Санаи 29 ноябри соли 2022, дар бинои дастгоҳи марказии Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти навбатӣ бо иштироки Муовини якуми сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-майори хадамоти гумрук - Турсунзода Азим Ҳайдар ва гурӯҳи Бонки умумиҷаҳонӣ вобаста ба дастгирии татбиқи марҳилаи чоруми Барномаи “Беҳтар намудани роҳҳои алоқаи минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ” (БРАМОМ-4) баргузор гардид.
Ёдовар бояд шуд, ки имрӯз Хадамоти гумрук қисмати 3-и Лоиҳаи БРАМОМ-4 татбиқ менамояд, ки аз ҷониби Бонки Умумиҷаҳонӣ маблағгузорӣ шуда истодааст.
Вобаста ба ин, мақсади асосии баргузории миссия, аз баррасии рафти умумии татбиқи Лоиҳа, шиносоӣ ба ҳолати ҷории идоракунии молиявӣ, амалигардонии равандҳои харид, инчунин муҳокима ва мувофиқа намудани фаъолиятҳо барои тезонидани амалигардонии Лоиҳа иборат буд.
Миссияи Бонки Умумиҷаҳониро ҷаноби Муҳаммад Зулфиқор - муҳандиси калони нақлиёт ва Роҳбари гурӯҳи Лоиҳа бо ҳамроҳии ҷаноби Абдулҳамид Халилӣ - мутахассис оид ба нақлиёт ва Роҳбари даста ва ҷоноби Сатя Прасад Саху - мутахассиси калон оид ба масъалаҳои соддагардонии расмиёти савдо роҳбарӣ намуданд.
Зимни мулоқот, Турсунзода Азим Ҳайдар қайд намуданд, ки дастоварди назаррас аз миссияи охирини Бонки Умумиҷаҳонӣ (майи соли 2022), ба имзо расидани Созишнома бо Конференсияи Созмони Миллали Муттаҳид оид ба Савдо ва Рушд “UNCTAD” санаи 22 июни соли 2022 ва мутаносибан оғози фаъолияти онҳо дар Тоҷикистон мебошад. Инчунин, имрӯз алакай дар серверҳо шакли санҷишии системаи АСИКУДА насб карда шуда, корҳо дар самтӣ омӯзиши бизнес-равандҳо ба роҳ монда шудааст.
Илова бар ин, масъалаҳои ҷорӣ оид ба самтҳои асосии фаъолият дар доираи Қисмати 3, аз ҷумла навсозии платформаи ТИК-и гумрукӣ, таҳкими иқтидори институтсионалӣ ва захираҳои кадрӣ дар Хадамоти гумрук, навсозии таҷҳизоти техникӣ барои назорати сарҳадии интиқоли бор ва мусофирон баррасӣ шуданд.
Дар мулоқот ҳамчунин роҳбарони сохторҳои калидии Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мушовирони Гурӯҳи татбиқи Лоиҳа ширкат варзиданд.