ХАДАМОТИ ГУМРУКИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Вохӯрии Сардори Хадамоти гумрук бо Сафири Шоҳигарии Арабистони Саудӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

8 феврали соли 2023 вохӯрии Сардории Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-лейтенанти хадамоти гумрук, Каримзода Хуршед Абдураҳмон бо Сафири Шоҳигарии Арабистони Саудӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Валид ибни Абдураҳмон Ал-Решайдон баргузор гардид.

Дар мулоқот дурнамои ҳамкориҳои дуҷониба дар самти фаъолияти гумрукӣ ва дигар масъалаҳои мавриди эҳтимоми тарафайн табодули назар сурат гирифт.

Каримзода Хуршед, зимни суханронии худ меҳмононро ба Хадамоти гумрук хайрамақдам гуфта, аз ҳамкориҳои мутақобилан судманди байни давлатҳо изҳори миннатдорӣ намуда, иброз дошт, ки вохӯрии мазкур дар тақвият ва густариши ҳамкориҳои гумрукӣ заминаи мусоид фароҳам хоҳад овард.

Инчунин, ҷонибҳо масъалаи густаришу тавсеаи ҳамкориҳоро дар баргузории Комиссияҳои муштараки байниҳукуматӣ арзёбӣ намуда, ҷиҳати фароҳам овардани заминаи ҳуқуқӣ дар самти фаъолияти гумрукӣ ба таҳияи Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ва ёрии байниҳамдигарӣ дар самти фаъолияти гумрукӣ ишора намуданд.

Ҳамчунин, бо пешниҳоди ҷаноби сафир масъалаи иҷроиши банди 12 Протоколи ҷаласаи сеюми Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистону Шоҳигарии Арабистони Саудӣ оид ба ҳамкории иқтисодӣ, тиҷоратӣ, сармоягузорӣ, техникӣ ва фарҳангӣ, ки дар шаҳри Душанбе санаи 24 декабри соли 2022 баргузор гардида буд, мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Ёдовар мешавем, ки муқаррароти банди мазкур ҷиҳати ташкили маркази логистикии муосир дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дарназардошти ягонакунӣ, коркард, нигаҳдорӣ, тамғагузорӣ ва бастабандии мева ва сабзавот барои содироти минбаъдаи он равона гардида, ин масъала дар ҷаласаи сеюми Комиссияи муштараки байниҳукуматии болозикр бо пешниҳоди ҷониби Тоҷикистон сурат гирифтааст.

Зимни суҳбат Сардори Хадамоти гумрук Каримзода Х.А. қайд намуданд, ки тибқи маълумотҳои омори гумрукӣ масъалаи содирот ва воридоти молу маҳсулот байни кишварҳо дар сатҳи зарурӣ роҳандозӣ нагардидааст ва аз ҷаноби сафир ҷиҳати ҳалли ин масъала даъват ба амал овард, зеро роҳандозӣ ва густариши минбаъдаи робитаҳои байни ду кишвар дар табодули таҷриба дар самти фаъолияти гумрукӣ инъикос гардида, ба дараҷаи баланди муносибатҳои иқтисодӣ хоҳанд расид.

Ҳамзамон, дар вохӯрӣ доир ба имкониятҳои кишоварзии Тоҷикистон ҷиҳати афзоиши гардиши мол миёни ҷонибҳо диққати ҷиддӣ зоҳир намуданд ва масъалаи содироти меваи тару тоза ва хушкмеваҳо аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Арабистони Саудӣ, инчунин масъалаҳои рушди тиҷорат ва инфрасохтори сайёҳӣ байни давлатҳо мавриди баррасии ҳамаҷониба қарор дода шуданд.

Дар фарҷоми мулоқот ҷонибҳо ҳалли масъалаҳои матраҳшударо муҳим арзёбӣ намуда, барои татбиқи онҳо изҳори омодагӣ карданд ва бо итминони комил иброз доштанд, ки вохӯрии мазкур ба рушди босуръати ҳамкориҳои дуҷониба такони ҷиддӣ бахшида, ба таҳким ва густариши ҳамкориҳо дар самтҳои нави фаъолияти гумрукӣ хизмат хоҳад намуд.

Маврид ба зикр аст, ки дар мулоқот, инчунин консул - раиси Протоколи Сафорат Алӣ Аломарӣ, ёрдамчии сафир Муҳаммад Алаҳмарӣ ва сардори Раёсати Ҳамкориҳои байналмилалии гумрукии Хадамоти гумрук Мирзошоева Сулҳия ширкат варзиданд.

Маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

sh9
sh8
sh7
sh6
sh5
sh4
sh3
sh2
sh1

Суроға: хиёбони Бухоро-50|
Ҷумҳурии Тоҷикистон|
ш. Душанбе|

(Cуроғаи почтаи электронии
Маҷаллаи "Гумрук")
info.gumruk@yandex.ru

Агар хоҳед, ки ҳамеша аз хабару эълонҳои нав огоҳ бошед, дар сомонаи мо обуна шавед: