот бозии завқовари рӯйимизӣ мебошад. Ин бозӣ яке аз бозиҳои қадимтарини дунё ҳисобида шуда, шоҳмотбозӣ ба сифати бозии зеҳнҳо маъмул гардидааст. Ин бозиро навъе аз варзиши фикрӣ миёни ду бозингар арзёбӣ менамоянд. Илова бар ин, шоҳмотбозон байни мардум баъзан бо унвони «интеллектҳо» ёд мешаванд. Бояд таъкид кард, ки на ҳама кас аз уҳдаи ин навъи бозӣ баромада метавонад. Санҷиши зеҳн, озмудани фаросат, дақиқ ва мутамарказ кардани диққат унсурҳоеанд, ки дар бозии мазкур барандаро муайян ва мушаххас менамояд.

 Маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

sh9
sh8
sh7
sh6
sh5
sh4
sh3
sh2
sh1

Суроға: хиёбони Бухоро-50|
Ҷумҳурии Тоҷикистон|
ш. Душанбе|

(Cуроғаи почтаи электронии
Маҷаллаи "Гумрук")
info.gumruk@yandex.ru

Агар хоҳед, ки ҳамеша аз хабару эълонҳои нав огоҳ бошед, дар сомонаи мо обуна шавед: