ХАДАМОТИ ГУМРУКИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Таҷлили Рӯзи Модар дар Хадамоти гумрук

7 марти соли 2023 дар Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси тантанавӣ бахшида ба Рӯзи Модар баргузор гардид.

Дар он роҳбарият ва ҳайати шахсии дастгоҳи марказии Хадамоти гумрук, иштирок намуданд.

Маҷлисро Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-лейтенанти хадамоти гумрук, Каримзода Хуршед Абдураҳмон оғоз бахшида, бонувони хадамоти гумрукро бо ин санаи фархунда шодбош гуфта, барояшон бурдборӣ ва барои кору муваффақият таманно карда, доир ба ҷашни фархундаи модарону бонувон, ибрози андеша намуд.

 

Шакке нест, ки Пешвои муаззами миллат, Президенти маҳбуби мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон низ дар интихоби Рӯзи Модар маҳз ба фасли баҳор ва оғози кишту кор таваҷҷуҳ карда, ба ҳайси чунин рӯз 8-уми мартро муайян намудаанд.

Мову шумо, ки айни замон дар арафаи ин санаи фараҳбахш қарор дорем, мехоҳам ҳамаи шумо – ҳозирини гиромӣ, ҳамчунин модарон ва дигар занону духтарони иззатманди Ватанро ба муносибати Рӯзи Модар самимона табрик гуфта, ба ҳар кадоматон, пеш аз ҳама, саломатию сарбаландӣ, рафоҳати рӯзгор ва камолоти кор орзу намоям.

Тавре ишора шуд, Иди фархундаи модарону бонувон ҳамасола аз омадани фасли баҳор ва ҷашни Наврӯзи Аҷам мужда мерасонад. Дар ин айём табиат аз нав эҳё шуда, хурраму дилкаш мегардад. Ин рангорангии табиат ба ҳусни модарону бонувони мо зебоиву назокати бештар зам мекунад. Яъне фасли баҳор, ки ба табиати модарону хоҳарони мо созгор мебошад, сиришти зебоипарастии онҳоро таровати баҳорона мебахшад.

Зан - Модар бо сад мушкилӣ, вале бо нияти неку умеди зиёд инсонро ба дунё меорад, ӯро тарбия мекунад ва ба камол мерасонад. Ӯ ба мисли баҳори пурнакҳату муаттар таҷассумгари фардои обод буда, фарзанди худро дар роҳи хизмат ба халқу Ватан ҳидоят менамояд.

Бешак, нақши модар дар тарбия, омӯхтани забон, таъриху фарҳанг, донишҳои муосир ва умуман камолоти маънавию ахлоқии фарзанд барҷаста мебошад. Аз ин рӯ, фаромӯш набояд кард, ки волидайн ва алалхусус, модарони имрӯза дар баробари ба камол расонидани фарзандони худ, ҳамзамон таърихи ояндаи Ватани хеш ва ҳатто таърихи ояндаи башарро эҷод мекунанд.

Доир ба ин масъала, дар яке аз суханрониҳои худ, Пешвои муаззами миллат таъкид карда буданд, ки “Модар гаҳвора ва оламро ба ҳам мепайвандад ва бо сиришту замири покаш барои ҳастии фарзанд, ободии хонадон ва осоиши ҷомеа талош менамояд”.

Модар барои фарзанд дарҳои илму маърифатро боз мекунад, яъне аввалин омӯзгори фарзанд мебошад, ба хотири орому осуда ва пояндаву устувор нигоҳ доштани оила, ҷомеа ва давлат беминнат заҳмат мекашад.

Аз ин рӯ, модар барои фарзанд ҳам умеду орзу, ҳам қалбу рӯҳ, ҳам дармони ҷисму ҷон, яъне меҳрубонтарину ғамхортарин ва муқаддастарин шахс мебошад.

Дар Тоҷикистони азизи мо хурду бузург заҳмату фидокориҳои модарону бонувонро қадр мекунанд. Зеро бонувони мо имрӯз бо нангу номуси ватандорӣ дар соҳаҳои гуногун баробари мардон фаъолият доранд. Саҳми бисёр арзишманди онҳо ва натиҷаи заҳмати софдилонаашон дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа мушоҳида мегардад.

Занону модарони мо ҳанӯз дар оғози даврони истиқлоли давлатӣ ба хотири ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои худ ва ба эътидол овардани вазъи кишвар азму талош карда, дар роҳи расидан ба сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ саҳми арзишманд гузоштаанд.

Ҳоло ҳазорҳо нафар занону бонувони қавиирода ва ҷасуру далери мо дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ хизмати Модар – Ватанро адо карда, дар ҳифзи марзу буми кишвар ва тартиботу оромии ҷомеа баробари мардон адои вазифа карда истодаанд.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба таҳкими мақому манзалат ва таъмини риояи ҳуқуқи конститутсионии занон тамоми тадбирҳои заруриро андешида, онҳоро мутобиқи меъёрҳои ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ амалӣ мегардонад.

Бо мақсади баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа, таъмин намудани баробарҳуқуқии мардону занон, тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда аз ҷумлаи занону духтарони лаёқатманд як силсила санадҳои зарурӣ, аз ҷумла фармони махсуси Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа” қабул гардида, амалӣ гашта истодаанд.

Ҳадаф аз қабули санадҳо, пеш аз ҳама, арҷгузорӣ ба ҳуқуқу озодиҳои занон, баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа, тавсеаи нақши ӯ дар ҳаёти сиёсӣ ва иқтисодию иҷтимоии мамлакат, фароҳам овардани шароити мусоид барои фаъолияти занону бонувон мебошад.

Дар натиҷа солҳои охир теъдоди занони мутахассису соҳибтаҷриба дар зинаҳои мухталифи ҳокимият – мақоми олии қонунгузор, ҳокимияти иҷроияву судӣ ва тамоми сохтору мақомоти давлатию ҷамъиятӣ торафт афзоиш ёфта, онҳо дар рушду пешрафти самтҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа саҳми воқеии худро гузошта истодаанд.

Аз ҷумла, бо ҳидоятҳо ва раҳнамоиҳои хирадмандонаи Сарвари давлат, дар мақомоти гумруки кишвар ба масъалаи дастгирии занон таваҷҷуҳи пайваста зоҳир мегардад. Агар шумораи бонувон дар мақомот, 10 сол пеш, 55 нафарро ташкил медод, ин нишодиҳанда, айни замон, ба 138 расонида шудааст, ки аз онҳо 13 нафарашон дар мансабҳои роҳбарикунанда ифои вазифа мекунанд.

Мо бо чунин занону бонувони матиниродаи миллат ифтихор мекунем ва ба садоқати онҳо ба Ватан аҳсан мехонем.

Занону бонувони мо дар соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқ ҳиссагузор буда, саҳми онҳо махсусан дар рушди соҳаҳои илму маориф ва фарҳангу тандурустӣ торафт афзун шуда истодааст.

Тавре ки Президенти мамлакат дар паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олӣ ишора карданд, ҳоло аз шумораи умумии хизматчиёни давлатӣ 25 фоиз, аз ҷумла кадрҳои роҳбарикунанда қариб 20 фоизро бонувону занон ташкил медиҳанд.

Инчунин, бонувону занон дар соҳаи маориф 73 фоиз, тандурустӣ 71, фарҳанг 47, бонкдорӣ 39, алоқа 25, аз ҷумла дар соҳаи хизматрасонии иттилоотӣ қариб 40 фоиз мебошанд.

Таъсиси грантҳои президентӣ ба густариши фаъолияти соҳибкории занону бонувон мусоидат намуд ва онҳо дар баробари беҳтар сохтани шароити оилавии худ ҳоло ба рушди иқтисоди кишвар низ таъсири назаррас расонида истодаанд.

Соли 2022 ба зиёда аз 600 ҳазор занону бонувон аз ҷониби муассисаҳои бонкӣ ба маблағи беш аз 3 миллиарду 400 миллион сомонӣ қарз дода шудааст, ки нисбат ба соли 2018-ум 2,4 баробар зиёд мебошад.

Умуман, дар панҷ соли охир маблағи қарзи ба занону бонувон пешниҳодшуда 12,1 миллиард сомониро ташкил кардааст.

Рақамҳои зикршуда гувоҳи равшани фаъол будани занону бонувон дар иқтисодиёти кишвар мебошанд.

Дар 21 соли охир беш аз 504 ҳазор духтарону бонувон муассисаҳои ҳамаи зинаҳои таҳсилоти касбиро хатм карда, соҳибкасб шудаанд.

Аз ин ҳисоб 239 ҳазор нафари онҳо соҳиби маълумоти олӣ гардида, ҳоло боз 100 ҳазор нафар духтарон дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ таҳсил карда истодаанд.

Даҳҳо ҳазор нафар занону духтарони тоҷик касби бошарафи омӯзгориро ба уҳда дошта, дар таълиму тарбияи насли ояндасози кишварамон нақши арзанда мегузоранд.

Занони боиродаи тоҷик ҳатто дар дурдасттарин деҳоти кишвар ба сифати таҳсилот диққати ҷиддӣ дода, баробари волидайн дар тарбияи хонандагон ҳиссагузор мебошанд.

Занону бонувони мо ҳамчун табибу ҳамшираи шафқат барои саломатии аҳли ҷомеа заҳмат кашида, беморонро шифо мебахшанд. Зеро барои давлат миллати солим даркор аст ва саломатии мардум боигарии давлат мебошад. Ҳамчунин фармудаанд, ки модари солим – ҷомеаи солим. Яъне масъалаи рушду нумӯъ, бақову пойдорӣ ва ҳатто ҳастию нестии ҷомеа ба модарони меҳрубони мо муносибати мустақим дорад. Аз ин ҷост, ки дар кишвари мо, дар ҳамаи сатҳҳо, барои зан-модар мақоми махсусро қоиланд.

Воқеан, зан – модар сазовори ҳама гуна эҳтиром ва қадршиносӣ мебошад. Аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат унвон гирифтани 8-уми март ҳамчун «Рӯзи модар» гувоҳ аз қадршиносӣ ва манзалати Зан-Модар дар кишвар аст.

Беҳуда нест, ки сатҳи маърифати ҷомеа ва нуфузу эътибори он аз рӯи муносибат ба зан, ба модар муайян карда мешавад, аз рӯи он арзёбӣ мегардад, ки занон то чӣ андоза соҳибмаърифату соҳибкасбанд ва то чӣ андоза дар ҳаёти ҷомеа фаъол мебошанд.

Дар фарҷоми сухан ҳамаи шумо – гулҳои ҳамешабаҳори боғи зиндагӣ ва дар симои шумо тамоми занону модарон ва бонувони мамлакатро бори дигар ба ифтихори бузургдошти Рӯзи Модар самимона шодбош гуфта, бароятон саломатӣ, хушбахтию саодатмандӣ ва рӯзгори ободу осуда таманно мекунам.

Аз ҷониби худ, ман итминони комил дорам, ки бонувон – афсарони мақомоти гумрук, дар ин ҷода, бо ҳисси баланди масъулиятшиносӣ муносибат намуда, худ намунаи ибрати дигарон шуда, дар баланд бардоштани маърифати ҳуқуқию фарҳангии занони гирду атроф низ саҳми арзандаи хешро хоҳанд гузошт, - қайд кард зимни суханронии худ Хуршед Каримзода.

Дар идомаи чорабинӣ, ҳамчунин якқатор кормандони дастгоҳи марказии Хадамоти гумрук дар навбати худ ба сухан баромада, доир ба Рӯзи модар ва манзалати Зан-Модар, ибрози назар намуданд.

Дар фарҷоми чорабинӣ Хуршед Каримзода бори дигар ҳамаи бонувони хадамоти гумрук ва дар симои онҳо тамоми занону модарон ва бонувони мамлакатро бори дигар ба ифтихори бузургдошти Рӯзи модар самимона шодбош гуфта, барояшон саломатӣ, хушбахтию саодатмандӣ ва рӯзгори ободу осуда таманно намуд.

 Маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

sh9
sh8
sh7
sh6
sh5
sh4
sh3
sh2
sh1

Суроға: хиёбони Бухоро-50|
Ҷумҳурии Тоҷикистон|
ш. Душанбе|

(Cуроғаи почтаи электронии
Маҷаллаи "Гумрук")
info.gumruk@yandex.ru

Агар хоҳед, ки ҳамеша аз хабару эълонҳои нав огоҳ бошед, дар сомонаи мо обуна шавед: