ХАДАМОТИ ГУМРУКИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Чорабини тантанавӣ бахшида ба ҷашни 30-солагии қабули Парчами давлати Ҷумҳурии Тоҷикистон

24 ноябри соли 2022 дар маҷлисгоҳи Хадамоти гумрук Рӯзи парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил карда шуд. Дар маҷлиси тантанавӣ роҳбарият ва кормандони мақомоти гумрук ширкат варзиданд.

Муовини якуми сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-майори хадамоти гумрук Турсунзода Азим Ҳайдар, ворид намудани Парчами давлатро ба маҷлисгоҳ амр намуда, маҷлиси тантанавиро бахшида ба Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон кушода эълон кард, ки бо садо додани Суруди миллӣ чорабинии тантанавӣ ҳусни оғоз пайдо намуд.

Сипас, Муовини якуми сардори Хадамоти гумрук Турсунзода Азим Ҳайдар бо ин ҷашни пуршукӯҳи миллӣ аз номи роҳбарияти Хадамоти гумрук табрику таҳният гуфта, иброз дошт, ки Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз рамзҳои муҳимми давлатӣ ба шумор рафта, боиси ифтихори ҳар яки мо мебошад.

Зимни суханронии Турсунзода Азим Ҳайдар қайд намуд, ки давлатеро бо мақоми мустақилият ва соҳибихтиёрӣ бе доштани нишонаҳои давлатдорӣ ва ё рамзҳои давлатӣ тасавур кардан номумкин аст.

Ҳамин аст, ки аз ибтидои ба даст овардани Истиқлолият дар Тоҷикистони ҳанӯз шӯравӣ, оғози даҳсолаи охири асри гузашта, андешаи қабули рамзҳои давлатӣ ба миён омада, ҳатто бо қарори мақоми олии намояндагӣ ва қонунгузор – Шӯрои Олӣ озмуни омода намудани рамзҳои давлатӣ эълон шуда буд.

Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки имрӯз ҳамчун як рамзи давлатӣ эътироф гаштааст, албатта, дар як заминаи хушку холӣ ба миён наомада, балки аз сарчашмаҳои хеле зиёди фарҳангӣ дар иртибот ба омода кардани он истифода шудааст. Парчами Тоҷикистон дар Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон моҳи ноябри соли 1992 қабул гардид ва пӯшида нест, ки дар таҳия ва пешниҳоди он олимон ва аҳли фарҳанг назари худро пешниҳод кардаанд. Парчами давлатӣ бо рангҳои хеле зебо таҷассум ёфта, ифодагари тамоми таъриху тамаддуни мардуми мо аст.

Ин буд, ки дар асоси муқаррароти моддаи 3-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Парчам дар баробари Нишон ва Суруди миллӣ аз рамзҳои давлатӣ маҳсуб шуд. Санаи 11 декабри соли 1999 бошад, бо Қарори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Низомнома дар бораи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шуд ва дар банди аввалини он омадааст: «Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рамзи истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад».

Тамоми муқаддасоте, ки дар Ватани мо ҳаст, ҳам муқаддасоте, ки ба фарҳанг алоқаманданд, ҳам ба гузаштаи пурифтихор ва ҳам ба имрӯзи мо, ҳама дар ҳамин ҷумла нуҳуфта аст, яъне Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар радифи Нишон ва Суруди миллии Тоҷикистон, пеш аз ҳама, рамз аст - рамзи давлатӣ.

Бояд гуфт, ки рамзҳо хеле муқаддас мешаванд ва дар баробари ин он аломату рангҳое, ки дар Парчами Тоҷикистон интихоб шудаанд, ҳар кадоме мазмуну муҳтавои амиқ доранд, ки дар онҳо агар аз як тараф гузаштаи кишвари мо, яъне принсипи таърихият ба эътибор гирифта шуда бошад, аз тарафи дигар меросбарии арзишҳои фарҳангию ахлоқӣ, маънавию илмӣ ва арзишҳои дигаре, ки дар гузашта мавҷуд буданд ва мо то ба имрӯз ба онҳо арҷ мегузорем, ифода ёфтаанд.

Парчами давлатии ҳар як кишвар рамзи қудрату тавоноӣ ва нурҳои ақлонии фарҳангии ҳамон кишвар аст, ин як рамзи бисёрмаъно буда, он ба воситаи муқоиса дар ақли инсон дарк мешавад. Он тасвири рангҳо, тоҷ ва ҳафт ситорае, ки дар Парчами давлатии мо акс ёфтаанд, мазмунҳои зиёдеро дар худ таҷассум кардаанд.

Аммо ба таври амиқи тасдиқшуда ранги сурх дар парчам ин мубориза ва ҷоннисориҳои халқ баҳри озодӣ ва истиқлолият, ранги сафед - бахту иқболи сафед ва покизагӣ буда, ранги сабз - саъю кӯшиш ва заҳмату меҳнати сокинон баҳри сарсабзу хуррам гардонидани Ватанамон мебошад. Тасвири тоҷ дар парчам - ин нишон аз соҳибдавлатӣ ва мустақилияти кишвар буда, ҳафт ситора - ин ҳафт иқлим, ҳафт минтақаи Тоҷикистон, ҳафт ситораи бародарон, ҳафт қабати осмон, ҳафт рӯзро ифода менамоянд.

Парчами давлатӣ нахустин нишони муқаддаси ҳар кишвару ҳар халқ аст. Рамзи ҳувият, рамзи давлатдорӣ, рамзи ягонагии халқҳои як сарзамин. Парчами давлатӣ ифтихор, нанг, шарафи ҳар мамлакат ва сокинони он аст. Парчами давлатӣ симои сиёсии ҳар кишварро дар сатҳи ҷаҳонӣ таҷассум мекунад. Ҳусни ин симо, наҷобати ин симо, мазмуну мароми ин симоро нишон медиҳад.

Парчами зафару нусратҳои мардуми кишварамон ҳамаи моро ба сӯи ояндаи неку дурахшони Ватани азизамон ҳидоят менамояд.

Имрӯз мардуми сарбаланди тоҷик ин нишони садоқатро баланд бардошта, аз дурахши рангу ҷилои зебои он ифтихор мекунанд. Бо гузашти сӣ сол ин рамзи миллӣ ба мазҳари меҳанпарастӣ табдил ёфта, мардум ва махсусан, наврасону ҷавононро дар атрофи худ муттаҳид менамояд, ҳисси ватандӯстиашонро бештар мегардонад, умед ба ояндаи некро дар қалбашон қавӣ сохта, дар замири ҳар фарди миллат ҳисси эҳтиром ба истиқлолу озодии Тоҷикистони азизро тақвият мебахшад.

Парчами миллӣ бар болои иншооти азим, ташкилоту идораҳои давлатӣ, муассисаҳои фарҳангиву таълимӣ ва коргоҳу корхонаҳо барафрохта шуда, солҳои охир дар маркази шаҳру ноҳияҳои мамлакат даҳҳо майдони парчам бунёд гардиданд. Ҳоло майдонҳои парчам ба макони баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ ва ҳамоишҳои ватандӯстонаи шаҳрвандони кишвар, аз ҷумла ҷавонон табдил ёфтаанд.

Қобили зикр аст, ки ойини бостонии парчамдорӣ - аз дирафши ковиёнӣ то парчами имрӯзаи давлатӣ - дар тӯли таърихи дуру дарози тоҷикон имкон фароҳам овард, ки миллати сарбаланди мо таҳти ин рамзи ватандорӣ дар муқобили ҳама гуна таҳдидҳо истодагарӣ карда, мероси ғании ниёгон, арзишҳои бостонии миллӣ ва, дар маҷмуъ, ҳастии миллати худро ҳифз намояд.

Қабули Парчами давлатӣ дар вазъияти ниҳоят ҳассос – нахустин солҳои таърихи давлати ҷавону тозаистиқлоламон ба мардуми мо тавони тоза бахшид, эҳсоси миллиро такон дод, қувваҳои солими ҷомеаро муттаҳид сохт ва онҳоро нерӯ бахшид, ки таҳти парафшонии парчами давлати озоди худ сохтори конститутсиониро барқарор намоянд.

Нерӯҳои содиқ ба Ватану миллат маҳз зери Парчами давлатӣ сарҷамъ гардиданд ва дар кишвар сулҳу субот, иттиҳоди қавии кулли сокинони мамлакат таъмин карда шуд. Парчами миллӣ ба мо имкон дод, ки ба мазмуну моҳияти ҳаёти давлати худ бо диди нав назар андозем, ба таърихи гузаштаамон бо чашми ибрат нигоҳ кунем ва ба сӯи ояндаи дурахшони давлату миллат бо эътимоди қавӣ қадамҳои устувор гузорем.

Хушбахтона, имрӯзҳо мардуми шарифи Тоҷикистон ҷашни 30-солагии қабули Парчами давлати худро ба таври шоиста таҷлил ва зери парафшонии он ба сӯи ояндаи дурахшон бо итминон ҳаракат мекунад, - иброз дошт А. Турсунзода.

Пас аз сухани табрикии Муовини якуми сардори Хадамоти гумрук, инчунин, якқатор командони ҷавони ин ниҳод дар навбати худ ба сухан баромада, доир ба моҳияти таърихиву фарҳангӣ ва эҳтирому арҷгузорӣ ба ин рамзи нангу номуси ватандорӣ суханронӣ намуданд.

Дар фарҷом Муовини якуми сардори Хадамот, Азим Турсунзода бори дигар ҳамаи ҷамъомадагонро бо ин Ҷашни фархунда табрику шодбош гуфта, ба хонадонашон бахту иқбол ва ба давлати соҳибистиқлолу озодамон амнияту осоиш ва рушди устуворро таманно намуданд.

 Маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

sh9
sh8
sh7
sh6
sh5
sh4
sh3
sh2
sh1

Суроға: хиёбони Бухоро-50|
Ҷумҳурии Тоҷикистон|
ш. Душанбе|

(Cуроғаи почтаи электронии
Маҷаллаи "Гумрук")
info.gumruk@yandex.ru

Агар хоҳед, ки ҳамеша аз хабару эълонҳои нав огоҳ бошед, дар сомонаи мо обуна шавед: