ХАДАМОТИ ГУМРУКИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Вохӯрии муовини якуми сардори Хадамоти гумрук бо намояндагони Хазинаи байналмилалии асъор

31 январи соли 2023 намояндагони Хазинаи байналмилалии асъор ба Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварданд. Меҳмононро муовини якуми сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-майори хадамоти гумрук, Турсунзода Азим Хайдар ба ҳузур пазируфт. Ҳайати мазкурро Андуалем Менгисту, роҳбари гурӯҳи корӣ, мушовири шуъбаи буҷети Хазинаи байналмилалии асъор ҳамраҳӣ намуданд.

Дар рафти вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои вобаста ба фаъолияти гумрукии дархостшударо дар самти мушкилоти асосӣ дар соҳаи аксизҳо, сиёсати гумрукӣ ва маъмурӣ, иқтидори даромадҳои гумрукӣ ва аксизӣ дар оянда, кӯмаки кишварҳои мухталиф ва созмонҳои байналмилалӣ дар ислоҳоти хадамоти гумруки Тоҷикистон, натиҷаи пардохтҳои гумрукии Тоҷикистон дар соли 2022 аз ҳисоби аксизҳо ва боҷҳои гумрукӣ, бунёди роҳҳои нав гарави рушди бомуваффақияти соҳаи гумрук дар Тоҷикистон, нақши боҷҳои гумрукӣ аз ҳисоби аксизҳо дар маҷмӯи маҳсулоти дохилии Тоҷикистон, сабаби болоравии меъёри молҳои зераксизӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, нақши ислоҳоти нав дар хадамоти гумруки Тоҷикистон дар мубориза бо қочоқ ва афзоиши тарифҳои молҳои зераксизӣ ба маҷмӯи маҳсулоти дохилии Тоҷикистонро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Ҳамчунин зимни мулоқот, ҷонибҳо самтҳои афзалиятноки ҳамкориҳои мутақобилаи судмандро дар самти фаъолияти гумрукӣ баррасӣ намуда, ҷиҳати боз ҳам тақвият бахшидан ба ҳамкориҳои судманд ибрози омодагии хешро зоҳир намуданд.

Дар мулоқот, инчунин мушовирони Хазинаи байналмилалии асъор Гертен Мичилсе, Дёнги Вех, Анна Лешчиловска ва намояндагони Вазорати молия Ҷумабоев Хуршед Қодирович директори пажуҳишгоҳи илӣ - тадқиқотии “Молия”, Мирзобоев Дилшод Тоҳирҷонович мутахассиси пешбари Сарраёсати сиёсати андоз ва пардохтҳои давлатии Вазорати молия, ҳамчунин як қатор кормандони масъули Хадамоти гумрук сардори Раёсати ҳамкориҳои байналмилалии гумрукӣ Мирзошоева Сулҳия Ҳошимовна, муовини сардори Раёсати батанзимдарории тарифию гумрукӣ ва назорати арзӣ Арабов Тимур Собирович ва нозири Раёсати ҳамкориҳои байналмилалии гумрукӣ Раҳмонов Абубакр иштирок намуданд.

Маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

sh9
sh8
sh7
sh6
sh5
sh4
sh3
sh2
sh1

Суроға: хиёбони Бухоро-50|
Ҷумҳурии Тоҷикистон|
ш. Душанбе|

(Cуроғаи почтаи электронии
Маҷаллаи "Гумрук")
info.gumruk@yandex.ru

Агар хоҳед, ки ҳамеша аз хабару эълонҳои нав огоҳ бошед, дар сомонаи мо обуна шавед: