4 ноябри соли 2022 дар толори маҷлисгоҳи Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба таҷлили 28-умин солгарди Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-лейтенанти хадамоти гумрук Каримзода Хуршед Абдураҳмон ва ҳайати шахсии дастгоҳи марказии Хадамоти гумрук ҷамъомади тантанавӣ доир гардид.
Ҷамъомадро Сардори Хадамоти гумрук Каримзода Хуршед ҳусни ифтитоҳ бахшида, аз ҷумла иброз дошт, ки: - Бисту ҳашт сол пеш, яъне 6 ноябри соли 1994 шаҳрвандони Тоҷикистон тавассути раъйпурсии умумихалқӣ санади сарнавиштсозеро қабул намуданд, ки он асоси рушди минбаъдаи давлатдории тоҷикон гардид.
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади сиёсӣ-ҳуқуқӣ, ҳуҷҷати сарнавиштсозу ифодагари азму ирода ва нияту ормонҳои халқи Тоҷикистон буда, бобати эҳтиром ва арҷгузорӣ ба ин санади олии ҳуқуқӣ, маҳз дар асоси ҳуқуқи ташаббуси қонунгузории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Қарори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 майи соли 1998 ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» 6 ноябр Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар гардид.
Бинобар ин мехоҳам, пеш аз ҳама, шумо ва дар симои шумо тамоми мардуми шарифи кишвар ва ҳамватанони бурунмарзиро ба ин муносибат, аз номи роҳбарияти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, самимона табрику таҳният гӯям.
Боиси фараҳмандист, ки ҳамасола халқи Тоҷикистон 6 ноябрро ҳамчун иди умумихалқӣ бо шаҳомати хос ҷашн мегиранд, зеро қабули Конститутсия ба марҳилаи навбатии рушду инкишофи Тоҷикистон оғози тоза бахшид.
Конститутсия ҳамчун дастоварди бузургтарини даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон заминаҳои ҳуқуқии бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявии тоҷиконро фароҳам оварда, шакли олии ифодаи ҳуқуқии давлатдории миллӣ, ҳимояи манфиатҳои миллӣ ва ҳифзи ҳуқуқи ҳар як шаҳрванди мамлакат мебошад.
Бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ қабул шудани Конститутсия нишонаи ҳисси баланди масъулиятшиносии шаҳрвандони мо нисбат ба ояндаи худ, тақдири минбаъдаи давлат ва миллат гардид. Гузашта аз ин, чунин тарзи қабули Конститутсия собит сохт, ки дар Тоҷикистон воқеан ҳам халқ баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатист. Раъйпурсии умумихалқӣ бошад, ифодаи олии бевоситаи ҳокимияти халқ аст.
Қабули Конститутсия имкон дод, ки дар мамлакат сулҳу субот барқарор шуда, ҳаёти ҷомеа ба маҷрои осоишта равона карда шавад, қонунияту тартибот барқарору ҳукмрон гардад ва дар ин замина барои рушди соҳаҳои иқтисодиёт, иҷтимоиёт ва фарҳангу маънавиёт шароити мусоид ба вуҷуд оварда шавад.
Дар Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол: - инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯ арзиши олӣ; - ҳаёт, қадр, номус ва дигар ҳуқуқҳои инсон дахлнопазир; - эътироф, риоя ва ҳифз намудани ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд масъулияти давлат эълон гардидаанд.
Аз ҷониби халқи Тоҷикистон пазируфта шудани роҳи эъмори давлати демокративу ҳуқуқбунёд ва дунявию иҷтимоӣ барои бунёди ҷомеаи адолатпарвар заминаҳои воқеии ҳуқуқӣ гузошт.
Марому мақсади халқи Тоҷикистон, ҳадафҳо ва нақшаҳои стратегии давлат, ки дар Конститутсия эълон шуда буданд, дар як муддати кӯтоҳ аз тарафи ҷомеаи ҷаҳон пазируфта шуданд, зеро онҳо бо арзишҳо ва ҳадафҳои ҷомеаи мутамаддини башарӣ мутобиқ мебошанд.
Имрӯз мо ифтихор мекунем, ки Тоҷикистон узви комилҳуқуқи ҷомеаи башар мебошад ва ба сӯи пешрафту тараққиёт бо қадамҳои устувор пеш меравад.
Бо мақсади таъмин намудани рушди бемайлону устувори ҷомеа ва амалӣ гардонидани ҳадафҳои стратегии халқи тоҷик солҳои 1999, 2003 ва 2016 ба Конститутсия тағйироти зарурӣ ворид карда шуданд, ки дар натиҷа ин санади тақдирсоз боз ҳам мукаммал гардид, хусусан, рукнҳои давлатдорӣ, ки заминаҳои зарурии ҳифзи истиқлолияти миллӣ, сулҳу субот ва ваҳдати миллиро таъмин мекунанд, таҳкиму тақвият пайдо карданд.
Бисту ҳашт соли амали Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон собит сохт, ки қонуни асосии зиндагии давлат ва ҷомеаи мо аз имтиҳони ҷиддии ҳаёт гузашт ва дурустии мақсаду вазифа ва арзишҳое, ки Конститутсия ба онҳо асос ёфтааст, исбот гардид.
Имрӯз сокинони кишвари мо ифтихор доранд, ки соҳиби Ватан ва давлати соҳибихтиёр мебошанд, Конститутсияи ҷавобгӯй ба орзуҳои мардумӣ доранд ва дар фазои сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ зиндагӣ мекунанд.
Сулҳу субот, рушду тараққиёт ва наҷоту нишоте, ки дар кишвари мо ба шарофати бузургтарин дастоварди миллат – Пешвои муаззами он, ҳамчунин дастовардҳои дигар, аз ҷумла Конститутсияи Тоҷикистон муяссар шудаанд, самимона ва фарзандона бояд гуфт, ки нодиранд.
Инчунин, командони Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар навбати худ ба сухан баромада, доир ба ин санади сарнавиштсози миллат ибрози назар намуданд.
Дар анҷом Каримзода Х.А. бори дигар, ҳамаи кормандони мақомоти гумрукро ба ифтихори фарорасии ҳамин сана – Рӯзи Конститутсия шодбош гуфта, ба онҳо бахту иқболи нек ва ба кишвари азизамон пешрафти рӯзафзун орзу намуда, иброз намуданд, ки - меъёри мавриди таваҷҷуҳ муқаррароти моддаи 100 мебошад, ки дар робита ба моддаи 1 Конститутсия қабул шудааст.
Чунончи, тибқи талаботи моддаи 100 Конститутсия шакли идораи ҷумҳурӣ, тамомияти арзӣ, моҳияти демократӣ, ҳуқуқбунёдӣ, дунявӣ ва иҷтимоии давлат тағйирнопазир эълон шудаанд. Яъне, мардуми шарифи Тоҷикистон саодати имрӯзу фардои худро дар муҳтавои ин меъёр амиқан ва дақиқан дарк намуда, бо виқор ва устувор ба пеш қадам мезанад, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ шоҳиди самараҳои аввалини он дар рӯзгори мову шумо шудааст.
Маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон