ХАДАМОТИ ГУМРУКИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Ташрифи намояндагони Сафорати Туркия ба Хадамоти гумрук

27 октябри соли 2022 ба Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон атташеи навтаъиншудаи тиҷоратии Сафорати Туркия дар Тоҷикистон Мустафо Ишик ташриф овард.

Мустафо Ишикро сардори Раёсати ҳамкориҳои байналмилалии гумрукӣ Мирзошоева Сулҳия Ҳошимовна ба ҳузур пазируфт.

Дар вохӯрии мазкур ҷонибҳо дар бораи ҳамкориҳои дуҷонибаи гумрукӣ ва сохтори мақомотҳои гумрукӣ Тоҷикистону Туркия мубодилаи афкор намуданд.

Маврид ба зикр аст, ки масъалаи ҳамкориҳои тарафайн дар чаҳорчӯбаи ҷаласаи ёздаҳуми Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистону Туркия оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ мавриди баррасии тарафҳо қарор дода шуда, ҷонибҳо ҷиҳати мустаҳкам намудани ҳамкориҳои судманд низ ишора намуданд.

Ҳамчунин, ҷонибҳо ҳалли масъалаҳои болозикрро муҳим арзёбӣ намуда, барои татбиқи онҳо бо дарназардошти манфиатҳои миллии тарафҳо ибрози омодагии хешро зоҳир намуданд.

Инчунин, дар вохӯрии мазкур, Низом Азизов мушовир ва ҳамоҳангсози барнома ва кормандони масъули Хадамоти гумрук иштирок намуданд.

Маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

sh9
sh8
sh7
sh6
sh5
sh4
sh3
sh2
sh1

Суроға: хиёбони Бухоро-50|
Ҷумҳурии Тоҷикистон|
ш. Душанбе|

(Cуроғаи почтаи электронии
Маҷаллаи "Гумрук")
info.gumruk@yandex.ru

Агар хоҳед, ки ҳамеша аз хабару эълонҳои нав огоҳ бошед, дар сомонаи мо обуна шавед: