ХАДАМОТИ ГУМРУКИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Ҷаласаи навбатии Шӯрои ҷамъиятиву машваратӣ доир ба фаъолияти гумрукии Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

29 декабри соли 2022 дар Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷаласаи навбатии Шӯрои ҷамъиятиву машваратӣ доир ба фаъолияти гумрукӣ дар назди Хадамоти гумрук доир гардид, ки дар кори он намояндагони вазорату идораҳои ҷумҳурӣ, бахши хусусӣ, намояндагони ташкилотҳои байналмилалӣ ва сардорони воҳидҳои сохтории Хадамоти гумрук, иштирок намуданд.

Дар ҷаласаи мазкур баррасии масъалаҳои марбут ба амалисозии Барномаи миёнамуҳлати рушди мақомоти гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2024, оид ба фаъолияти КВД «Равзанаи ягонаи барасмиятдарории гумрукии амалиётҳои воридотӣ, содиротӣ ва транзитӣ», муаррифии барномаи омӯзиши вертуалӣ аз ҷониби барномаи GIZ ва ҷамбасти натиҷаҳои ҷаласа, мавриди баррасии аҳли нишаст қарор дода шуд.

Ҷаласаро Муовини якуми Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Турсунзода Азим Ҳайдар кушода эълон намуд.

Турсунзода А.Ҳ. оид ба масъалаи якуми рӯзнома суханро ба полковники хадамоти гумрук Чиллаев Хуршед дода шуд. Номбурад вобаста ба раванди амалисозии “Барномаи миёнамуҳлати рушди мақомоти гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2024” рӯнамо пешниҳод намуда, оид ба корҳои анҷом дода шуда, дастовардҳо ва дигар масъалаҳои марбут ба амалисозии пурраи Барномаи мазкур суханронӣ намуд.

Сипас, вобаста ба масъалаи дуюми рӯзнома сухан ба директори КВД “Равзанаи ягона”, Файзуллозода Лочин дода шуд, ӯ доир ба фаъолияти Равзанаи ягонаи барасмиятдарории гумрукии амалиётҳои воридотӣ, содиротӣ ва транзитӣ” мухтассар суханронӣ намуд. Файзуллозода Л. бо истифода аз рунамо баромад намуда, доир ба фаъолияти КВД Равзанаи ягона суханронӣ намуд.

Доир ба масъалаи сеюми ҷаласа, ҷиҳати муаррифии барномаи омӯзишии вертуалӣ сухан ба намояндаи ташкилоти хамкориҳои байналмилалии Олмон (GIZ)-Зарина Нигматова дода шуд. Нигматова З. дар баромади худ аз ҳамкориҳои мутақобилан судманд бо Хадамоти гумрук суханронӣ намуда, ба ҳозирин видеонаворҳои вертуалии омӯзиширо пешниҳод намуд.

Баъд аз анҷоми баромадҳо иштирокчиёни ҷаласа ба музокира баромада, вобаста ба масъалаҳои баррасигардида саволҳои худро пешниҳод намуданд ва ба саволҳои худ ҷавобҳои қаноаткунанда гирифтанд.

Муовини якуми Сардори Хадамоти гумрук Турсунзода А.Ҳ. таклифу пешниҳодҳои аз тарафи иштикорчиён манзургардидаро қобили дастгирӣ шуморида, дар охир аз ҳамкории мутақобила бо иштирокчиён изҳори миннатдорӣ намуда, қайд кард, ки ҳамкориҳоро минбаъд низ, бо мақомоти иҷроия ва аҳли тиҷорат, хубтар ба роҳ монда, таҷрибаи кишварҳои пешрафта дар фаъолияти минбаъдаи Шӯро истифода бурда шавад.

Ҳадафи таъсиси Шуро ҳамчун мақоми ҷамъиятию машваратӣ, пеш аз ҳама дар асоси ҳамкории мутақобилаи мақомоти гумрук мусоидат бо аҳли тиҷорат ва саноат дар таҳия ва татбиқи сиёсати гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, таъмини ҳифзи манфиатҳои иқтисодии мамлакат ва ташкили шароитҳои мувофиқ барои фаъолияти соҳибкорӣ, такмили сохтори амалиёти содиротию воридотӣ ва ҷалб намудани сармояи хориҷӣ мебошад.

Ба ҳайати Шӯро намояндагони Хадамоти гумруки назди Ҳуқумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони дигар мақомотҳои ҳокимияти иҷроия, аҳли тиҷорат ва саноат дохил карда шудаанд.

Шӯро фаъолияти худро дар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрии ҳуқуқии Хадамоти гумрук, Низомнома ва регламенти кории Шӯро ба роҳ мемонад.

Тибқи банди 35-и Низомнома дар бораи Шӯрои ҷамъиятию машваратӣ доир ба фаъолияти гумрукӣ ҷаласаҳои Шӯро мунтазам гузаронида мешаванд.

Маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

sh9
sh8
sh7
sh6
sh5
sh4
sh3
sh2
sh1

Суроға: хиёбони Бухоро-50|
Ҷумҳурии Тоҷикистон|
ш. Душанбе|

(Cуроғаи почтаи электронии
Маҷаллаи "Гумрук")
info.gumruk@yandex.ru

Агар хоҳед, ки ҳамеша аз хабару эълонҳои нав огоҳ бошед, дар сомонаи мо обуна шавед: