21 ноябри соли 2022 ҳайати намояндагони миссияи Бонки Ҷаҳонӣ ба Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварданд. Меҳмононро Муовини якуми сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-майори хадамоти гумрук, Турсунзода Азим Ҳайдар ба ҳузур пазируфт. Ҳайати мазкурро Дениел Саславский — иқтисодчии Бонки Ҷаҳонӣ роҳбарӣ намуд.
Ҷонибҳо доир ба татбиқи самараноки масъалаҳои марбут ба содагардонии расмиёти савдо, логистика ва транзити байналмилалӣ ва нақши онҳоро дар рушди иқтисодиёти миллӣ, суръатбахшии амалиётҳои гумрукӣ ва афзоиши гардиши тиҷорати хориҷиро мавриди баррасӣ қарор намуданд.
Муовини якуми сардори Хадамоти гумрук Турсунзода Азим Ҳайдар ҷиҳати муҷаҳҳаз гардонидани Дидбонгоҳҳои наздисарҳадии гумрукӣ бо таҷҳизотҳои муосире, ки дар давлатҳои пешқадам, аз ҷумла Аврупо истифода мешаванд, таклифу пешниҳод намуд.
Дар навбати худ намояндагони Бонки Ҷаҳонӣ иброз намуданд, ки ҳалли пешниҳодоти матраҳшуда пас аз омӯзиш ва арзёбии идораи таваккал дар самти фаъолияти гумрукӣ, мавриди баррасӣ қарор хоҳанд гирифт.
Маврид ба зикр аст, ки дар мулоқот инчунин, масъалаҳои барномаи рушди мақомоти гумрук, рақамикунонии расмиёти савдо, транзити байналмилалӣ, монеаҳо ҳангоми интиқоли молу воситаҳои нақлиёт, идоракунии ҳамоҳангшудаи сарҳад ва барномаи муосир дар самти фаъолияти гумрукӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Дар фарҷоми мулоқот ҷонибҳо ҳамкориҳо дар самти фаъолияти гумрукиро аввалиндараҷа шуморида, ба рушд ва тақвияти ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷониба омодагии хешро иброз намуданд.
Ёдовар мешаем, ки дар вохӯрӣ ҳамчунин, мутахассиси соҳаи гумрук - Мишел Жарноветския, иқтисодчӣ - Саумя Митра, сардори Раёсати ташкили назорати гумрукӣ - Шарипов Ҷовидон, сардори Раёсати ҳамкориҳои байналмилалии гумрукӣ - Мирзошоева Сулҳия, сардори Маъмурияти СИАЯ - Қурбонов Султонмурод, ҳамоҳангсози Лоиҳаи БРАМОМ - Зарфизода Парвиз, сарнозири Раёсати ҳамкориҳои байналмилалии гумрукӣ - Бадалов Аҳмад ва нозири Раёсати ҳамкориҳои байналмилалии гумрукӣ - Раҳмонов Абубакр, ширкат варзиданд.
Маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон