ХАДАМОТИ ГУМРУКИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Шарҳу тафсири Паём дар Хадамоти гумрук

Бо мақсади шарҳу тавзеҳи нуктаҳои Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 22-феврали соли 2023 дар дастгоҳи марказии Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомад баргузор гардид.

Дар ҷамъомад сардори Раёсати тадқиқоти масъалаҳои соҳавии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Имомназар Каримиён, сардори Раёсати ташкилию бозрасии Хадамоти гумрук, генерал-майори хадамоти гумрук, Муродиён Абдумумин Раҷабзод, сардори Раёсати кадрҳо ва кор бо ҳайати шахсии Хадамоти гумрук, генерал-майори хадамоти гумрук, Баҳром Исматуллозода ва ҳайати шахсии дасгоҳи марказӣ ширкат варзиданд.

Абдумумин Муродиён ҷамъомадро ифтитоҳ намуда, изҳор дошт, ки нуктаҳои Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон машъали раҳнамо барои миллати сарбаланду тамаддунофари тоҷик буда, он самтҳои асосиву меҳвари фаъолияти ҷомеаи соҳибистиқлоли моро солҳои минбаъда дақиқ ва мушаххас менамояд.

 

Имомназар Каримиён зимни суханрони иброз доштанд, ки дар доираи сиёсати пешгирифтаи давлату Ҳукумат доир ба дастгирии фаъолияти соҳибкориву сармоягузорӣ дар замони соҳибистиқлолӣ тадбирҳои зарурӣ амалӣ гардида, дар ин самт барои соҳибкорон имтиёзу сабукиҳои зиёд ҷорӣ карда шуданд. Ҳамчунин таъкид намуданд, ки муҳтаво ва нишондодҳои Паём, воқеан ҳам, оид ба рушди иқтисодиёти кишвар заминагузори бузург мебошанд.

Инчунин, Имомназар Каримиён мисол оварданд, ки Сарвари давлат ҳамеша ба соҳибкорон имтиёзҳои зиёдеро пешбинӣ мекунанд ва дар ин зимн таъкид карданд, ки то имрӯз ба онҳо беш аз 120 намуди имтиёзу сабукиҳои андозиву гумрукӣ пешниҳод шуда, шумораи сохторҳои бақайдгирии давлатии фаъолияти соҳибкорӣ аз 4 ба 1 кам гардида, хизматрасонӣ дар ин самт ба таври ройгон ба роҳ монда шудааст. Дар соли 2022 маблағи имтиёзҳои андозиву гумрукии истифодагардида зиёда аз 12 миллиард сомониро ташкил медиҳад. Шумораи субъектҳои соҳибкорӣ ба 339 ҳазор расид, ки нисбат ба соли 2018 беш аз 76 ҳазор зиёд мебошад.

Дар фарҷоми мулоқот иштироккунандагон ҳамовозии худро аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аз сиёсати пешбарандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз карданд.

sh9
sh8
sh7
sh6
sh5
sh4
sh3
sh2
sh1

Суроға: хиёбони Бухоро-50|
Ҷумҳурии Тоҷикистон|
ш. Душанбе|

(Cуроғаи почтаи электронии
Маҷаллаи "Гумрук")
info.gumruk@yandex.ru

Агар хоҳед, ки ҳамеша аз хабару эълонҳои нав огоҳ бошед, дар сомонаи мо обуна шавед: